Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция

Краткое описание

Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.

Содержание

Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.

Вложенные файлы: 1 файл

Маќсад ва вазифаи омўзиши фанни фархангшиноси.docx

— 192.78 Кб (Скачать файл)

Лексияи 7. Ислохотчигива маданияти  асри ХV11

 

Наќша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти давраи ислохотчигї
  2. Инќилоби маънавии Мартин Лютер ва Жан Калвин.
  3. Наќши ислохотчигидар хаёти мадании мамлакатхои Аврупо.

 

Хусусиятхои асосии маданияти

 давраи  ислохотчигї

харакати ислохотчигидар асри ХV1 дар Олмон  оѓоз ёфта, хамчун xунбиши динимаълум аст. Ин харакат  барои дигаргун сохтани  дини насронї, махсусан муќобили равияи католикиравона карда шуда буд. Ислохотчигиаввалин кўшиши буржуазия  ба муќобили тартиботи  кўхнаи асримиёнагибуд ва муносибатхои нави љамъияти капиталистиро  ба вуљуд овард. Натиљаи  ин харакат ба xудошавии равияи нави дини насронї-протестантизм  оварда расонид.

Аз нуќтаи назари хронологиислохотчигиба мархилаи охирини  давраи эхё мувофиќ  меояд ва замони таѓйироти  куллиба шумор  меравад. Дар замони ислохотчигигуманистон  дар симои  инсон  бехтарин ва комилтарин офаридаи худоро медиданд. Дар асоси ифодаи Инљилисухан ронда, хусусияти бунёдкориву  созандагии худоро ба инсон нисбат медоданд, вазифаи ўро дар  маърифат, мехнат, инкишоф  додани илму хунар  ва санъат медиданд. Байни харакати эхёвива  ислохотчигиумумияти  таърихивуљуд дорад, зеро ки ба ислохоти хољагии натуралива тарзу усулхои  самараноктарини  истехсолоти љамъиятиасос гузоштанд, ки он ба муносибатхои капиталистизамина  гузошт. Умумияти дигари ин ду зухурот дар  он аст, ки хар ду хам аз анъанахои  ќадима истифода мебурданд.

 Бояд ќайд  намуд, ки бо  вуљуди ба масоили  хаёти љамъиятидахолат  намуданаш, ислохотчигимохиятан  харакати соф динибуд.  Аммо эхё дар  сурате, ки масоили  диниро фаро мегирифт, бештар хусусияти  дунявидошт. Бояд  ќайд кард, ки таъсири  гуманизм ба пайдоиш  ва ташаккули харакати  ислохотчигиаён аст.  Танќиду мазаммати  урфу одатхои рухониён, марказхои ѓоявии  равияи католики(папство,  монашество), васеъ  аз тарафи намояндагони  харакати ислохотчигидар  мубохисахои зидди  католикиистифода  бурда мешуд.

Калисои католикихар  гуна бидъату каxравихоро беамон пахш менамуд, хариду фурўши гуноххоро xоринамуда  буд, суди инквизитсияро xоринамуда, хазорхо равшанфикрон ва олимонро аз байн бурд. Бо вуљуди хамаи  ин вай натавонист ба ѓояхои назаричиёни  равияи протестантизм, ки оммаи бузурги халќро аз ќафояш бурд, муќобилият намояд. Яке аз зарбахои аввалинро ба муќобили назарияи протестантизм олими сохаи илохиёт Ян Гус задааст. Дар назарияи худ соддагардонии расму оин ва ибодати католикї, ба забонхои миллигузаронидани маросимхои динї, таъсис додани калисохои миллиро инъикос менамояд. Парокандагии дохилии калисои католикї, мансабпарастию хасисива тамаъкорисабаб шуданд, ки махз калисо дигаргунсозихои пешќадамро  рохбаринамояд.

Одатан оѓози  ислохотчигиро ба ходисаи 31 октябри  с. 1517  дар Виттенберг алоќаманд менамоянд. Дар он ваќт шахси  ханўз номаълум, доктори  илми фиќх Мартин Лютер, эродхои худро  дар хусуси сўиистеъмоли фурўшандагони «моли  муќаддас» (индулгенсия), яъне хуxxати кафорати гунохро, ки калисо медод, баён менамояд.

Лекин гуфтан зарур  аст, ки сабаби саршавии харакати ислохотчигифаќат фурўши индулгенсия  нест. Ин ходиса  бўхрони  маънавии љамъиятро  нишон дода, ба оѓози  давраи нав – капитализм асос гузошт. Ахамияти таърихию мадании  ислохотчигива пайдоиши равияи сеюми дини насрони– протестантизм  барои маданияти  љахонихеле бузург аст. дар ин давра арзишхои буржуазипайдо гардида, устувор мегарданд. Жанрхои гуногуни адабю бадеива  услубхои нави меъморимисли сабки барокко  ва академизм ба вуљуд  меоянд. Санъати мусиќї, мусавварасозї, адабиёт  инкишоф меёбад ва умуман асри ХV11 давраи инќилоби илмименоманд.

 

Инќилоби маънавии Мартин Лютер ва Жан  Калвин.

Тезисхо ё ки эродхои М.Лютер  таъсири оташфарўзанда, мисли барќе, ки ба хуми борут мерасонад, ба вуљуд овард. Лютер  умуман ягон хел таѓйироти  куллиро намехост. Fояи  асосии ў он буд, ки барои озод шудан  аз гунох, тавбаи дохилии  гунахкор зарур аст, ки онро бо ягон сарват ё пул харидан  мумкин нест ва иваз хам карда намешавад. Ба аќидаи ў байни  инсон ва худо набояд миёнраве  бошад. Дар бахшиш ва авфи гунох худо сохибихтиёр  аст. Таќдиру пешонаи  инсонро калисо муайян намекунад, зеро он ба мархамати илохивобаста аст. Инсон  танхо  бо эътиќоди шахсии худ ба худо гуноххои худро шуста метавонад. Аз ин xо, таълимот дар  бораи «эътиќоди  шахсї» чун шарти  ягонаи авфшавии асоси– ахкоми протестантиро  ташкил медихад ва бо тарзи нав дарк намудани тамоми таълимоти  анъанавиро дар назар  дорад.

Эътиќоди шахсиба  фикри Лютер дар  ботини инсон таѓйироти  куллиба вуљуд  оварда, ўро ботинан  озод менамояд. Аз ин љихат ифодаи мухаббат ба инсон, чун хизмат ба инсон маънидод карда мешавад. Одамон набояд мисли рухониён аз дунё гурехта, гўшанишининамоянд. Вай бояд дар ин дунё зиндагикарда, расолату вазифаи  худро дар хаёт софдилона ба собит  расонид, зеро ки мархамати  беандозаи худоро холо сазовор нагаштааст. Хизмат ба худо ин хамон  хизмат ба шахси наздик аст, хох кўдак, хох  зан ва хох хизматгор, ба хар касе ки xисман  ва рухан эхтиёxманд бошад – хамин  аст маќсади тоату  ибодат, мегўяд М.Лютер.

Дар амал Лютер  талаб менамуд, ки ба арзишхои ахлоќие, ки дини насронидар оѓози пайдоишаш  дошт, баргашта шавад. Умуман, мохияти асосии ислохоти Лютер аз баробарии хамаи  диндорон дар масъалаи эътиќод ба худо иборат аст. хар як шахси  диндор хам барои  худ ва хам барои  дигарон рўхонишуда метавонад ва дигар  ягон доираи махсуси  фаъолият вуљуд надорад. Лютер мегўяд, ки бигзор хеx кас гумон  накунад, ки вай эътиќодро  бо аќл дарк карда  метавонад. Он чи ки Исо мегўяд, новобаста аз он ки ман ё каси дигар онро фахмида метавонем ё не, -  хаќ аст. Чунин аст мантиќи ислохоти Лютер, ки барои ташаккули тоифаи нави коргар ва маданияти ба кулли фарќкунандаи мехнате, ки бидуни он ягон истехсолоти пурсамар имконнопазир аст, асоси мустахкам гузошт.

Давомдихандаи содиќи ѓояхои ислохотчигиЖан Калвин (1504-1564) буд, ки солхои зиёд, дар  яке аз марказхои  тараќќикардаи савдо  – шахри Женева хокимияти мутлаќ дошт. Калвинизм расму  оин ва тоату ибодати  насрониро боз  хам соддатар намуда, ба калисо хусусияти  демократидод. Гарчанде ки калисо аз давлат xудо  карда шуд, лекин  чун ќувваи сиёсимустаќил  боќимонд.  Калвинизм  махдудияти нихоии талаботи хаётии худро: инкори хушихои хаёт, эхтиёткорї, мехнати суботкорона  ва шаклхои махорати касбиро тарѓиб менамуд. Дар як ваќт мувафаќќият  дар корхо ва сарватмандшавиро эхтимолияти баргузидаи инсон мешумориданд. Коргурезию xохилї, маишатпарастию танбалиро аломатхои  халокшавии ў мехисобиданд. Истехсолоти махсулнадиханда, сарфаи бехудаи сарват, бехуда гузаронидани ваќт аз нуќтаи назари калвинизм чун  гунохи бузург маънидод мешуд. Аз дигар тараф  инкори эљодиёти бадеї, адабиёт ва санъат, инкори хама гуна шабнишинихои шавќовар дар таълимоти  ў мушохида мешавад.   

Калвинизм тоифаи нави одамонро ба вуљуд  овард, ки дар табаддулоти  иќтисодива ошўбхои  сиёсии ибтидои давраи капитализм наќши  бузург доштанд. Дар  таълимоти Калвин инчунин имконнопазирии ягонагии кўшишхои худо ва инсон мушохида мешавад. Инсон ба «дидори» худо нарасида, дар бораи худ  тасаввуроти равшан пайдо карда наметавонад  ва танхо баъди  тарки худо ба худшиносисохиб мешавад. Эхтимолан  дар таълимоти  ў бо рохи муколама бо ду гурўхи файласуфон, ки ба хусусияти инсон  бахои баланд медоданд, масоили шуур ва пайваста ба он проблемаи озодии ирода дида баромада шудааст. Ба файласуфон ў чун як тоифа, ё ки миллати ягона  назар мекард.

хамин тавр, дар  таълимоти Калвин назарияхои гуногуни хам пешќадам ва хам  зухуроти манфидошта, ки фахмиши он ба хонандаи оддихеле мушкил аст, мушохида мешавад. Лекин таќдиру  натиљаи таълимоти  Калвин, ки ѓояи пешбарандаи  инќилоби буржуазии  мамлакатхои Аврупо гашт, дигар буд  ва ин тасодуф нест. Калвинизм давраи дигари инкишофи ислохотчигиро  инъикос мекард ва xидду xахди буржуазияро барои  хокимияти сиёситаљассум  намуда, монеъгихои сохти феодалиро  аз байн бурд.

Дар Англия ислохотчигишакли махсусро гирифт, ки он xо дар асри ХV1 аз xониби шох  калисои созишкоронаи англиканисозмон  дода мешавад. Баробари инкори хокимияти  папа, таълимот дар  бораи захираи  амалхои некро  пешниход менамоянд. Ў ба муќобили иконасозию иконапарастибаромада, парастиши шахсони  муќаддас ва расмхои  онхоро инкор мекард. Дар ин xо шакли  махсуси ислохотчигибо  номи пуританизм (аз заб. англ. тоза, хаќќонї), ки асосгузораш Джон Нокс буд, пайдо мешавад. Онхо дар намуди зохирихеле бадќахр ва ѓамгин менамуданд. хамин  тавр, дар харакати ислохотчигиягонагимушохида намешавад ва аз ин рў протестантизм  ба шохахои бисёр xудо  мешавад. Калонтарини  онхо: лютеранї, калвинистї, англиканишуморида  мешаванд.

 

Наќши ислохотчигидар хаёти

 мадании  мамлакатхои Аврупо.

Бе эълон намудани ягон ѓояи нави иxтимоию сиёсї, бидуни талаботи таѓйироти куллии љамъиятибе ягон кашфиётхои бузург ислохотчигитавонист  тафаккури одамонро таѓйир дихад ва барои  онхо уфуќхои нави маънавиро боз  намояд. Инсон аз тобеияти калисо озод шуда, дар маърифат ва андешаронисохибихтиёр  гашт. Капитализм ва тамаддуни буржуазии  саноатидар Аврупои Fарбиташаккул ёфта, дар протестантизм  асоси маънавии худро  дарёфтанд.

Дар Германия ва дигар шахрхои  Аврупо донишмандони бузург ба мисли Мюнстер  Геснер ва Агрикола  пайдо мешаванд, бехтарин соатхо ва асбобхои ченкунї, нашриёти калон, корхонахои яроќсозиба кор шурўъ менамоянд. Дар ин давра роман  ва асархои фоxиавї, илмхои даќиќи таxрибавива фалсафаи материалистиинкишоф  меёбанд. Намудхои гуногуни санъат, ба мисли  кандакорї, лавханигорї, хайкалтарошива портретсозиба  дараљаи хеле баланд тараќќимекунанд. Дар  замони ислохотчигиасбобхо ва таxхизоти нав, ба мисли микроскоп, телескоп, термометр, барометри симобї, гидрометр ихтироъ  шуданд. Ихтирои китобчопкунива истифодаи коѓаз  ба xои пергамент  чун ходисаи бузурги  маданидар сохаи  пахн намудани донишхои илмихисобида мешуд.

Кашфиёти бузурги  географиба инкишофи илмхои табиатшиносизамина гузошт. Ин кашфиёт  доирашаклии заминро  собит сохта бо санадхои нави илмхои астрономия, ботаника, зоология мардумони  дунёро шинос намуданд. Дар ин давра тамоили  нави мафхуми хаќиќат  пайдо мешавад, ки чунин принсипи нав  аз тарафи Френсис  Бэкон (1561-1626) дар  асараш «Органони  нав» пешниход шуда буд, ки дар он таxриба чун сарчашмаи  асосии илм хисобида мешуд.

Услуби барокко  дар санъати тасвирива  меъмориба вуљуд  меояд, ки аз тарафи намояндагони котрреформатсия  васеъ истифода мешавад. Яке аз намояндагони равияи барокко  Пауэл  Рубенс аст, ки эљодиёти ў барои пойдор намудани арзишхои замони нав равона карда  мешавад. Яке аз расмхои  ў бо номи «хаёти шохи Франсия Мария  Медичи» офарида  мешавад, ки аз 21 композитсияхои калон иборат буд. Дигар намояндаи  санъати тасвириРембрант (1606-1669) чун устоди жанри  реализм машхур гардидааст. Расмхои ў бо номи «Ночной дозор», «Автопортрет Саски» ва ѓайра бинандагонро бо нозукию дилчаспива зебоиба худ xалб  менамояд. Рассоми  намоёни испаниВеласкес дар синни 23-солагирассоми  дарбори шох Филиппи 1V гардид ва жанри портретро  ба ќуллаи баланд бардошт. Нишондихандаи услуби барокко ( аз заб. португали«шакли  аxоиби марворидї») –  тантанавї, бартариаз  хама љихат мебошад.

хамин тариќ, давраи ислохотчигимархилаи  дигаргунихои куллина  танхо дар сохаи  иќтисодиёт, балки  дар сохаи маънавиёт  мебошад. Махз аз хамин  давра тасвири  сифатии нави чунин  мафхум, мисли фазо, ваќт, мехнат, пул  оѓоз мешавад. Дар  маданияти асримиёнаги«ваќт»  чун асари абадият, чун мафхуме маънидод мешуд, ки инсон аз сабаби гунахкор буданаш  ба он меафтад. Дар  давраи ислохотчигибошад «ваќт» муайянкунандаи асосива мухимтарини  на танхо инсон, балки  умуман замон хисобида мешавад. Акнун ба сифати худо на табиат, на худо , на инсон, балки  кору амал гузошта  мешавад. Яъне, тамоми муносибатхои иxтимоии инсон парастиш карда  мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки дар давраи ислохотчигибисёрхудогии  объектї, парастиши тамоми xанбаъхои хаёти љамъиятиба миён омад ва мехнату моликияти хусусї, кор ва пул чун худои парастишёбанда ќарор меёбад. Инкишофи забонхои миллии халќхои Аврупо ва тарљимаи «Инљил» ба забонхои олмонї, англисї, фаронсавияке аз заминахои асосии баландшавии худшиносии миллидар Аврупо мегардад. Бояд ќайд кард, ки харакати ислохотчигива хусусан мубориза бар зидди иконасозиба пешравии баъзе сохахои маданият таъсири манфирасонид.

 

Саволхо барои такрор  ва мустахкамкунї

  1. Ислохотчигичихел харакат буд?

А) харакати динию  иxтимої

Б) харакати сиёсию иќтисодї

В) харакати халќї, дехќонї

  1. Хусусияти асосии маданияти замони ислохотчигиаз чииборат буд?

А) дар аз нав  дида баромадани мафхумхои  фазо, ваќт, мехнат ва муносибатхои пулї.

Б) дарки худо ва ќудрати ў

В) ба вуљуд омадани  муносибатхои феодалї

  1. Асосгузори харакати ислохотчигикибуд?

А) Мартин Лютер

Б) Томас Мюнсер

В) Марк Аврелий

  1. харакати ислохотчигидар куљо сар мешавад?

Информация о работе Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї