Сиёсати ҳимоятии давлат барои худкифоии маҳсулоти дохилӢ

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Марта 2014 в 22:29, контрольная работа

Краткое описание

Мамлакатҳои ҷаҳон аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ, имконияти техникӣ ва захираҳои табиӣ бо ҳамдигар дар шароити баробари рушд ва инкишоф қарор надоранд. Аз ин лиҳоз сиёсати иқтисодӣ воҳиди роҳ ба масоба нусхаи шифобахши ҳамагонӣ низ наметавонад ба кор гиранд. Барои он иддае аз кишварҳое, ки дар ҳолати мусоиди рушд ва инкишоф қарор доранд, аъмоли сиёсати ҳимоявӣ ба хотири ташвиқ ва рушди саноати навташкили дохилӣ, мусоид сох-тани заминаи бештари шуғл, коҳиши бекорӣ, ҷамъоварии сармоя, ҳифзи манобеи дохилӣ, таъ-мин ва таҳкими иқтидори иқтисоди миллӣ, муътақид ба худ зарур аст.

Вложенные файлы: 1 файл

Некджу Дж.-т.DOC

— 259.00 Кб (Скачать файл)

Фарз кунед дар тавлиди як даста либос аз 80 доллар порчаи воридотӣ истифода шудааст. Илова бар ин фаразан қимати як даст либос бо вуҷуде тиҷорати озод дар сатҳи байналмилалӣ 100 доллар буда ва як таърифаи исми муодиле 10 дар сад % бар воридоти он гирифта шавад. Дар ин сурат қимати либос барои масрафкунандагони дохилӣ  110 доллар хоҳад шуд. 80 доллар аз ин 110 доллар хироҷи порчаи воридотӣ, 20 доллар арзиши афзуди дохилӣ ва 10 доллари низ таърифа бар воридот аст. 10 доллар хароҷоти дарёфти аз ҳар як порча воридоти аз як таърифаи исми 101 дар 100% дар даст омада зеро таърифаи исмӣ ба арзиш ё қимати амволи ниҳоӣ гирифта шуда аст ( )  ва дар ин мисол нархи таърифаи муассир 50 дар 100 % мебошад, зеро таърифаи муассирро аз арзиши афзудаи дохили нуоши аз воридот муҳосиба мекунад ( )

Аз назари масрафкунандагон афзоиши қимати либос ба андозаи  10 доллар аз асари вазъи таърифаи исми 10 % фоиз аҳамият дорад, вале аз назари тавлидкунандагон 10 доллар таърифа 50 дар 100 % аз арзиши афзудаи тавлиди дохила аст. Бинобарин дар дара-ҷаи ҳимояти муассир нисбат ба нархи таърифаи исми (10 % ) бештар аст, яъне 5 баробар нархи таърифаи исмӣ мебошад. Нархи таърифаи муассир аз назари тавлидкунандагон дорои аҳамият аст. Зеро боиси ташвиқи тавлидкунандагони дохилӣ ва афзоиши тавлиди либос дар дохил ҷиҳати рақобат бо воридот хоҳад шуд, аз  тарафи  дигар ҳарчи нархи таърифа бар воридоти маводи хом ва ниҳоди-ҳое, ки дар тавлиди амволи ивазкунандаи воридот аз онҳо истифода мешавад, коҳиш ёбад нархи  таърифаи нашр ҳимоятӣ низ аз нархи таърифаи исмӣ бештар хоҳад шуд.

Нархи таърифаи муассири ҳимоятиро метавон бо истифода аз формулаи поён  муҳосиба кард3.

g= нархи  таърифаи  муассир (нархи  муассири ҳимоятӣ) марбут бар  тавлидкунандагони  амволи нархҳо.

t= нархи  таърифаи  исми марбут ба масрафкунандагони  амфоли  нархҳои

ai= нисбати  хароҷоти  нархҳои воридотӣ (ки дар  тавлиди амволи ивазкунандаи воридот мавриди истифода қарор мегирад) ба қимати амволи ниҳоӣ дар сурати набудани  таърифа.

Ti= нархи таърифаи исмӣ дар нархҳои воридотӣ

Дар боло ки марбут ба порча  ва либос буд,

t=10%  ai= ва ti=0, буда лизо нархи таърифаи 50% хоҳад буд.

 ё 50%

Чунончи нархи таърифаи исмӣ дар воридоти маводи аввалия воридоти 5% бошад он гоҳ дорем: (1)

g= ё 30%

g= ё 10% маводи нархи таърифаи исмӣ

g= ё 30%

t=10%  ai= ва ti=0, буда лизо нархи таърифаи 50% хоҳад буд.

 ё 50%

Чунончи нархи таърифаи исми дар воридоти маводи авалия воридоти 5% бошад он гоҳ  дорем:

g= ё 30%

g= ё 10%  маводи  нархи  таърифаи исмӣ

g= ё 30%

 

 Арзёбиии назарияии  нархи таърифаи муосири ҳимоятӣ. Бо баррасии формулаи боло ва фавоиди истифода аз он метавон ба натоиҷи муҳими зер, ки марбут ба иртиботи миёнаи нархи таърифаи муосир ва нархи таърифаи исми моли ниҳоӣ аст, даст ёфт:

  1. Агар ai=0 бошад онгоҳ g=t хоҳад буд. Яъне нархи таърифаи муосир ҳамон нархи таърифаи исмӣ аст.
  2. Бо собит будани миқдори ai =ti харчи t бузургтар бошад g низ бузургтар хоҳад буд.
  3. Бо собит будани миқдор t ва ti, ҳарчи ai бузургтар бошад g бузургтар хоҳад буд.
  4. Чунончи, ti < t бошад онгоҳ g > t хоҳад буд  

ti = t бошад онгоҳ g=t хоҳад буд.

      ti > бошад онгоҳ g < t хоҳад буд.

Афзоиши нархҳои таърифа бо таваҷҷӯҳ ба дараҷаи табдили дохилӣ.

Ҷадвали 2. Сохтори таърифаи резиши ё коишдиҳанда

дар Амрико EEC ва Ҷопон.

 

Ҷопон

EEC

Амриков

       

t

G

t

g

t

g

Пахтаи хом

0,0

-

0,0

-

6,1

-

Риштаи пахта

8,1

25,8

7,0

22,8

8,3

12,0

Порчаи пахта

7,2

34,9

13,6

29,7

15,6

30,7

Порчаи пахта

0,0

-

0,0

-

18,2

-

Бодом

7,6

93,7

7,5

92,9

18,4

24,6

Руғани хоми бодом

10,1

324,8

15,0

186,4

22,0

64,9

Руғаи тасвияшудаи бодом.


 

1. A.J. Yeats, «Effective Tariff Protection in the United States, the European Economic Community, and Japan, «Ере Quarterly Review of Economics and Business, Summer 2002 p.47

 



Чунончи, дар ҷадвал нишон дода мешавад, ки Амрико, ҷомеаи иқтисоди Урупо ва Ҷопон ба рӯи воридоти пахтаи хом ва бодом ин тарифаи вазъ накардаанд, вале харҷи дараҷаи табдили моддаи воридоти бештар шуда таърифаҳо низ бузургтар ва бузургтар шудаанд. Дар натиҷа бо вуҷуди як сохтори таърифаи маҳаллӣ, ҳарчи дараҷаи табдиле дохилӣ бештар бошад нархи таърифаи муосири ҳимоятӣ низ бо 100%  бештаре нисбат ба таърифаи исмӣ рушд мекунад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки қабули таърифа бар ниҳодҳои воридоти мушобеҳи ивази андозҳо аз тавлидкунандагони дохилӣ аст, зеро боиси афзоиши масорифи тавлид, коҳиши нархи таърифаи муосири ҳимоятӣ (бо вуҷуди як таърифаи исмии собит) ва бинобар ҳамин коҳиши ангеза дар тавлид ва саноат дохил мешавад. Дар як хел маврид ҳатто бо вуҷуди як нархи таърифаи исмӣ нисбат бар молҳои ниҳоӣ, колаҳои камтари нисбат ба вазъияти тиҷорати озод дар дохили кишвар тавлид мешавад.

Возеъ аст, ки нархи таърифаи исмӣ метавонад бисёр гумроҳкунанда буда ва як меъёри дақиқ нишондиҳандаи низоми воқеъӣ ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ (колоҳои ҷойнишини воридот тавлид мекунанд) намебошад. Илова бар ин бештари кишварҳои саноатӣ аз як сохтори таърифаи марҳилаи бо таърифаҳои бисёр андак ва наздик барои маводи хом истифода мекунанд ва тадриҷ хароҷи дараҷаи табдили колаҳои воридотӣ бештар бошад нархи таърифа низ афзоиш меёбад.

Дар ин сурат мумкин аст нархи таърифаи муассири (фоиданок) ҳимояти барои як колои ниҳоӣ бо наҳодҳои воридотӣ беш аз як нархи таърифаи исмӣ шавад. Бештари нархҳои таърифаи муосири ё фоиданоки ҳимоятӣ дар кишварҳои саноатӣ марбут ба колоҳои корбар назири маснуот аст. Кишварҳои дар ҳоли тавсиа дар тавлиди ин колоҳо ё мазъияти мутлақ доранд ва ё ин, ки метавонанд суръати сареҳ ин афзалиятро касб намоянд. Зеро ин масъала дар киш-варҳои дар ҳоли тавсиа аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аз мафҳуми ҳимояти муассир бояд бо эҳтиёт истифода намоем, зеро ин мафҳум дорои моҳияти таодули ҷузъӣ аст. Ба хусус дар назария фарз шуда, ки қимматҳои байналмилалии колоҳо ва намуд-ҳои воридотӣ аз таърифа мутаассир намешавад. Ва ниҳодҳо низ бо як нисбати собит дар тавлид мавриди истифода қарор мегиранд. Эътиботи тамоми фарзиёти боло зери савол аст. Ба таври мисол: вақте дар асари қабулии тарифа қимати як ниҳоди воридотӣ барои тавлидкунандаи дохилӣ афзоиш меёбад, тавлидкунандагони дохи-лӣ ба эҳтимоли зиёд ниҳодҳои арзонтари дохилӣ ё воридоти арзонтарро ҷонишин мекунанд. Бо вуҷуди тамоми зарарҳо боз ҳам нархи таърифаи қабули ҳимояти бар нархи таърифаи исми бартарӣ дошта ва ба кӯмаки он беҳтар метавон дараҷаи ҳимояти мавриди ниёз ё дараҷаи ҳимоят аз тавлидкунандагони дохилӣ дар баробари қолабҳои рақиби воридотиро таъ-мин зад. Дар ҳоли ҳозир рӯз ба рӯз таваҷҷуҳи бештаре ба нархи таърифаи муосири ҳимоятӣ дар музокироти байналмилалӣ марбут ба таърифа мешавад. Формулаи болоро метавон ба беш аз 2 ё чанд ниҳоди воридотӣ ва табиатан чанд нархи таърифаи исмӣ  таъмим дод. Ин корро бо истифода аз маҷмуи (aiti) барои ҳар ниҳоди воридотӣ дар сурати каср ва маҷмуъ (ai) барои ҳар ниҳоди воридотӣ дар махраҷи каср анҷом медиҳем.

 

Таҷзия ва таҳлили таодули умуми  таърифа дар кишвари хурд

 

Дар ин қисмат бо истифода аз таъзия ва таҳлили таодули умумӣ ба баррасӣ ва мутолиа осори қабулии таърифа бар тавлид, масраф, тиҷорат ва рифо дар як кишвари хурд мепардозем ба тавре, ки бо шурӯи тиҷорат қиматҳои ҷаҳонӣ таҳти таъсир қарор намегирад. Дар қисмати бад фарзиёти худро канор гузошта ва як вазъияти воқеитар ва печидатар марбут ба як кишвари бузургро баррасӣ мекунем, ки бо шурӯи тиҷорати қиматҳо таҳти таъсир қарор мегирад.

 

Осори қабулии таърифа дар як кишвари хурд-таҷзия ва таҳлили тоодули умумӣ

 

Вақте, ки як кишвари хурд ба қабули таърифаи воридоти иқдом мекунад, ин амал ҳеҷ таъсире бар қиматҳои ҳоким бар Бозори ҷаҳонӣ он коло нахоҳад дошт. Ба ҳар ҳол қимати дохилии колаҳои ҷонишини воридот  барои тавлидкунандагон ва масрафкунандагони кишвари хурд ба андози миқдори таърифан афзоиш меёбад. Ҳарчанд қимати колаҳо ҷонишини воридот барои тавлидкунандагон ва масрафкунандагони кишвари хурд дақиқанд ба андозаи миқдори таърифа афзоиш меёбад. Вале аз ҷанбаи дигар қимат барои кишвари хурд бидуни тағйир боқӣ монда аст, зеро кишваре, ки таърифа кабул мекунад,  даромади ҳосил аз таърифа низ насиби худаш хоҳад шуд. Ба таври мисол агар қимати байналмилалии ҳар воҳиди колои ҷо-нишини воридот Pх=1$ бошад ва кишвари як таърифа бар арзиши модил 100% бар воридоти он коло вазъ кунад, тавлидкунандагони дохилӣ метавонанд бар рақобати худ бо колои воридотӣ то замоне идома диҳанд, ки қимати фуруши колои Х аз 2$ қиматтар накунад. Масрафкунандагон низ барои хариди ҳар воҳиди кола 2 $ мепардозанд, дар ин сурат ин кола дар дохил тавлид мешавад ё аз хориҷ ворид хоҳад шуд (фарз мекунем, ки колои воридоти комилан мушобехи колои тавлидшуда дар дохил аст) дар ҳар сурат чун кишвар қабулкунандаи таърифаи худ низ даромади онро ҷамъоварӣ мекунад, ва аз воридоти ҳар воҳиди кола 1$ таърифа арз мекунад, бинобар ин қимати колаи Х ба андозаи 1$ боқӣ мемонад.

Наздикии байни қимати колои чонишин воридот барои тавлидкундагон ва масрафкунандагон бо вуҷуди таърифахо ва қимати дохилӣ дар сатҳи калон (шомили таърифа буда ва дар ҳади қимати ҷаҳонӣ собит боқӣ мемонад)– ро метавон ба таври дақиқ бо истифода аз тачзия ва таҳлил ироя дод. Илова бар ин фарз мекунем, ки кишвари хурд, ки иқдом ба қабул кардани  таърифа, даромади ҳосил аз таърифаро ба сурати қабул кардани ҷуброни хисораи умумӣ ба масрафкунандагони дохили боз мегардонад. (Кӯмак ба мадорис ва омузиши парвариш, нархи интизомӣ) ва ё аз онҳо ба унвони навъи даромади молиёти истифода мекунад. Ба ин маъно, ки кишвари хурд молиёти камтари аз ҷомеъа дарёфт кунад вале бо истифода аз даромад таърифаи ҳамон хадамоти собиқро ба мардум ирсол намояд.

 

Тодули умуми қабул кардани таърифа дар кишвари бузург

 

Баррасии осор тодули умумӣ марбут ба қабул кардани таърифа дар кишвари бузург бо истифода аз пешниҳодҳо барроҳати имконпазир аст. Замоне, ки як кишвар таърифа қабул мекунад пешниҳоди он ба андози миқдори таърифа ба самти меҳвари колоҳои ҷонишини воридот интиқол меёбад. Зеро воридкунандагон барои ҷуброни таърифа дар андозаи як миқдори муайяни содирот бояд миқдори бештари кола ворид намоянд (мол)  фарзи бузург будани кишваре, ки таърифа ваза карда дар кишвари муқобил пешниҳод инъикос меёбад. Таҳти чунин шароит қабули таърифа аз си кишвари бузург боиси коҳиши ҳаҷми тиҷорат мешавад, вале робитаи мубодилаи ин кишвар беҳбуд меёбад. Коҳиши ҳаҷми тиҷорат ба танҳоӣ боиси коҳиш рифои кишвар мешавад, дар айни ҳол, ки беҳбуд дар робитаи мубодилаи он бидуни таъсир боқӣ мемонад ва дар натича рифои кишвари кучак хамеша коҳиш хоҳад ёфт.

 

Истихроҷи формулаи муосибаи нархи таърифа муосири ҳимоятӣ

 

Нархи таърифаи муосири ҳи-моятӣ 100% афзоиш дар арзиши маҳсулоти дохилӣ дар асари қа-булии таърифа андозагирӣ мекунад, ки бо формулаи зер муосиба мешавад.

g=V1-V

V

Ба тавре, ки g нархи муосири ҳимоятии таърифа.

V- арзиши махсулоти дохилӣ таҳти тиҷорати озод.

V1 –арзиши маҳсулоти дохилӣ бо қабулии таърифа бар воридоти колои ниҳоӣ ва ё воридотӣ ни-ҳодҳои мавриди истифода дар тавлиди дохилӣ мебошад.

Ин корро бо муосибаи V ва V1 бар асосии қимати байналмиллалӣ колаи ниҳоӣ таҳти тиҷорати озод ва ё бо вуҷуди маҳдудияти таърифа анҷом медиҳем.

Бинобар ин миқдори муосибашударо дар муодилаи боло қарор медиҳем ва пас аз сода кардан ба формула хоҳем расид.

Фарз кунед, ки қимати байналмиллалии як кола бо вуҷуди тиҷорати озод миқдори собит Р бошад (масъалан қимати воҳид либос дар як кишвари хурд). Илова бар ин фарз кунед, ки ниҳодаҳои воридоти назири пахта, тугма ва бо қимати собити Бозори ҷаҳонӣ вориди кишвар мешаванд ва дар тавлиди либос ва пушок мавриди истифода қарор мегирад. Масорифоти маҷмуи ниҳодҳои воридоти мавриди истифода дар тавлиди як воҳиди пушок таҳти тиҷорати озод ба сурати зер муосиба мешавад:

 

a1 p+ a2 p+…+an p=Σaip

 

Ба тавре, ки I нишондиҳандаи ҳар як аз ин  ниҳодаи воридоти ва дap масорифи воридоти ниҳодаи Σ ин дар тавлиди дохилии пушок аст.

Бинобар ин арзиши маҳсулоти дохили як воҳиди пушоки тавлидшуда дар кишвар тати тиҷорати озод баробар аст. Бо ҳимати собитаи байналмиллалии пушок дар тиҷорати озод маҷмуи масорифи тамоми ниҳоҳои воридоти ба тавауҳ ба қимати собити байналмиллалии онҳо дар тиҷорати озод.

V= P- Σaip = P(1-Σ ai)

Бо қабули таърифа бар воридоти пушок ва воридоти ниҳодҳои мавриди истифода дар тавлиди дохилии пушок, арзиши маҳсулоти дохили (V1) ба даст меояд:

Информация о работе Сиёсати ҳимоятии давлат барои худкифоии маҳсулоти дохилӢ