Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция
Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.
Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.
Византия давлате буд, ки соли 395 дар натиљаи сукути Империяи Рим ташкил ёфта, то миёнахои асри ХV арзи вуљуд дошт. Дар аввали замони асримиёнагиВизантия ягона давлати нигахдорандаи анъанахои давраи атиќа хисоб мешуд, ки он бо маданияти анъанавии халќхои ин сарзамин мисриён, суриягихо, халќхои Осиёи Хурд ва Моварои Кафкоз омезиш ёфта буд. Дар натиљаи ихтилофхои динива сиёсиимперияи Рим ба ду ќисм xудо мешавад. Ќисми ѓарбии он баъдтар маркази калисои католикимегардад. Дар Fарб таъсири хуќуќи римизиёд буд дар Шарќ бошад, фалсафаи атиќа навафеотуния (неоплотонизм) нуфузи зиёд дошт.
Шахрхои Византия чехраи эллинистии худро нигох дошта, баробари ин хусусиятхои маданияти насрониро ворид намуданд. Соли 425 университети Византия таъсис дода шуд, ки дар он xо омўзиши классикаи замони гузашта хеле хуб ба рох монда шуда буд.
Византия барои мардумони дунё асархои Гомер, Эсхил, Софокл ва дигар файласуфону олимони замони атиќаро нигох дошта, забони юнониро ба дараљаи баланд бардошт. Барои маданияти Византия чунин хосиятхо хос буд: тантанаи шахомат ва маънавиёти баланд, зебоии намуд ва дурандешї. Дар инкишофи маданияти Византия чунин даврахоро мушохида кардан мумкин аст: а) давраи арафаи дини насронї, б) мархилахои аввали византиягї, в) иконапарастї, г) баъди иконапарастї.
Хусусиятхои хоси маданияти Византия чунин аст: 1) Синтези унсурхои Fарби ва Шарќидар асоси сарварии анъанахои юнону римї. 2) Нигох дошта шудани анъанахои замони атиќа, ки дар заминаи он эхёи аврупоиба вуљуд омад. 3)хокимияти пурќуввати мутамарказ, ки санъати дунявиро тавонист, нигох дорад. 4) Провославия, ки ба мухити моддива маънавитаъсир расонид.
хамин тавр, Византия ба мисли ќисми ѓарбии империяи Рим ёдгорихои давраи атиќаро несту нобуд накарданд ва баробари ин чунин дастовардхои эљодии худро ба мисли санъати тасвирии монументалї, мозаика, фреска, икона, миниатюрахои китобива ѓайраро ба вуљуд оварда, пахн намуданд. Шавќу раѓбати зиёд ба донишхои илмизохир мешавад. Ќомусхо оид ба таърих, хољагии ќишлоќ, тиб, хуќуќ пайдо мегардад ва жанрхои гуногуни адабию бадеидар сохахои гуногуни санъат истифода мегардад.
Маданияти Аврупои Fарбива католисизм
Санъати романива готи
Дар ќисми ѓарбии империяи Рим хукмронии мутлаќи калисои католикимушохида мешавад. Абарќудратии калисои католикитамоми xабхахои хаёти љамъиятиро фаро гирифта буд. Пурзўр шудани xанбаи динидар фалсафа мушохида мешавад, ки намояндагони машхури он Августин, Фома Аквинї, Марк Аврелий ва дигарон буданд.
Соли 476 мелодиимперияи Fарбии Рим дар натиљаи бўхрони сохти ѓуломдорива хуxуми ќабилаи «варвархо» аз шимол пароканда шуд. Варвархо ќабилаи германибуданд, ки дар худуди империяи Fарбии Рим давлатхои мустаќилро ташкил намуданд. Дар Галлия (Германияи Шарќї) франкхо, дар шимолии Испания – вестготхо, дар Италия – остготхо, дар Англия – англосаксхо љой гирифтанд. Аз ин сабаб, маданияти Аврупои Fарбигуногунранг буда, анъанахои бадеии ќабилаи «варвархо» маќоми асосиро иљро намудааст.
Калимаи «варвар» хамчун муродифи ашхоси берахмона вайронкунандаи маданият хисоб карда мешавад, лекин дар айни хол онхо офарандаи маданияти нав буданд. Муайянкунандаи санъати онхо зиннатива наќшу нигор буд, ки дар он унсурхои тасвири абстрактии хайвонот мушохида мешавад. Дар аввал дар ќисми ѓарбии империяи Рим калисохои сангин месохтанд, шахсони муќаддасро тасвир мекарданд, хайвонхои афсонавиро инъикос менамуданд. Баъдтар бошад шаклхо ва услубхои нави адабию-бадеиба вуљуд меоянд. Дар давраи аввали асримиёнаги«ќалъа» ва «дайр» (моностир) марказхои маданихисоб мешуданд. Махз маданияти дайриба љамъияти варвархо асосхои донишро омўзониданд ва бо ин рох он чизи ночизе, ки аз давраи атиќа боќимонда буд, нигох дошта мешавад. Дар назди дайрхо мактабхое пайдо гардиданд, ки матнхои атиќаро пахн мекарданд.
Ба хамаи ин нигох накарда, дин бар аќлу хиради инсон хукмронимекард. На танхо дар байни дехќонон, балки дар байни феодалон одамони саводнок хеле кам буданд. Дар хамаи мамлакатхои Аврупои Fарбитаълиму тарбия бо забони лотинимегузашт, бо ин забон китобхо менавиштанд, ибодат мекарданд.
Дар ќисми Fарбии империяи Рим санъати меъмориба дараљаи баланд тараќќикарда, ёдгорихои гуногун аввал аз чўб, баъд аз санг сохта мешаванд. (Масалан, дахмаи шохи остготхо Теодорих дар Италия). Нишона аз санъати рассомии асрхои V-VIII на чандон зиёд аст, фаќат миниатюрахои китобибоќимондааст.
Подшохи франкхо Карли Кабир аввалин империяи асримиёнагиро ташкил намуд ва аз ин рў маданияти ин давраро маданияти каролинименоманд. Баъди вафоти ў империяи бузург бархам хўрд, лекин «эхёи королинї» аввалин нишонаи раванди таxлили тамаддуни Fарб аст.
Яке аз ходисахои мадании Аврупои Fарбиин пайдоиши санъати романиаст. Саволе пайдо мешавад, ки барои чи санъати асри IX-XI-ро романименоманд? Рухияи љанговарива талаботи доимии худмухофизатидар санъати романимушохида мешавад. Дехќонон озодии худро гум карда, крепостнои хўxаини худ буданд. Љангхо хусусияти асосии ин давра буд ва аз ин рў чизи асосие, ки услуби санъати романиба вуљуд овард – ин ќаср – ќалъаи љанговарон, ё ки ибодатгох - ќалъаи Худо, ки дар он Худо дар образи феодали олитаљассум ёфтааст. Бинохои романибо табиат омезиш ёфта, рельефи махалро бой мегардонанд. Чехраи бинохои услуби романибо деворхои ѓафси сангин ва оинахои хурди худ диќќати инсонро xалб менамоянд.
Дигар услубе, ки дар ин давра пайдо мегардад ин санъати готиаст, ки аз номи ќабилаи германии Готхо гирифта шудааст. Аз шакли хаймаи готхои ќадим, ки гўё ќуллахои дарахтони назди якдигар мерўидаро пайваст мекарда бошад, гирифта шудааст. Ин воќеаи маданиба асрхои XIII-XIV рост меояд, ки ќуллаи баланди маданияти асримиёнагиба шумор меравад. Дар ин давра адабиёти дуньявї, санъати театриинкишоф меёбад, ки дар онхо арзишхои мифологива дунявиомезиш меёбанд.
Олими англис Дж. Реекин гумон мекард, ки «миллатхои бузург тарљумаи холи худро дар се китоб- китоби калимахо, китоби корхо ва китоби санъат» менависанд, лекин фаќат охиринаш мансуби бовариаст. Чунин рамзи санъат дар замони Готимасљиди xомеи готигардид. Меъморимисли мусиќии шахшудамонда (Шеннинг) мисли мусиќии беовоз (Гете) тасаввур карда мешуд ва пеш аз хама ќасрхои бохашамати готиро дар назар доштанд.
Саволхо барои такрор ва мустахкамкунї
1. Замони асримиёнагикадом асрхоро дар бар мегирад?
А) асрхои IV-XIV мелодї
Б) асрхои I-X мелодї
В) асрхои III-VI мелодї
2. Хусусияти асосии маданияти давраи асримиёнагиаз чииборат аст?
А) аз бовариба ќувваи худованд ва илохиёт
Б) аз бовариба ќувваи инсон
В) ягонагии xисм ва рўх
3.Дар давраи асримиёнагикадом давлатхои дунё пайдо мешаванд?
А) Англия, Фронса, Русия , Туркия
Б) Япония, Корея, Португалия
В) хамаи давлатхои Аврупо
А) асри 1-уми мелодидар Византия
Б) асри 1-уми пеш аз мелод дар Рим
В) Асри Х мелодидар Русия
А) дар «Инљил» (Библия)
Б) дар «Апокалипсис»
В) дар «Таврот ва Забур»
А) провославї
Б) католикї
В) протестантизм
А) Константин
Б) Александр
В) Юстаниан
А) католикї
Б) провославї
В) протестантї
А) санъати тасвирї, меъморї
Б) адабиёт ва илм
В) дину оин ва ибодатгоххои динї.
Адабиёт:
Наќша:
Хусусиятхои асосии маданияти замони Эхё.
Замони Эхёи аврупоияке аз даврахои навбатии инкишофи маданияти љахонимебошад, ки мархилаи гузариш аз маданияти асримиёнагиба маданияти замони нав хисобида мешавад. Маркази харакати Эхё шахрхои Италия ба шумор меравад, ки дар он xо ин ходисаи бузурги маданидар асрхои Х1V-ХV1 рўй медихад ва минбаъд ба дигар мамлакатхои Аврупо ворид мегардад.
Калимаи Эхё дар хотираи инсон тимсоли паррандаи афсонавии самандарро ба вуљуд меоварад, ки раванди доимии зиндашавиро таљассум менамояд. Истилохи Эхё хатто дар байни одамоне, ки таърихро хуб намедонанд, таассуроти давраи пурнури таърихиро ба вуљуд меоварад. Чунин таассурот умуман дуруст аст, зеро ки ин мархилаи гулгулшукуфии илму санъат ва адабиёт мебошад ва намояндагони он аз худ мероси бебахое гузоштаанд.
Калимаи «Ќenissans» (Возрождение), яъне Эхё аз тарафи Джорджо Вазари, ки хамчун рассом, меъмор, таърихнигор шўхрат ёфта буд, истифода бурда мешавад, ба хотири нишон додани давраи санъати итолиёвиаз соли 1250 то 1550, чун Эхёи давраи атиќа. Дар асри ХV1 мазмуни ин мафхум нисбатан махдуд мешавад ва мазмуни эхёи атиќа чун тимсоли идеалинишон дода мешавад. Дере нагузашта мазмуни калимаи Эхё маънои озод шудани илм ва санъат аз илохиёт, ба вуљуд омадани адабиёти миллї, кўшиши инсон ба озодива махдуд шудани калисои католикиро дар худ инъикос мекард. Эхё хаќиќатан ба гуманизм замина гузошт.
Дар ин давра ба мадди аввал инсон бо имкониятхои бехудуди худ гузошта, ќудрати бехамтои ў тавсиф карда мешавад. Яъне, гузариш аз теосентризми асримиёнагиба антропосентризм мушохида мешавад. Дар ин давра шахрхои Италия ба маркази савдо, хунармандї, илму санъат мубаддал мегарданд. Дар ин шахрхо мардумони сохибкор, ўхдабаро, бофаросате, ки дар хар як холат фоидаи худро xустуxў мекарданд, xамъ шуда буданд. Махз маданияти шахриодамони нав ва муносибати навро ба хаёт ифода кард, мухитеро ба вуљуд овард, ки дар он ѓояхои бузург ва асархои олидараља офарида шуд. Намояндагони давраи Эхё боварии худро ба худо гум накарда, баробари ин ба худ ва љахони ихотакунанда ба назари нав менигаристанд. Бузургива масъулияти худро барои таќдири худ Эхсос намуда, баробари он чун одамони асримиёнагибоќимонданд. Бархурдории асосхои атиќа ва дини насронисабаби духела шудани инсон мегардад, мегўяд файласуф Н.Бердяев. Рассомони давраи Эхё, ќайд мекунад файласуфи номбурда, девонаи гузариш ба замони нав буданд. Чунин орзуро ба онхо Исои Масех медихад ва ќувваи офаридгорро дар худ хис намуда, ба назди худ вазифахои бузург мегузоштанд. Ба маданияти замони Эхё бахо дода набояд аз хотир барояд, ки саводнокибарои табаќахои оли(аъёну ашроф), аристократхо хос буд. Таъсири васеи он ба табаќахои гуногуни ахолинисбатан дертар мушохида мешавад. Лекин дар арсаи умумиљахонигуманистон чун табаќаи нави љамъиятибаромад мекарданд, ки нишонахои табаќавивуљуд надошт ва хар як шахс аз нуќтаи назари саводнокимавќеъ дошт.