Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция
Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.
Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.
Маданияти Рими Ќадим
Рими Ќадим, ки онро бародарон Ромул ва Рем (754-753 то мелод) асос гузошта буданд, яке аз давлатхои калонтарини сохили бахри Миёназамин буд. Маданияти ин кишвар аз бисёр љихатхо бо маданияти юнониён монандидорад, хусусан дар сохаи санъат. Ба антропосентризми юнониён, римиён љахонфахмии нисбатан баландро ворид намуданд. Аниќива таърихияти тафаккур, назму насри љиддиба асоси маданияти римиён гузошта шуда буд. Вакте ки мо Рим мегўем, чангхои гладиаторї, императорон Нерон, Юлий Сезар ва дигар ашхоси намоёни Рим ба хотир меояд. Хусусан макоми императорони Рим дар инкишофи маданияти ин кишвар хеле бузург аст. Масалан: император Август гуфта буд: ки Рими-Хиштиро ќабул карда ба ворисон Рим мармари боќигузоштааст, Калигула мехост аспи худро сенатор таъин намояд; Веспасиан гуфта буд, ки пул бўй надорад ва олихиммат Тит, ки агар ягон кори хуб накунад, мегуфт «Дўстон ман як рўзро гум кардам».
Дар маданияти римиён хусусиятхои санъати халќхои тобеи империяи Рим мушохида карда мешавад. Санъати рими инчунин дар асоси бахамоии санъати ќабилахои итолиёвиба вуљуд омадааст. Хусусан, этрускхо, римиёнро бо санъати шахрсозї, наќќошии деворї, муљассамасозишинос намуданд. Лекин дар асос, таъсири санъати юнониён баръало аён мегардад. Юнониён чихеле, ки ќайд шуд, бохашаматї, хушохангива зебоиро эътироф мекарданд, римиён бошанд ба ѓайр аз бузургии ќувва дигар чизро эътироф намекарданд.
Ёдгорихои меъмории римиён, хатто дар холати вайрониинсонро ба хайрат меоваранд. Онхо дар меъмории љахонидавраи навро оѓоз намуда, бештар ба сохтани бинохои љамъиятикўшиш менамуданд. Римиён бо ихтирооти худ бо бинохои дорои услуби гуногун ва боигарии шаклхои композитсионишўхрати љахонипайдо намуданд. Онхо иншоотхои мухандисиро (кўпрукхо, роххо, ќалъахо, бандархо ва ѓайра) хамчун объекти меъмориба мухити xуѓрофии шахр ва дехот ворид намуданд.
Дар охири асри 1 то мелод давлати Рим аз республикаи аристократиба империя табдил ёфт. Ин давраи хукмронии император Август буд, ки чун «асри тиллоии» маданияти Рим маълум аст. Ин давра бо номхои меъмор Витрувий, таърихшинос Тит Ливий, шоирон Вергилий, Овидий зич алоќаманд аст. Ин замони сохтмони комплексхои бузурги меъмори(масалан Форуми республикавива императорї), бинохои бисёрошёна ба хисоб меравад. Таљассуми бузургива ахамияти таърихии Рими императорииншооти «Тоќи нусрат» (триумфальная арка) буд, ки ѓалабахои љангиро таърифу тавсиф мекард. Аз хама бузургтарин иншооти Рими ќадим Кализея буд, ки дар ин xо љангхои гладиаторинамоиш дода мешуд.
Хусусияти дигари маданияти ин кишвар дар релеф ва пластика мушохида мешавад. Дар майдони Миррих, ёдгории монументалии мармарин бо номи «Мехроби љахон» бино карда мешавад, ки он ѓалабаи Августро аз болои Испания ва Италия таљассум менамуд. Портрети Нерон, муљассамаи Марк Аврелий дар болои асп (аз биринљи) офарида мешаванд, ки дар онхо тамоми хусусиятхои зохирива ботинї, инчунин рухияи нозуку нигохи хаяxоновари онхо инъикос гардидааст.
Хамин тавр, дар санъати римисистемаи нави тафаккур пайдо мешавад, ки дар он, харакат ба сўи хастии маънавї, ки ба санъати давраи асримиёнагиниз хос аст мушохида мешавад. Соли 395 империяи Рим ба ќисмати Fарбива Шарќитаќсим гардид. Дар асрхои IV-VII дар Рими аз тарафи варвархо тороxшудаю вайронгардида шахрхои нав бино гардиданд, ки дар онхо анъанахои ќадими санъати римимушохида мешаванд ва образхои бадеии хунармандони Рим ба устодони замони Эхё илхоми тоза мебахшиданд.
Хамин тавр, Рим дар таърихи љахониунвони шахри xовидро гирифтааст, ки дастовардхои бузурги он, ба монанди хуќуќиримї, театр ва сирки гладиаторї, Пантеон (маъбади Худоён), санъати меъморива нотиќии римиён ба тамаддуни Аврупо наќши бузург гузошт. Пайдоиши дини насронибошад сахифаи нави маданияти љахониро мекушояд.
Саволхо барои такрор ва мустахкамкунї
А) аз хазорсолаи III пеш аз мелод то асри III мелодї
Б) аз асри VI пеш аз мелод то асри I мелоди
В) аз асри I мелодито асри VI мелодї
А) Иллиада, Одиссея, достонхои Гесиод.
Б) ёдгорихои бостоншиносї
В) асархои файласуфони Юнон
А) офарандагони мамлакати Элладаро (Юнон)
Б) ќабилахои германиро
В) гурўхи халќхои кўчманчиро
А) нависанда, муаллифи «Иллиада ва Одиссея»
Б) хаxвнигори римї
В) асосгузори санъати мусиќидар Юнон
А) асрхои V-IV пеш аз мелодро
Б) асрхои I-III пеш аз мелод
В) асрхои III-V пеш аз мелод
А) ќасри Артемида дар Эфес, дахмаи Галикарнас, муљассамаи Зевс дар Олимпия
Б) боѓхои муаллаќи Бобулистон
В) Персополь ва навиштаљотхои Бехистун
А) хушоханги нуронї
Б) номи меъмории ёдгорї
В) равияи бадеидар адабиёти Юнон
А) торик, бетартиб
Б) муќобилгузорї
В) бедоршавии табиат
А) бародарон Ромул ва Рем
Б) Каллигула
В) император Август
АДАБИЁТ
Наќша:
Тавсифи умумии маданияти асри миёна
Ба ивази замони Атиќа давраи асримиёнагии инкишофи маданияти љахонимеояд, ки мархилаи пайдоиш, инкишоф ва таназзули феодализм ба шумор меравад. Ин давраи хукмронии назарияхои динї, схоластика, инквизитсия, љангхои байнихамдигарива аз байн рафтани маданияти бои Юнону Римимегардад. Асархои миёна зиёда аз 1000 соли таърихи инсониятро, тахмин аз асрхои V то ХV ва дар баъзе мамлакатхо то асри ХVII-ХVIII дар бар мегирад. Н.А.Бердяев ба ин давра бахо дода гуфтааст, ки «Асри миёна-давраи аз хама мўъљизаноки таърихи љахонибуда, пур аз антитезисхо, зиддиятхо мебошад».
Истилохи «асри миёна» аз асри ХVII ба китобхои таърихива фалсафиворид мегардад ва то имрўз истифода мешавад. Пайдоиши феодализм ба тараќќиёти баланди иќтисодиёт замина мегардад. Агарчанде аз байн рафтани тамаддуни атиќа фоxиа шуморида шавад, лекин чунин вазъият на танхо дар натиљаи тохтутози варвархо, балки аз сабаби таназзули худи тамаддуни ѓуломдориба вуљуд омадааст. Пайдоиши халќхо ва давлатхои нав, ба вуљуд омадани дини насронї, инкишофи адабиёт ва санъат, тараќќиёти илмхои гуногун, хусусан фалсафа ва ѓайра нишонахои асосии маданияти ин замон аст.
Яке аз хусусиятхои асосии маданияти замони асримиёнагиин бовариба худо аст, ки дини насронионро ба вуљуд оварда, ба xои маданияти дуньявии атиќа xорименамояд. Ин идеологияи диничун ќувваи муттахидкунанда наќш бозида, ба маданияти ин давра томияти муайянро медихад. Асоси онро парастиш ва хизмат ба худо ташкил медод. Яъне теосентризм – худоро ба мадди аввал гузошта, онро маќсади асосива марказии инсон мешуморад. Бо воситаи ахлоќ ва мухаббати осмонию замини(дўст доштани Худо) тамоми арзишхои инсониро ба дараљаи баланд мебардорад. Дини насрони аз нуќтаи назари В.В. Соловьев «дини инсониабстрактї» гардид ва ахлоќи он шакли умумибашариро гирифт.
Хулосаи маънидодкунии љахон дар муќобилгузории Худо ва табиат, осмон ва замин, рух ва xисм инъикос меёбад. Љахон хамчун майдони муборизахои ќуввахои осмонива дўзахї, некива бадитасаввур карда мешуд. Мардумони асримиёнагиба хар як мўъxизот боваридоштанд ва хар чизе, ки дар «Инљил» гуфта шуда буд, чун хаќиќат дарк мекарданд.
Давраи асри миёна замони инкишофи хунармандимегардад ва он асоси пайдоиши сохахои нави санъат мегардад. Махз хамин санъаткоримаданиятро аз бетартибии ибтидоиxудо мекунад. Шахрхои на он ќадар калон (20 х. ахолї) ба марказхои хунармандитабдил мегарданд. Дар асри VI «хафт санъат», ки ба асоси таълимоти мактаби атиќа гузошта шуда буд, ба талаботи калисо мутобиќ гардонида шуданд. Яъне, илмхои вуљуддошта ба ду зина xудо карда шуданд: поёни(тризиум) – грамматика, риторика, диалектика ва оли(квадризм) хандаса, риёзї, нуљум ва мусиќї. Лекин обрўю эътибори «Инљил ва илохиётшиносї» аз хама боло гузошта мешавад.
хамин тавр, дар асри миёна инсоният дар рохи тараќќиёти моддива маънавихеле пеш рафта, давлатхои миллии Англия, Франсия, Германия, Руссия, Туркия, Япония ва ѓайра пайдо мешаванд
Пайдоиши дини насрони. Маданияти Византия.
Дар аввали асри якуми милодидар ќисми шарќии империяи Рим (Византия) дини насрониба арсаи таърих омад, ки асосгузори он Исои Масех буд. Асоси ѓоявии маданияти масехиро якчанд маданиятхои дигар ташкил доданд. Масалан, яхудї, фалсафаи юнонию римї, динхои Шарќи ќадим. Дарки меъёрхои хаётива арзишхои маънавии маданияти замони атиќа дар китоби «Апокалипсис» инъикос гардидааст. Азxумла идеяи баробарии умум, ки гўё хамаи одамон (яхудиён, римиён, варвархо, ѓуломон, боён, камбаѓалон) дар назди Худо гунахкор хастанд ва хама бандаи Худо мебошанд. Махкум кардани боигарї, хасисива эълон намудани мехнати хамагон. Ин ва дигар ѓояхоро дини насронитарѓибу ташвиќ менамояд.
Аз давраи эътироф шудани дини насрони(с. 313 Эдикти Константин) аввалин калисохои насронибо номи «Базилик» пайдо мешаванд (аз номи сардори онхо Базиликс). Ин бинои росткунља буда, ду сўи он ба тарафи Fарбу Шарќ нигаронида шуда буд. Ба ѓайр аз ин дигар намуди калисохои доирашакл пайдо мешаванд, ки онхо кунљхои бисёр доштанд. Ин ду намуди калисохои аввала образи ќасрхои романива готигардиданд, ки онхо рамзи асосии Аврупои асримиёнагишуданд. Аввалин калисохо аз берун намуди содда доштанд, лекин намуди дохилии онхо хеле зебо ва дилчасп буданд. Агар дар дохили ибодатгоххои замони атиќа акси императорон ва муљассамахои онхо дида шавад, дар калисохои насронибошад, сюжетхои гуногуни динибо симои Исои Масех ва дигар шахсони муќаддас мушохида карда мешуд. Симои Исои Масех дар чунин асархои диниба монанди «Апокалипсис», «Послания Апостолов», «Деяния Апостолов», «Евангелие» инъикос гардидааст.