Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция
Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.
Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.
Синкретизми ибтидоива сохири(магия) ба созмонёбии фаъолияти мусавирии одамон, яъне ташаккули санъат мусоидат намуданд. Ханўз дар давраи палеолит одамони ибтидоихайкалчахои занхоро (дар аксар ваќт бидуни ќисми сар) аз сангу устухон месохтанд. Зеро одамони ибтидоизанхоро олихаи хаёт, рамзи зиёд гаштани наслхо мешумориданд. Мусаввирони ибтидоидар ѓорхои Ласко, Нио, Алтамир (Фаронсаи љанубива Испания), Капово (Урали љанубї), Монтепан (Италия) тасвирхои хайвоноти гуногуни шикориро (мамонт, бизон, оху, аспхои ёбоива ѓ. ) ифода кардаанд.Бештар сахнахои шикор тасвир карда мешуд. Объекти асосии эљодиёт хайвонхо буданд. Мазмуни мусавварахо аз он далолат медиханд,ки одамони ибтидоихайвонхои шикориро хеле хуб омўхта будаанд. Аз 1794 муссаварахои рўисангии ѓорхои Фаронса ва Испания, ки онхоро археолог А. Леруа-Гуран ба хисоб гтрифтааст 986 тоаш –тасвири хайвонхо, 512- одамон, наздик 100- махлуќоти ба одам монанд мебошанд. Ба таври умум тасвирхои рўи сангивоќеъї, аниќтараш нгатуралистимебошанд. Тасвирхои шартихеле кам вомехўранд. Расмхои мамонтхо Бизонхо асбхо ваѓ. хеле даќиќ тасвир шудаанд.
Дараљаи инкишофи фарханги љамъияти ибтидої, хусусан дар ду млн. соли аввал хеле суст буд. Ин вобастаги дошт ба ба эволютсия (тахаввулот, таѓйирёби)-и биологии одамони ибтидої. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки ташаккулёбии биологии одамон дар якчанд самт љараён дошт, масалан одами кроманони(намуди хозираи одам, аз номи ѓори Кро-Маньони Франсия (Аквитания), гирифта шудаааст. Соли 1968 дар он љо якчанд устухон-скелети одамони палеолити боло бо олотхои мехнат дарёфт шудаанд) муддати тўлони бо одамони намуди неандертали(намуди одами неандерталидар ѓори Неандертали наздикии шахри Дюселдорфи Германия кашф шудааст) пахлў ба пахлў зиндагикардааст. Одами неандерталиаз типии хозираи одамон бо азимљуссагї, шакли косахонаи сар (ба маймуни горилла монанди доштан), камтар хам будани ќоматаш фарќ мекард. Чи тавр аз байн рафтани неандерталхо (љои худро ба кроманёнхо додани онхо) маълум нест.
Ханўз то ташаккулёбии неандерталхо таќрибан 800-700 хазор сол ќабл аз ин одамони ибтидои оташро ихтиро кардаанд, ки он барои инкишофи фарханги моддии давр наќша мухим бозидааст. Оташ одамони ибтидоиро аз сармо хифз мекард, хайвоноти вахшиаз он мехаросид, оташро барои тайёр намудани таом истифода мебурданд. Бо шарофати оташ одамон дар минтаќахои хунук низ љои зист интихоб намуданд.
Хеле охиста, вале мунтазам технологияи коркарди санг, устухон, чўб ва дигар ашёхо инкишоф меёфт. Фаъолияти одамони ибтидоидигаргун мегашт, олоти мехнат, муносибатхои иљтимоитаѓйир меёфт. Бозёфтхои бостоншиносисобит мекунанд, ки (аз 100-80 хазор сол сар карда) одамони неандерталинисбати саломатии маљрўхон ѓамхорименамуданд. Махз аз хамин давра забони гуфтугўи ташаккул ва охиста рушд меёбад.
Дар як ваќт шуур (тафаккур)-и инсонхо инкишоф меёбад, тасаввуротхои одамон оид ба олам пайдо мешаванд. Бостоншиносон муайян намудаанд, ки одамони неандерталитаќрибан 60 хазор сол ќабл аз ин ба таври сунъи одамонро гўронидаанд, ба парастиши намудхои гуногуни хайвонот шурўъ карданд.
Таќрибан 40 хазор сол ќабл аз ин дар Европа типи хозираи одам- кроманонхо пайдо шудаанд. Тарзи зисти онхо пурра ибтидоибуд. Олимон аз хамин давра фарханги ибтидоиро оѓоз мекунанд. Эътиќоди диниташаккул ёфт, тасвирхои рўисанги, сохтани хайкалчахо шурўъ гардид, истиќоматгох, сарулибос пайдо шуд, Одамон сагхоро ба худ ром карданд.
Аз давраи мезолит (асри миёнаи сангї) 12-6 х.сол ќабл аз ин чорводориба вуљуд омад, ќоркарди олотхои сангибоз хам такмил ёфт, одамон ба сохтани табар шурўъ карданд, тиру камон, тўрхои мохидорї, чигина (намуди чанаи боркашонї) ихтиро гардид. Олотхои мехнат аз устухону чўб низ такмил ёфтанд. Дари ин давр нахустин истехкомхои мудофиавиба вуљуд меоянд (дар Шарќи наздик нахуст шахр - Иерихон 8 хазор сол ќабл аз ин ташаккул меёбад).
Дар замони неолит (6-4 хазор сол ќабл аз ин) кулолгариба вуљуд омад, асбобхои одди бофандагисохта шуданд, истиќоматгоххо аз чўб, хишти хом бунёд мешуданд. Истифодабарии нахустин металл – мис шурўъ шуд (мархилаи энеолит- асри миу санг оѓоз гардид). Чархи кулолипайдо мешавад. Аввалин тасаввуроти одамон оид ба ситорахои осмон ташаккул меёбад, нахустин таќвимхо тартиб дода мешаванд.
Дар замони неолит «инќилоби неолитї» ба вуљуд меояд, яъне одамони ибтидоиаз хољагии истеъмоли(истифода бурдани нематхои табиат бидуни коркард-љамъоарї, шикорчигї, мохидорї…) ба хољагии истехсоли(чорводорї, кишоварзї) мегузаранд. Дар натиљаи инќилоби неолититарзи хаёти одамон ба таври кулли таѓйир ёфтанд, инсоният ба тарзи муќимнишинигузашт. Системаи бошишгоххо (истиќоматгох)-хои доимиташаккул ёфтанд, бархе аз онхо ба шахрхо табдил ёфтанд. Дар Байнаннахрайн (хавзаи дарёхои Фрот ва Даљла дар сиёи Хурд) шахр – давлатхои Шумер, Аккад ба вуљуд омаданд. Дар хавзаи Нил (Миср) шахрхо ташаккул ёфтанд. Бо ин давраи фарханги љамоаи ибтидоихотима меёбад, минбаъд сохти ѓуломдорива нахустин тамаддунхои бузург ташаккул меёбанд.
Шаклхои ибтидоии дин
Одамони ибтидоиоламро бо воситаи мушохидаву муќоиса азбар менамуданд. Шаклхои гуногуни динхои ибтидоиташаккул ёфтанд. Одамони неандерталихама чизеро, ки онхоро ихота мекард хамчун идомаёбива ё ба таври механикивасеъ гардидани гурўху авлоди худ дарк менамуданд. Онхо чунин мехисобиданд, ки хамаи ашёхо ба љузъ намуди зохириба одамон монанданд – сохиби рух мебошанд, байни хамдигар ва бо тамоми олам бо забони худ гуфтугў мекунанд. Чунин тафаккур анимизм номида мешуд. Анимизм – ин бовариба рух аст.
Бо воситаи анимизм дар гузаштаи ќадим чи гуна аз аљдодони фантастики(дар бештар холат аз хайвоноту камтар аз олами растанї) пайдо шудани гурўху ќавмхо ва ќабилахо маънидод карда мешавад. Ин гунна саравлоди асотириро тотем меноманд, тафаккури онхоро хамчун тотемизм маънидод мекунанд. Тотем (ягон намуди хайвон ё растанї) ба объекти парастиш табдил меёфт. Одамони ибтидои чунин тасаввурот доштанд, ки дарахтхои алохида, дарёхо, чашмахо, сангу кўххо, сабзахо ва ѓ. дорои рух буда, имконияти ба ходисоти олам ва хаёти одамон таъсир расониданро доранл. Чунин ашёхоро, ки бо онхо хамчун объекти зинда, ва хамчунин чизи муќаддас муносибат мекунанд фетиш меноманд, љахонбинии онхоро бошад фетишизм меномиданд. Фетишизм ба маънои «тўъморпарастї» ё «эътиќод ба буту санамхо» истифода мегардад.
Анимизм ва сехру љоду ба ташаккули рамзхо, асотирхо, инчунин табу- манъ кардани фаъолияти алохида, шаклхои рафтор, намудхои таом ва ѓ. мусоидат карданд. Табу ва расму оинхо љахонбинии одамони ибтидої, менталитети љамъияти ибтидоиро муайян мекунанд. Онхо шаклхои рузгори љамъиятї, муносибатхои иљтиморо муќаррар ва робитаи инсонро бо мухити атроф барќарор мекунанд.
Олимон ба асотирхо таваљљўхибештар зохир намуда, онро яке аз шакли дарки олам маънидод кардаанд. Бинобар нопуррагии донишхои хаќиќиодамони ибтидоионро бо тахаллуёти фантастикї, ки тасаввуротхои анимистї, фетишистива тотемистиро дар худ муљассам мекард иваз менамуд.
Асотирхо дар заминаи инкишофи фарханг мукаммалтар мегардиданд, ва дар асоси онхо нахустин системаи динхо ба вуљуд меоянд.
САВОЛХО БАРОИ ТАКРОР
Љамоаи ибтидоиаз кадом мархилахо иборат аст?
Синкретизм чист
Нахуст санъати тасвирии одамон чи гуна ба вуљуд омад ва маќсади он аз чииборат буд?
«Инќилоби неолитї» чиро ифода мекунад?
Хољагии истеъмоли аз хољагии истехсолибо чифарќ мекунад?
Шаклхои ибтидоии дин кадомхоянд?
АДАБИЁТХО
1. Абрамова 3. А. Древнейшие формы изобразительного творчества // Ранние формы искусства. М-, 1972.
2. Алексеев В. П. География человеческих рас. М., 1978.
3. Брейль А. Запад - родина великого наскального искусства// Первобытное искусство. Новосибирск, 1971.
4. Нестурх M Ф. Происхождение человека. М., 1970.
5. Никольский В. К. Очерки первобытной культуры. М.-Пг., 1924.
6. Поршнев Б. Ф. О начале человеческой истории (проблемы палеопсихологии), М., 1974.
7. Рогинский Я. Я., Левин М. Г. Антропология. М., 1963.
8. Культурология: Учебное пособие /Составитель и отв. редактор А.А.Радугин. – М.: Центр, 1998
9. Назри Яздонц, Далер Баьромц. Маданиятшиносц (курси мухтасари лексияьо) - Душанбе, «Деваштич» 2005.
10. Гуревич А.Я. Культурология. – М. 1996
11. Тейлор Э. Первобытная культура. -М., 1990
Наќша:
Миср хамчун ќадимтарин маркази
тамаддуни љахонї
Дар байни давлатхои Шарќи Ќадим Миср бо давлатдории муќтадири худ дар љахон шўхрат пайдо карда буд. Дар хавзаи дарёи Нил, ќисмати шимолу шарќии Африка воќеъ гардида, мавзеи мухими стратегиро ишѓол мекард. Дар хазорсолаи IV пеш аз мелод дар ин љо нишонахои давлат пайдо шуда, дар заминаи он љамъияти мутараќќии ѓуломдориба вуљуд меояд.
Мисрро тўхфаи Нил меноманд ва ин бехуда нест, зеро ки махз дар сохилхои ин дарёи бузург тамаддуни ќадими ин кишвар пайдо гардидааст. Баррасии илмии таърихи маданияти Миср дар асри Х1Х огоз ёфт. То ин ваќт аз рўи маълумоти Инљил ва муаррихони Юнону Рим ба маданияти мисриён бахо медоданд. Кохин Менафон бо забони юнони«Таърихи Миср»-ро менависад, ки дар он тамоми воќеахои таърихию маданиро ба таври хронологитасвир менамояд. Дар ин сарзамин ёдгорихои бисёре (ахром, муљассамахо ва ѓ.) вуљуд доранд, ки нишонаи маданияти бой доштани мардумони ин кишвар аст.
Соли 1822 олими фаронсавиФ.Шампоньон мифтохи ќироати иероглифхои мисриёнро дарёфта, пайдоиши хатро дар ин мамлакат пештар аз дигар мамлакатхои дунё тасдиќ намудааст. Мисриёни Ќадим халќи ягона буданд ва бо як забон харф мезаданд. Аз рўи намуди ботиниранги пасти љигаридоштанд.
Аввал давлатхои ѓуломдории хурд-хурд пайдо шуда, баъд дар натиљаи муборизахои шадид ба давлатхои бузурги ѓуломдоритабдил меёбанд. Соли 3000 то мелод гўё, ки аввалин давлати сулолавиро, подшох Менес таъсис додааст. Гул-гул шукуфии маданияти Миср дар давраи хукмронии сулолаи 4-уми фиръавнхо, ки асосгузори он Дисосер буд, мушохида мешавад. Умуман, се мархилаи таърихимуайян шудааст: шохигарии боло, миёна ва ќадима.
Сарчашмаи асосии омўзиши маданияти мисриён асотиру динхо мебошад, ки тавассути он фикру аќоиди худро нисбати ходисаю воќеахо баён менамуданд. Хусусан, дар бораи «Осирис»-Худои заминдорива некї, Худои офтоб «Ра» ва ѓайра. Иљрокунандаи иродаи худохо дар замин фиръавнхои дорои аќлу хираду тавоноибуданд. Фиръавн Аминохотепи–IV ислохоти динигузаронида, мардумро даъват менамояд, ки ба худои ягонаи Амон бовар намоянд. Дар Миср ќариб 40-вилоят вуљуд дошт, ки сокинони хар кадоми он ба дину бутхои гуногун саљда мекарданд. Инчунин парастиши хайвонхои гуногун, ба мисли гурба, саг, уќоб, шер ва ѓайра љой дошт. хамин тавр, дар даврахои ќадим мисриён дар холати бисёрхудоиумр ба сар мебурданд ва бо дасти фиръавнхо мамлакатро идора менамуданд. Дар замони то сулолавимардумро мисли дигар халќхо дар чуќурихои доирашакл дафн мекарданд. Дар замони сулолавифиръавнхо барои худ маќбарахои мураккаб месохтанд, ки намунаи он ахроми Миср мебошад. Масалан, ахроми Хеопс, Хефрен, Хуфу ва ѓайра сохта мешаванд, ки аввалин мўъљизаи љахон махсуб мегарданд. Пайдоиши ахромро аз ду љихат асоснок кардан мумкин аст. Аз љихати иќтисодива психологива онро меъмор Имхотеп дар асри У1 пеш аз мелод ба лоиха гирифта, баъд ба сохтани он шурўъ намудааст.
Ба таъсири калони дин нигох накарда, дар Миср илмхои гуногун пайдо шуда, инкишоф ёфтааст. Мисриён донишхои худро дар мактабхои махсуси назди дарборитакмил медоданд.
Математика, геометрия, астрономия, тиб, кимё ва дигар илмхо ташаккул меёбанд ва ба дигар минтаќахои дунё пахн мешаванд. Мисриёни ќадим масохати секунља, чоркунља, трапетсия, доира, хаљми пирамидахои сарбуридаро хисоб карда метавонистанд. Дар асоси мушохидахои астрономии худ таќвим тартиб доданд.
Хамин тариќ, дастовардхои бехтарини мисриёни ќадим дар пешрафти маданияти љахонитаъсири калон расонидааст. Сохтмонхои бошукўх, муљассамахои аљоиб, расмхои нафис, адабиёти бою рангин ва системаи донишхои Мисри Ќадим шахсро бо нотакрорї, бадеият, мазмуни чуќури худ ба хайрат меоваранд.
Маданияти Байнаннахрайн
Байнаннахрайн –дигар маркази бузургтарини тамаддуни љахонимебошад, ки давлатхои ѓуломдоридар он љо баробари давлатхои Миср пайдо шудаанд. Калимаи Байнаннахрайн (Месопотамия) аз забони юнонигирифта шуда, маънои миёна, яъне байни ду дарё (нахр)-ро дорад. Минтаќаи дар байни дарёи Даљла ва Фурот воќеъ гардидаро бо ин ном ба забон мегиранд. Дар ин љо шахрхо, давлатхо, ба монанди Шумер, Аккад, Бобул, Ассирия Лагаш ва ѓайра воќеъ гардида буданд. хозир бошад, дар ин минтаќа давлатхои Сурия, Ироќ, Туркия ва баъзе дигар давлатхо љойгир шудаанд.