Тафсифи умуми географии Тоҷикистон

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 14 Мая 2014 в 13:10, реферат

Краткое описание

1. Мавқеи географй Тоҷикистон.
2. Ҳудуди Тоҷикистон
3. Тақсимоти сиёсию маъмурй Тоҷикистон.

Вложенные файлы: 1 файл

Географияи Точикистон.docx

— 26.07 Кб (Скачать файл)

Тафсифи умуми географии Тоҷикистон.

 

Нақша:

 

  1. Мавқеи географй Тоҷикистон.
  2. Ҳудуди Тоҷикистон
  3. Тақсимоти сиёсию маъмурй Тоҷикистон.

 

     Тољикистон  дар байни арзҳои 360-  401  ва 410 -051 – и шимолй ва тўлҳои 670 – 311 ва 750- 141 –и шарқй, дар қисми љануби шарқии кўҳсори Осиёи Миёна воқъ гардидаанд. Тољикистон яке аз љумҳуриҳои љанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мебошад (Фақат баъзе ноҳияҳои Туркманистон аз он љанубтар љой гирифтаанд).

   Нуқтаҳои канории чумҳурй: шимолй – дар қаторкўҳҳои Қурама, чанубй – дар води дарёи Панч, Ғарбй – қаторкўҳҳои Зарафшон, шарқй – дар қаторкўҳҳои Сарикўл. Точикистон дар минтақаи мўътадил, дур аз баҳру уқёнусҳо чой гирифта аст: дар ҳамвориҳои он шароити биёбон ҳукмфармост. Дар Ғарб  ба ҳудуди љумҳурй биёбону нимбиёбонҳои пасти Тўрон даромадаанд, ки тадриљан ба талу кўҳдоманҳо  бадал мешавад. Дар Шарқ ҳудуди он ба кўҳҳои осмонбўс ва пушткўҳҳои Осиёи Марказй мувофиқ омада, аз Ғарб ба Шарқ 700км тўл кашидааст. Дар қисми марказй он нисбатан борик (то 350 км) буда, дар шимоли ғарб барљастагии дарозрўя дорад.

   Масоҳати Тољикистон 143,1 ҳазор км2 аст. Ин аз масоҳати якљояи Юнон, Португалия ва Австрия барин давлатҳо зиёд мебошад. Аз љиҳати масоҳат Точикистон дар байни чумҳуриҳои Осиёи Миёна (11 фоизи масоҳат) љойи чорумро ишғол мекунад.

Вобаста  ба мавқеи географй, марзи кунунии Тољикистон ниҳоят печ дар печ буда дар замони Иттиҳоди Шўравй ташаккул ёфтааст. Аммо дар ин давра он вобаста бо баъзе фикру ақидаҳои миллй ва сиёсию иқтисодй якчанд маротиба тағир ёфтааст: 14 октябри соли 1924 иптидоан дар асоси ҳуқуқи ҳудмуайянкунии миллатҳо Тољикистон дар ҳайати Љумҳурии Ўзбекистон ҳамчун љумҳурии худмухтори таъсис ёфт. Сипас 16 октябри соли 1929 аз ҳайати Ўзбекистон баромада, љумҳурии Сотсиалистии Тољикистонро ташкил намуд ва худи ҳамон сол ба ҳайати собиқ СССР ҳамчун Љумҳурии Иттифоқй шомил гардид. Пас аз пош хўрдани собиқ Иттиҳоди Шўравй 7 ноябри соли 1991 аз ҳайати Иттиҳоди Шўравй баромад. Ҳоло ҳар сол 9 сентябр ҳамчун рўзи истиқлолияти Љумҳурии Тољикистон  љашн гирифта мешавад. Дар айни замон масофаи умумии марзи Тољикистон 3000 км –ро ташкил менамояд. Аз љумла дар масофаи 1180 км бо Ўзбекистон, 1030 км бо Афғонисто, 430 км бо Љумҳурии Халқии Чин ва 630 км бо Љумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Дар шарқ марзи љумҳурй бо Чин қаторкўҳҳои Сарикўл мегузарад.

      Марзи љануби љумҳури соли 1895 муқаррар карда шудааст, ки он ба чараёни дарёҳои Плмир, Панч ва Амударё мутобиқ буда, Тољикистонро аз Афғонистон чудо менамояд. Аз тарафи ғарб ва шимол Тољикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Он соли 1925 муқаррар гардида буд, ки дар он вақт Тољикистон ҳамчун Љумҳури Худмухтор ба ҳайати Ўзбекистон шомил буд. Соли 1929, вақте, ки Тољикистон Љумҳурии Иттифоқй эълон гардид, собиқ округи Хуљанд, ки аҳолии онро асосан тољикон ташкил менамуданд ба ҳайати Тољикистон шомил гардид. Мутобиқан ба ин марзи Тољикистон бо Ўзбекистон ва Қирғизистон тағир ёфт.

   Мувофиқи системаи идоракунии маъмурй, ки онро Констутсия мамлакат (Сарқонун) муқаррар намудааст, қаламрави он ба шабақаи воҳидҳои сиёсию маъмурй тақсим карда шудааст, ки онро тақсимоти сиёсию маъмурй мегўянд. Хусусияти онро шароити иқтисодию ичтимой ва ҳокимяти сиёсии давлат муаян менамояд. Дар  шароити давлати демократй, ҳуқуқбунёди дунявй тақсимоти сиёсию маъмурй барои саривақт амалй гардонидани масъалаҳои иқтисодй, ичтимой нигаронида шудааст. Мутобиқан ба ҳалли масалаи тақсимоти сиёсю маъмурй дар давраи Иттиҳоди Шўравй соли 1939 дар ҳудуди Точикистон вилояти Ленинобод, Сталинобод, Кўлоб, Ғарм ва соли 1925 вилояти Худмухтори Бадахшони Кўҳй ташкил карда шудаанд. Дертар вилояти Қўрғонтеппа дар чануб ва вилояти Ўротеппа дар шимоли чумҳурй таъсис ёфтаанд.солҳои 1950 -1960 вобаста ба такмил додани корҳои ташкилю роҳбарии соҳтмон ва таъсиси Совнархозҳо зарурати барҳам хўрдани вилоятҳо ва муттаҳид намудани колхозҳо ва ноҳияҳои маъмурй ба миён омад. Маҳз дар ин давра дар тақсимоти сиёсию маъмурй чумҳурй тағироти чиддй даромад. Соли 1951 вилояти Сталинобод, соли 1955 вилоятҳои Кўлобу Ғарм ва соли 1963 Ленинобод барҳам дода шуд. Миқдри ноҳияҳои маъмурии поении низ кам карда шудаанд. Ин чорабинниҳо натичаи дилхох надоданд ва Совнархозҳоро барҳам доданд. Ин буд, ки соли 1970 вилояти Ленинобод, соли 1973 вилояти Кўлоб ва баъдтар вилояти Қўрғонтеппа ва як қатор ноҳияҳои маъмурй –поёни аз нав барқарор карда шуданд. Бади Истиқлолияти миллй вобаста ба сохти сиёсию иқтисодии пештрафтаи давлат дар шароити нав маъалаҳои нави сиёсй, иқтисодй, ичтимой, ҳарбй ва ташкилй ба миён омад. Ҳалли онҳо қисман такмил додани тақсимоти сиёсию маъмуриро талаб намуд. Аз ҳамин нигоҳ соли 1993 вилоятҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа муттаҳид карда шуданд ва он нми Хатлонро гирифт. Дар ин давра бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани рушди хоxагии халқи xумҳурй ва ба истеҳсолот наздик намудани роҳбарии ноҳияҳои маъмурй – поёнис, ки дар гузашта барҳам дода буданд, қисман аз нав барқарор карда шуданд. Ба номи бисёр ноҳияҳо, тамоюли миллй дода шуд. Дар айни замон дар чумҳурй ду вилояти маъмурй, ноҳияҳои тобеи марказ, як вилояти худмухтор, 57 ноҳияи маъмурии поенй, 22 шаҳр, 50 шаҳрак ва 280 чамоъа ташаккул ёфтанд.

Тољикистон 9 сентябри соли 1991 давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Баъди чанги шаҳрвандонй ва ваҳдати Тољикистон (27 июни соли 1997)  роҳи бунёд намудани давлати миллй, ҳуқуқбунёди демократй, шаҳрвандй, тамоюли ичтимоидоштаи иқтисодиёти бозоргониро пеш гирифта аст. Барои амалй гардидани ин мақсад пеш аз ҳама бунё два таҳким бахшидани давлати мустақил зарур буд. Ин масъала дар асоси омўзиш бо назардошти тачрибаи чаҳонй ба таври демократй ҳаллу фасл карда президенти мамлакат интихоб гардид . дар ҳудуди ҳамин сол ба тариқи раъйпурсии умумй ба Сарқонуни чумҳурй тағирот ва иловаҳо ворид карда шуд. Баҳори соли 2000 парламенти нави касбй интихоб гардид. Асосҳои низоми роҳбарии давлатй мувофиқи талоботи замон ва инкишофи демократия ба танзим дароварда шуд. Барои идора ва роҳбарй намудани соҳаҳои истеҳсолй ва ғайри истеҳсолй Вазорат ва Кумитаҳои давлатй ташкил ёфтанд. Дар як вақт сохтори сиёсию маъмурй такмил ва тағир дода шуд. Собиқ вилоятҳои Кўлоб ва Қўрғонтеппа ба ҳайати вилояти Хатлон ворид гардиданд. Дар ин давра вилояти Ленинобод номи вилояти Суғдро гирифт. Ҳамин тариқ ҳоло дар ҳайати Љумҳурии Точикистон вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи чумҳурй ва вилояти худмухтори Бадахшон таъсис ёфтанд ва дар харитаи сиёсию маъмурии мамлакат чой дода шуданд.

Ҳудуди давлатй низ, ки бо мамлакатҳои ҳамсоя Хитой (соли 1894 бо қаторкўҳи Сари Кўл) ва Афғонистон (соли 1895 бо дарёи Панч) аз сари нав аниқ карда шуд. 

Адабиёт :

  1. Муҳаббатов Х.М. Раҳимов М.Р. «Географияи Тољикистон» Душанбе «Маориф ва фарҳанг»  2011 с

 


Информация о работе Тафсифи умуми географии Тоҷикистон