Автор работы: Пользователь скрыл имя, 17 Ноября 2011 в 23:49, реферат
Раисиҷумҳури Русия бори дигар аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи Садовничий бознигарӣ шавад.
Дар нишасти хабарӣ дар Ҳонолулу дар поёни ҳамоиши сарони созмони Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (APEC) Дмитрий Медведев аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи халабони рус Владимир Садовничий, ки бо чанд иттиҳом ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст, бознигарӣ шавад.
Салими Аюбзод
Раисиҷумҳури Русия бори дигар аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи Садовничий бознигарӣ шавад.
Дар нишасти
хабарӣ дар Ҳонолулу дар поёни
ҳамоиши сарони созмони
Раисиҷумҳури
Русия гуфт, агар паём шунида
нашавад, рӯйдоди Қӯрғонтеппа
наметавонад, ба муносибатҳои байни
ду кишвар таъсир нагузорад.
Вай боздошт
ва ихроҷи шаҳрвандони
Медведев дар
бораи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони
тоҷик
Медведев
гуфт: «Агар одамоне ёфт шудаанд,
ки дар қаламрави Русия бе
иҷоза зиндагӣ мекунанд, пас бояд
онҳо ронда шаванд ё вазъи
ҳуқуқии онҳо дар дохили
Бар пояи
изҳороти Хадамоти муҳоҷирати
Русия то ҳоло 300 шаҳрванди Тоҷикистон
боздошт ва теъдоде аз онҳо
ихроҷ шудаанд. Вале бино бар
омори ғайрирасмӣ шумораи боздоштшудаҳо
метавонад ба маротиб бештар бошад.
Раҳбари бунёди
"Тоҷикистон" дар Маскав, Гавҳар
Ҷӯраева дар сӯҳбат бо шабакаи
телевизионии ИДМ "Мир" гуфт,
"амалиёти Хадамоти федероли
муҳоҷират ба воҳима сабаб
шуда, эҳсосоти бепаноҳии комили
онҳоеро низ ба вуҷуд овард, ки дар қаламрави
Русия ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд."
Созмонҳои
муҳоҷирони тоҷик дар Русия
талош доранд, зимни ин ҳаводис
бо ҳам муттаҳид шаванд ва
як маркази ягонаи иттилоотию
мусоидат ба беҳбуди вазъро
ташкил диҳанд. Дар сафорати Тоҷикистон
дар Русия кумиссюни махсус таъсис ёфтааст,
ки қарор аст, равандро шабонарӯзӣ дунбол
кунад. Шумораи телефонҳои тамос дар торнамои
сафорат нашр шудаанд.
МУЛОҚОТ БО САФИРИ
ТОҶИКИСТОН
Дар ҳоле
ки созмонҳои миллатгарои
Бино бар
иттилои дафтари матбуоти
Сафири Тоҷикистон
гуфт, нигаронии Маскавро ба
ТАЪСИСИ ГУРӮҲИ
"ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ"
Фишор ба
муҳоҷирони тоҷик дар Русия
ангезаи таъсиси «Гурӯҳи
Дар изҳороти
ин ҷамъият, ки шоми 14-уми ноябр
мунташир шуд, муассисони он
гуфтаанд: «муҳоҷирони меҳнатии
Тоҷикистон дар қазияи рухдода
набояд чун аҳроми фишор истифода шаванд
ва мавриди зарбаи ҳамаҷониба қарор бигиранд.
Аз ин хотир, Гурӯҳ аз журналистон ва ҷомеаи
шаҳрвандии Русия даъват ба амал меорад,
ки ба пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат
намоянд. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат
таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити
ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои
беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар
ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро
дорад.»
Муассисони
«Гурӯҳи мусоидат ба вазъи
муҳоҷирон», ки ба он ҳунарманд
ва коргардони шинохтаи тоҷик Барзу
Абдураззоқов сарварӣ мекунад, ҳамчунин
мегӯянд, барои ҳалли мушкил ҳанӯз на аз
ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода шудааст
ва корбурди ин захираҳо ба ҳамкории ҳамаи
тарафҳо марбут мешавад. Ҷамъияти нав
аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳо ва ҳамаи
онҳое, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд
даъват кардааст, ки ба ин гурӯҳ ҳамроҳ
шаванд ва иродаи мардумиро ба миён гузоранд.
Дар бораи
маъракаи зидди муҳоҷирони
ВОКУНИШҲО ДАР
ХУДИ РУСИЯ
Бархе аз
коршиносон вазъиятеро, ки дар
байни Русия ва Тоҷикистон
ба миён омадааст, нокомии сиёсати
хориҷии Русия дар 20 соли охир
нисбати ҷамоҳири Шӯравии пешин номиданд.
Вале дар
ҳоле ки сиёсатмадорони
Вай гуфт,
ки муҳоҷирон дар ин қазия
қурбони ихтилофот шудаанд.
Муовини раиси
дафтари Дидбони ҳуқуқи башари
Русия, дар МаскавТатьяна
Каримҷон Ёров, раиси созмони ғайридавлатии Этмос дар Маскав, ки рӯзи якшанбе аз боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳраки Севернаяи Маскав дидан мекард, гуфт, боздоштшудагон ба андозае зиёданд, ки дар боздоштгоҳҳо барояшон ҷой намерасад. Вай таъкид кард, ки амалиёт танҳо зидди тоҷикон равона шуда, полис муҳоҷиреро, ки шаҳрванди Тоҷикистон, аммо намояндаи миллати қирғиз буд, озод кард, аммо тоҷиконеро, ки ҳатто дорои ҳама гуна асноди қонунӣ буданд, ба ҳабс гирифт.