Сиёсати ҳимоятии давлат барои худкифоии маҳсулоти дохилӢ

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Марта 2014 в 22:29, контрольная работа

Краткое описание

Мамлакатҳои ҷаҳон аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ, имконияти техникӣ ва захираҳои табиӣ бо ҳамдигар дар шароити баробари рушд ва инкишоф қарор надоранд. Аз ин лиҳоз сиёсати иқтисодӣ воҳиди роҳ ба масоба нусхаи шифобахши ҳамагонӣ низ наметавонад ба кор гиранд. Барои он иддае аз кишварҳое, ки дар ҳолати мусоиди рушд ва инкишоф қарор доранд, аъмоли сиёсати ҳимоявӣ ба хотири ташвиқ ва рушди саноати навташкили дохилӣ, мусоид сох-тани заминаи бештари шуғл, коҳиши бекорӣ, ҷамъоварии сармоя, ҳифзи манобеи дохилӣ, таъ-мин ва таҳкими иқтидори иқтисоди миллӣ, муътақид ба худ зарур аст.

Вложенные файлы: 1 файл

Некджу Дж.-т.DOC

— 259.00 Кб (Скачать файл)

 


 


Таҷрибаи хориҷӢ

 

Некҷӯ Ҷ.

 

 

Сиёсати ҳимоятии давлат барои   худкифоии

маҳсулоти дохилӢ

 

 



Мамлакатҳои ҷаҳон аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ, имконияти техникӣ ва захираҳои табиӣ бо ҳамдигар дар шароити баробари рушд ва инкишоф қарор надоранд. Аз ин лиҳоз сиёсати иқтисодӣ воҳиди роҳ ба масоба нусхаи шифобахши ҳамагонӣ низ наметавонад ба кор гиранд. Барои он иддае аз кишварҳое, ки дар ҳолати мусоиди рушд ва инкишоф қарор доранд, аъмоли сиёсати ҳимоявӣ ба хотири ташвиқ ва рушди саноати навташкили дохилӣ, мусоид сох-тани заминаи бештари шуғл, коҳиши бекорӣ, ҷамъоварии сармоя, ҳифзи манобеи дохилӣ, таъ-мин ва таҳкими иқтидори иқтисоди миллӣ, муътақид ба худ зарур аст.

Яке аз назариёти муътабар, ки дар баҳси ҳимоят ва таҷзия ва таълим  ба баррасии иқтисод баста ва марбут мешавад, назарияи ҳимоят аз саноати навташкил аст. Ин назария мегӯяд, ки як кишвар мумкин аст дар як мол бартарии нисбӣ дошта бошад. Вале ба иллати набудани дониши фаннии аввалия ва сатҳи пасти тавлид ин саноат наметавонад дар кишвар роҳандозӣ шавад ва ё дар сурати роҳандозӣ наметавонад бо тамоми фабрикаҳо таъсис шуда дар хориҷ, рақобати муваффақе дошта бошад. Ҳадафи аслии ҳимояти тиҷоратӣ муваққат ба манзури таъсис, роҳандозӣ ва ҳимоят аз саноати дохилӣ дар даврони навташкилӣ аст, то ҷое ки бо дастёбӣ ба сарфаҷӯиҳо дар миқёс ва афзалияти нисбии зиёдмуддат ин саноат битавонад бо тамоми фабрикаҳои хориҷӣ ба рақобат бипардозад. Ба таври мисол агар як саноати навташкил дорои сарфаҳои иқтисоди ҷонибӣ бошад, яъне манофеи зиёде барои ҷомеа эҷод кунад, ба таври мисол бо омӯзиши коргарон ва касби маҳорати фаннӣ тавассути онҳо, коргарон ба тамоми санои бо короӣ бештар хоҳанд рафт. Дар ин суръат эҳтимолан сармоягузорӣ камтар аз ҳадди зарурӣ дар он саноат анҷом мешавад. Зеро он саноат наметавонад тамоми манофеи иборат аз сармоягузориро бо сурати комил дарёб кунад. Як равиши ташвиқи саноат ва ҳатто сарфаҳои иқтисодӣ бештар ба ҷомеа қаътан маҳдуд кардани воридот аст. Ин иқдом боиси ташвиқи саноат мешавад, вале дар айни ҳол нархи мол барои масрафкунандагони дохилӣ низ афзоиш меёбад. Равиши муносибтар пардохти ёронаи мустақим ба саноат қабули ҷӯб-рони зарар аст. Ин равиш боиси ташвиқи саноат мешавад, бидуни он ки ихтилоле дар масраф бо вуҷуд оварад ва ё ин ки масраф кунандагон аз ҳимоятҳое тиҷоратӣ зарар бибинанд. Як андози мус-тақим низ беҳтар аз маҳдудиятҳои тиҷоратӣ метавонад боиси коҳиши фаъолиятҳое бишавад, ки набудани сарфаҳое иқтисодиро  ба дунбол доранд1.

Аъмоли сиёсатҳои ҳимоявӣ метавонад шароити лозимро ҷиҳати рушди саноии навташкили дохилӣ фароҳам созад. Тарафдорони сиёсати ҳимоявӣ, системаи озодии мубодила як василаи тафовуқи иқтисодии кишварҳои саноатӣ бар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад.

 

Ҳимоятҳои қонунии давлатӣ дар соири кишварҳо

 

Теъдоди аз ҳимоятҳои давлатӣ дар солҳои 1985 –2000  дар Амрико, Австралия, Конада ва Ҷомеаи иқтисоди Европа афзоиш ёфтаанд. Ҳимояти давлатӣ шомили ҳимоят-салоии дохилӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва муқаррароти зидди демпинг (қи-матшиканӣ дар тиҷорат) аст. Ҳи-моят аз сарои дохилӣ ба сурати баъзе манфиатҳо (назири манфиати андозӣ ва амсоли он) ҷиҳати кӯмак ба тавлидкунандагони до-хилӣ, ки аз воридот зарар мебинанд, гирифта мешавад. Пас аз барқарории чунин манфиатҳо дигар рақобати зиёнбор нахоҳад буд. Пардохтҳои гумрукии ҷубронӣ, ивази дурӯғӣ дар эътироз ба пардохти ёронаи содирот тавассути кишвари муқобил гирифта мешавад. Чунончи исбот шавад, ки пардохти ёронаи содирот муҷиби зарари тавлидкунандагоне дохилӣ шуда, он гоҳ ҷиҳати гирифтани асароти зарарбор ёронаҳои хориҷӣ, таърифаи гумрукии изофӣ бар воридот гирифта хоҳад шуд.

Ҷиҳати муқобила ва эътироз бо фурӯши молҳо тавассути як муассисаи хориҷӣ бо қимати камтар аз хироҷоти тавлид (камтар аз қимати дохилӣ) он мол, муқар-рароти зидди домпенг гирифта мешавад. Чунончи иқдом ба демпенг исбот шавад ва муҷиби хисороти тавлидкунандагони дохилӣ низ бишавад, он гоҳ ба таври худкор таърифаҳои гумрукии изофӣ бар воридот муодили тафовути қиматҳо ва ё муодули миқдори демпенгӣ гирифта мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки ҷуброн ва ҳимояти беш аз ҳад дар муқобили ҳар иқдоми тиҷоратӣ мувоҷиби дилсардии содиркунандагон хоҳад шуд. Дар ҷадвали поён нишон дода мешавад, ки иқдомоти қонунӣ масрафҳои зиёдеро ба ҳамроҳ дошта, ки пардохтҳои гумрукии ҷубронӣ дар соли 1987 дар Амрико ва вазъи муқаррароти зидди демпинг аз соли 1986 дар тамоми манотиқ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Ҷадвали 1.Теъдоди ҳимоятҳои қонуни гирифташуда дар солҳои 1985 ва 2000

Навъи ҳимоят

 

1984

 

1985

 

1986

 

1987

 

1988

 

1989

1984-2000

Ҳимоят аз санати дохилӣ

Амрико

2

6

4

2

6

3

23

Австралия

1

0

1

2

0

0

4

Канадо

0

1

2

0

0

1

4

EEC

3

1

1

1

1

0

7

Аворизи гумрукии ҷубронӣ

Амрико

8

10

123

21

51

39

252

Австралия

0

0

2

7

6

3

18

Канадо

3

0

1

3

2

3

12

ЕЕС

0

1

3

2

1

0

7

Муқаррароти задди демпинг

Амрико

22

14

61

47

71

65

280

Австралия

62

50

78

87

56

60

293

Канадо

25

19

72

36

31

36

219

ЕЕС

25

47

55

36

49

42

254

Маҷмуа

Амрико

32

30

188

70

128

107

555

Австралия

63

50

81

96

62

63

415

Канадо

28

20

75

39

33

40

235

ЕЕС

28

49

59

39

51

42

268


 

1) J.M. Finger and J. Nogues. “International Control of Subsidies and Countervailing: Duties” The World Bank Economic Review,  Review ,Sept 2002.

 



Зеро аъмоли сиёсати озодии мубодила ба кишварҳои саноатӣ иҷозат медиҳад, ки маводи хоми аввалияро бо қиммати паст аз кишварҳое, ки саноати онҳо инкишоф наёфтааст бихаранд, баъдан моли саноатии худро ба қиммати баланд ба онҳо бифурӯшанд. Аммо мухолифони сиёсати ҳимоявӣ ин сиёсат ҳамбастагии байналмилалиро ба хатар меандозад, ҳусни рақобатро аз байн мебарад. Имтиёзот ва инҳисоротро тавсия медиҳад. Қиммати тавлидоти саноатии мавриди назар ва ҳимоятро боло мебарад, ки бори ҳамаи ин душвориҳо ба дӯши истифодабаранда ва масрафкунанда таҳмил мешавад. Дар ҳоле, ки озодии мубодила боиси тақсими кор ва тахассуси байналмилалӣ шуда, Ра-қобатро осон сохта ва дар натиҷа тамоми навоварӣ ва ибтикорро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тақвият мекунад, бозори харид ва фурӯшро густариш медиҳад, қим-мати тамомшуд ва дар натиҷа қимматҳо коҳиш меёбанд, ки ин амр муҷиби беҳбудии бештар барои масрафкунандагон мешавад. Барои сиёсати ҳимоявӣ чунин далоил дорад:

- кишварҳое, ки вобаста ба воридот ҳастанд, мисли кишвари

Афғонистон, дар сурати пайдоиши ҳаводисе, монанди ҷанг, иқтисодашон вайрон хоҳад шуд бинобар ин ҳар кишвар бояд базаи саноатии худро бо гирифтани сиёсати ҳимоявӣ ба хотири ҳифзи истиқлоли иқтисодӣ дар дохил эҷод намояд.

- дар баъзе аз кишварҳо ба хотири баланд бурдани сатҳи дастмуздҳо қиммати тамомшуди маҳсулот баланд буда ва дар натиҷа қиммати амтаҳа низ баланд мебошад. Аз ин лиҳоз барои мубориза бо амволи арзони хориҷӣ ва ҳамчунон аъмоли сиёсати демпинг фурӯши маҳсулот дар хориҷи кишвар ба қиммати пасттар аз қиммати тамомшуди он, сиёсати ҳимоявиро аъмол мекунад.

Дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бӯҳронзада, мисли Афғонистон саноати навташкилшудаи дохилӣ, ки дар оғоз ба камбуди нерӯи моҳир ва мутахассис бюрократия ва паст будани сатҳи идора боло будани қиммати маҳсулоти тайёр ва ҳамчунин поён будани кайфияти маҳсулот наметавонад, ки аз ҳимоятҳои гумрукии дар рақобати ҷаҳонӣ ба таври муваққат баҳ-раманд гардад, то дар муддати дароз баҳраманд гардида ва дар муқобили рақобатҳои хориҷӣ ис-тодагӣ кунанд. Аммо ба маҳзи ин, ки кишвар аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ гардад, қодир ба рақобат шуда бозгашт ба озоди доду гирифти лозима инкишофи тиҷорат ва мубодилаи байналмилалӣ мешавад2.

Бинобар ин агар муваққатан аз тариқи вазъи тариқаҳои гумрукӣ ва саҳмиябандӣ бар воридот маҳдудияте эҷод шавад, тавлидкунандагони дохилӣ фурсат хоҳанд ёфт то маҳорати худро чунон афзоиш диҳанд, ки битавонанд бидуни эҷоди маҳдудият бар воридот дар бозор рақобат кунанд. Монеаҳое, ки барои пешгирӣ аз вуруди амволи хориҷӣ эҷод мешавад, вазъи тарофаҳои гумрукии баланд бар амволи воридотӣ, ки заминаи тавлиди он дар дохил омода ҳаст, мебошад. Тарофаи андоз, ки пасандози вуруди амвол ба марзаҳои миллии як кишвар дарёфт мешавад, ҳар гоҳ бо арзи ин андозҳо қиммати амволи воридотӣ қиммати амволи монанди дохилӣ, ки дорои чунин сифат бошанд, бештар гардад, тақозо барои хариди амволи воридотӣ коҳиш меёбад. Лекин давлат наметавонад аз тариқи тарифаи гумрукӣ монеи вуруди амволи воридотӣ шавад. Яъне фишори тақозо ба ҳадде ҳаст, ки бо вуҷуди вазъи та-рифаҳои гумрукии вазнин боз ҳам миқдори зиёди амвол вориди кишвар мешавад ва кишварро аз лиҳози асъорӣ дар мушкилот қарор медиҳад. Равишҳое, ки дар ин маврид ба кор мераванд ин аст, ки давлат барои муддати замони мушаххас миқдори бештар ҷиҳати воридоти ҳар гурӯҳи амвол таъин менамояд ва иҷозати вуруди бештари онро намедиҳад ва дигар ин ки саҳмиябандӣ мумкин аст аз тариқи тарифаҳои гумрукӣ сурат гирад. Масалан, то андозаи муайян мумкин аст аз тариқи тарифаҳои гумрукии муносиби вазнин аз вуруди амволи монанд пешгирӣ шавад. Нуқтаи муҳим ва қобили тазаккур ин аст, ки тарифаи гумрукӣ ва саҳмиябандӣ таъсироти фарқ-кунанда бар иқтисоди кишвар мегузоранд. Тарифа ба таври мус-тақим муҷиби афзоиши қиммати амволи воридотӣ мешавад ва ба таври ғайримустақим бар миқдори пешниҳод асар мегузорад, дар ҳоле, ки саҳмиябандӣ ба таври мустақим бар миқдори арзаи амволи воридотӣ дар дохил асар мегузоранд ва ба таври ғайримустақим бар қиммати амвол таъсир мекунад. Лекин дар ҳарду ҳолат қиммати амволи воридотӣ афзоиш ва миқдори арзиши он коҳиш меёбад дар натиҷа бо вазъи тарифаҳои гумрукӣ аввалан маснавиёт ва маҳсулоти зироатӣ бо амволи дохилӣ афзоиш меёбад, ки ин худ муҷиби ҷалби сармояҳои хориҷӣ мешавад. Воридоти амвол коҳиш меёбад ва чунин вазъи кишварҳои содиркунанда ба эҷоди компанияи хеш дар дохили кишвар ташвиқ мешаванд, монанди фабрикаи сименти Пулихумрӣ, Ҷа-булсароч, ки дар Афғонистон тоза ба фаъолият оғоз кардааст. Ҳамчунон бо коҳиши воридот, агар   тиҷорат манфӣ бошад, ба сӯи баробарӣ майл менамояд ва дар паҳлӯи он фаъолиятҳои тавлидкунандагони дохилӣ густариш меёбад ва маблағи қобили мулоҳизае аз асъори кишвар, ки дар бадали воридот пардохта мешавад ба сӯи сармоягузори дохилӣ ирсол намуда ва дар натиҷа қабули коргарон афзоиш меёбад.

Яки дигаре аз сиёсатҳои ҳи-моявӣ қабули ҷуброни зарар аст, ки баъзе аз кишварҳо ба манзури афзоиши содирот ва хориҷ кардани рақиб аз бозорҳо ба амволи содиротии хеш субсиди пардохт мекунанд ва дар чунин ҳолат кишварҳои рақиб ба хотири ин, ки амволи дохилӣ битавонанд ба амволи хориҷӣ, ки ба василаи давлатҳояшон субсид пардохта мешавад ба иқдоми вазъи та-рифаҳои гумрукӣ-воридотӣ мекунанд. Тасмими сиёсатҳои ҳимоятӣ дар бисёр маврид ба хотири эҳтиёҷоти як миллат ба пешрафт ва инкишоф ва ё барқарории тавозуни пардохти умури он минтақавӣ аст. Бинобар ин он чи ки  муҳим аст эҷоди ҳамоҳангӣ байни сиёсатҳои миллӣ дар заминаи тиҷорати хориҷӣ ва ҳушёрӣ дар ташхиси мавриди ҳимоятӣ, ҳудуд, муддат ва чигунагии аъмоли он аст. Бад ин маъно, ки бо иҷрои ин сиёсат метавон мизони бештаре аз даромади миллиро пасандоз карда ва онро дар нақшаи  ташкили сармоя ба сармоявӣ қарор дод. Хулоса ин ки бо аъмоли сиёсати воридотӣ давлат метавонад фаъо-лиятҳои тавлидии ҷомеаро ҳидоят бо вазъи ҳуқуқи гумрукӣ ва тарифаи гумрукӣ онҳоро аз зиёни рақобати амволи хориҷӣ нигаҳдорӣ намояд. Ва дар айни ҳол аз даромади бисёр  бархурдор гардад аз ҳамин сабаб аст, ки дар кишварҳои ақибмонда, монанди Афғонистон, давлат барои ҳимоят аз саноати навташкил ва маҳсулоти зироатии хеш ва рушди маҳсулоти дохилӣ ба хотири ба даст овардани даромади тавлидоти дохилӣ дар муқобили рақобати амволи хориҷӣ тари-фаҳои нисбатан вазнинро вазъ намояд то ин ки  афзоиши воридоти амвол аз он ҷое, ки Афғонистон як кишвари ақибмонда ва рӯ ба инкишоф ва зироатӣ мебошад, бояд дар ҷиҳати расидан ба худкифоии иқтисодӣ ва инкишофи иқтисодӣ бояд саноати навташкилро мавриди ҳимоят қарор диҳад то тавони рақобат бо маҳсулоти мушобеҳи хориҷӣ пайдо кунад.

Зеро агар давлат дар чунин шароит ва замони хос аз саноии навзоди кишвар ҳимоят накунад кишвар ҳаргиз ба худкифоӣ даст наёфта ва Афғонистон мамлакати ақибмонда боқӣ хоҳад монд. Замина ва рушди зироат ва саноат дар он маҳдуд монда тавони рақобатро бо тавлидоти кишварҳои пешрафтаи саноати пайдо нахоҳад кард. Мисол фабрикаи шампунбарории Ҳирот мебошад, ки ҳангоми тоза ба фаъолият оғоз намудани он бо дар назардошти қиммати маҳсу-лоти тайёршуда ба маблағи 5 доллар  ҳар донаашро ба фурӯш мерасонд. Дар он давра шампуни хориҷӣ истифодаи сиёсати демпинг ба маблағи 3 доллар ба фурӯш расид, ки дар ин сурат ҳеҷ роҳе барои идомаи фаъолият вуҷуд надошт ва мутаассифона баъдҳо фабрикаи Ҳирот ба шикаст дучор шуд.  Баъд аз он ногаҳон қиммати шампунҳои хориҷӣ  ба 7 доллар расид. Ба ҳамин тартиб сиёсати дарҳои боз боиси аз байн рафтани даҳҳо фабрика ва муассисаҳои тозабакор, хурд ва бузург монанди пойафзолдузӣ, мебелсозӣ ва ҳатто қолинбофии кишвари мо гардидааст.

Дар қисмати маҳсулоти зи-роатӣ ҳам зарбаи маҳкаме бар рушди зироат ворид гардид, ки кишоварзони мо ба мушкилоти ҷиддии фурӯши маҳсулоти зироатӣ ва боғдории меваҷоти хушк ва тоза дучор  мебошад. Ин сиёсат дар ҳақиқат зарбаи сахте ҳаст бар рушди тавлидоти зироати дохилӣ ва сектори хусусии кишвари мо, зеро ҳама сармояи кишвар ба сӯи тиҷорат рӯй оварда то замоне, ки қисмати аз сармояи тиҷоратӣ ба сӯи тавлидоти дохилӣ ирсол нагардад, мубориза бо фақр, бекорӣ, фасоди идора номумкин буда ва расидан ба худкифоӣ хоб ва хаёле беш нахоҳад буд. Ин бад он маъно аст, ки барои инкишофи иқтисодӣ лозим аст то сектори зироатро ҳимоя намоем, чаро ки яке аз секторҳои муҳими тавлидӣ ва ҳамчунон манбаи инкишоф ва рушди секторҳои тиҷорат, саноат, ҳамл ва нақл ва ғайра мешавад, бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ сурат гирад.

Яке аз омилҳои рушд ва инкишофи иқтисодӣ коҳиши фақр, нобудӣ ва ё ҳадди ақали коҳиши бекорӣ мебошад, ки ноил шудан ба ин ҳадаф фақат аз тариқи рушди тавлидӣ дар бахши зироат метавонад вуҷуд дошта бошад, зеро ки Афғонистон кишвари зироатӣ аст.

Сиёсати дарҳои боз бидуни ҳеҷ гуна контрол ва бидуни дарназардошти ниёзмандиҳои айнии ҷомеа муфид набуда ва ҳеҷ давлате ин сиёсатро сад фоиз амалӣ карда наметавонад. Балки тиҷорат бо кишварҳои хориҷӣ ба асоси заруратҳои айнӣ ва ҳифзи манофии миллӣ сурат мегирад, ки мардум ба кадом ҷинс ва ба чӣ паймона ва ба кадом сифат зарурат доранд ва тавлиди бештар ва  беҳтар кадом молҳо дар дохили кишвар омода аст, то мавриди ҳимояти давлат қарор гирад. Хулоса ин ки мо набояд бозорҳои худро дар муқобили амволи тавлидӣ мо таҳти ҳимоя дошта бошанд. Аз ин лиҳоз бидуни сиёсати ҳимоявии давлат, бозсозии зироат ва саноат номумкин буда ва тавлидоти мо, ки битавонем содиротро афзоиш дода ва баланси тиҷоратро баробар созем дар сатҳи як ормон боқӣ хоҳад монд.

 

Чигунагии таъини нархи таърифаи муассири  ҳимоятӣ

 

Дар бисёрии аз маворид як кишвар бидуни гирифтани пардохти гумрукӣ ё бо гирифтани таърифаи бисёр андак иҷозаи ворид шудаи маводи хомро медиҳад, ин маводи хом маъмулан дар тавлиди амволи ҷонишини воридот мавриди истифода қарор мегиранд. Маъмулан, як кишвар ба хотири ташвиқ ва афзоиши тавлид ва ишғол дар дохил ин корро анҷом медиҳад. Ба таври мисол мумкин аст як кишвар маҳсулоти маводи хоми воридшударо бидуни пардохти гумрукӣ, озод эълон кунад, вале ба хотири афзоиши тавлид ва ташвиқи саноати порча дар дохил бар воридоти порча таърифа гирифта мешавад.

Дар чунин ҳолат нархи муассири ҳимоятӣ, ки бар асоси арзиши афзудаи дохилӣ ё маҳсулот дар дохили дар кишвар муҳосиба шуда аз нархи таърифаи исми кӣ (дар асоси арзиши молҳои ниҳоӣ гирифта мешавад) бештар бошад. Арзиши афзудаи дохилӣ баробар аст бо қимати молҳои ниҳои масрафҳои воридотӣ, ки  дар тавлиди мол ба кор рафта аст. Нархи таърифаи исмӣ аз назари масрафкунандагон дорои аҳамият аст (зеро бо қабул кардани таърифа бар мол афзоиш меёбад ) дар ҳоле, ки аз назари тавлидкунандагон нархи таърифаи муассир аҳамияти бештаре дорад, зеро нишон медиҳад ки ҳимояти воқеии давлат аз тавлидоти дохилӣ дар баробари амволи воридотии рақиб чи миқдор аст. Масалан беҳтар метавонад фарқ байни нархи таърифаи исмӣ ва нархи таърифаи муассири ҳимоятиро нишон дод.

Информация о работе Сиёсати ҳимоятии давлат барои худкифоии маҳсулоти дохилӢ