Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция

Краткое описание

Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.

Содержание

Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.

Вложенные файлы: 1 файл

Маќсад ва вазифаи омўзиши фанни фархангшиноси.docx

— 192.78 Кб (Скачать файл)

Аз сабаби характери  гузариш доштани  давраи эхёи итолиёвихудуди хронологии онро муайян кардан хеле душвор аст. Агар хусусиятхои  муайяншудаи ин давраро  ба асос гирифта (гуманизм, антропосентризм, модификатсияи  анъанахои масехии  Эхёи атиќа) назар  кунем, хронологияи  замони Эхё чунин  ба назар мерасад. Ваќте, ки хусусиятхои  номбурда навакак  пайдо мегардад, чун  мархилаи пеш аз Эхё, Проторенессанс характеристика дода мешавад. Инчунин  бо нишон додани номи садсолахо – дученто (солхои 20-уми  асри Х111) – триченто (солхои 30-уми  асри Х1V) – квадроченто (солхои 40-уми  асри ХV) – сархаду  мархилахои Эхёи аврупоимуайян  карда мешавад. Мархилае, ки дар он инкишофи олии ѓоя ва принсипхои эхёи маданияти итолиёвимушохида мешавад, номи Эхёи баландро гирифтааст (чинквеченто  – (солхои 50-уми асри ХV1)). Маданияти замони Эхё чунин шахсони  бузургро ба арсаи  таърих овардааст: шоирон Данте Алигери, Xованни Бокачљо, рассомон Леонардо да Винчи, Тисиан, Рафаэл Санти ва ѓайра.

хамин тариќ, дарки  дунявии љахон, ки бо зебоии шохипур  карда шудааст, яке  аз вазифахои љахонфахмии  даврони Эхё ба шумор меравад. Дунёи  воќеиинсонро ба худ xалб  мекунад ва худи инсон  онро хубтар эхсос  менамояд. Чашми инсон  аз нуќтаи назари намояндагони маданияти ин давра, бехтарин хискунандаи  олами моддива  маънавиаст. Лекин  бояд ќайд кард, ки дар  натиљаи харакати таxаддуд дар мамлакатхои  Аврупо, алалхусус  Италия мухити нави маънавї, иќтисодива сиёсипайдо мешавад.

 

Эхёи  Шимоли.

харакати Эхёв на танхо дар Италия, балки дар дигар  давлатхои Аврупо ва хусусан дар  ќисмати шимолии  он низ мушохида мешавад. Махсусан дар Нидерландия, Олмон, ки дар шахрхои  Антверпон, Нюренбург, Амстердам, Витенбург, Аусбург намояндагони машхури харакати эхё зиндагимекарданд. Дар ба вуљудоии эхёи олмоничунин омилхои  иќтисодимаќоми калон  бозиданд: инкишофи коркарди маъданхои  кўхива саноати бофандагї, ворид шудани муносибатхои молию пулива раванди  бозоргонї.

Омилхои анъанавии  таъсири маданияти  атиќа ба Эхёи Шимоли на он ќадар бузург аст. Барои хамин  хам нисбат ба нишонахои  маданияти атиќа, бештар хусусиятхои  готии асримиёнагимушохида  карда мешавад. Эхёи Шимоли бештар ба харакати ислохотчигива љангхои  дехќониалоќамандидорад. Саршавии эхёи шимолиро Мартен Лютер бо тарљимаи «Инљил» бо забони олмонизамина мегузорад. Инчунин китоби муќаддаси  насрониён ба забони англисї  фаронсавитарљума карда мешавад, ки ин ходисаи баѓоят бузурги маданигардид. Идеяи Лютерани табаќахои прогрессивии Олмонро мутаххид намуда, Томас Мюнсер барин намояндагони машхурро ба майдон овард.

Дигар намояндаи  эхёи шимоли дар сохаи  санъати тасвириАлбрехт Дюрер буд, ки махорати ў дар санъати  тасвирии Аврупо наќши  бузург мегузорад. Расми  падар ва автопортрете, ки вай дар синни 112 солагимеофарад, шўхрати  љахонидорад. Лекин  ба ў реализми идеявии  эхёи итолиёвимаъќул набуд, вай мехост дар санъати тасвириба  аниќияти илмисохиб  гардад. Боз як намояндаи  санъати тасвириЛукас Крахан буд, ки дар  эљодиёти ў услуби готинамоён аст. Образи занон (мадонна) ва дигар  ќахрамонхои Инљилии  ў аз ќабили хамзамонони  рассом буданд. Онхо хеле нозук бо рангу  рўи дилчасп ва чехраи мўъљизанок тасвир карда шудаанд.

Дар сохаи меъмори  принсипхои наќшгирии  эхёвидар шахрхои  Аусбург, Нюнберг, Галл ба назар мерасад. Ин принсипхо ба анъанахои  готиякxоя шуда ба меъмории олмонинаќши гуногунранг  медиханд. Калисохои  католикї, ќасрхои  феодалї, ќалъахо  хеле бисёр пайдо  мешаванд.

Дар санъати мусиќишаклхо ва услубхои гуногун  мушохида мешавад.  Шаклхои фолклорї, мусиќии вокалї, гимнхои  миллї, балету опера  ва дигар услубхо  инкишоф меёбанд. Намояндагони машхури  санъати мусиќиК.Пауман, Г.Изак ва дигарон  мусиќии динива дунявиро ба хотири навозиш  тавассути асбоби мусиќии «Арѓунун» («Орган») офариданд. Г.Шютс операи аввалин бо номи «Дафна»  ва балети аввалин  бо унвони «Орорей» ва «Эврика»-ро эљод намуд.

Хамин тариќ, эхёи шимоли на он ќадар  тўлонибуд, зеро ки љанги 30-сола ба тараќќиёти мадании  Олмон монеа гардид. Лекин дар таърихи  маданияти љахониин давра хамчун зухуроти таи боќимондааст, чун давраи устодони сухан ва рассомї. Ин ду шакли санъат бо хам омезиш ёфта, тимсолхои гуногунрангро  офариданд. Мистисизми Готикиасоси эхёи шимоли гардида, љахонбинии миллии олмонї, ки дар  эпоси «Сурудхо дар  бораи Небелунг»  пурра инъикос  гардидааст, имконият медихад, ки ба раванди  мадании умумиаврупоиворид  гарданд.

 

Навоварони  санъати тасвирии замони Эхё 

 

Замони эхёро  бешубха, давраи тиллоии  санъати тасвирименоманд, зеро ки намояндагони машхури ин санъат Леонардо да Винчи, Микеланxело, Рафаэл Санти ва дигарон  арзи вуљуд карда, асархои бебахои  худро офариданд. Рассомони замони эхё ќонунхо ва принсипхои «хати  рости  перспективї»-ро кашф намуда, расмро ба оина шабохат медоданд, ки бо воситаи он инсон ба љахон  менигарист ва онро дарк менамуд. Устодони замони эхёро аксар  ваќт «Титанхо» меномиданд, бо назардошти универсализми  онхо.

Леонардо да Винчи  рассом, хайкалтарош, меъмор, нависанда, мусиќадон, математик, ботаник  ва хатто инженери сохаи харбибуд. Аз рўи нишондоди  Вазаривай ба зебоии зохирии худ аниќии хар як рухияи ѓамгинро таъмин менамуд. Лекин  дар хар як чизе, ки оид ба хаёти  Леонардо да Винчи  медонем, ишорае дар  бораи хаёти шахсии ў, оилаи  ў,   дар бораи хушбахтию  хурсандии ў, ё  ки ѓаму ѓусса аз муносибат бо мардумони  дигар нест. Лекин  мисли хаёти ин шахс хаёти пурмашаќќату андўхгин мумкин ќадар  љой надорад. Мероси бадеии Леонардо на он ќадар бисёр аст. Лекин образхое, ки вай офаридааст мухаббати поки инсонї, зебогии хаёт ва табиат, махорату мухаббати бепоёни ўро инъикос менамоянд. Масалан, дар расмхои худ бо номи «Мадонна с цветком», «Мадонна в гроте», «Джаконда» (Мона Лиза) маънохои васею мўъљизадорро љойгир намудааст.

Микеланxело Буонарроти низ чун хайкалтарош, рассом, шоир, меъмор  шўхрат пайдо кардааст. То дараљае ба корхои худ шавќу раѓбат ва мухаббати бепоён дошт, ки хатто аз муносибат ба одамон тамоман дур мешавад. Нисбат ба Леонардо дар љахонбинии ў  хиссиёти гражданимушохида мешавад. Бо тамоми санъати  худ Микеланxело  мехохад нишон  дихад, ки xисми инсон  аз хама зеботарин  дар табиат аст  ва аз он зеботар  чизе нест. Ин барои  он аст, ки зебогии  зохириинъикоси зебоии маънавиаст. Ў худро  пеш аз хама худро  хайкалтарош мехисобад. Дар силсилаи  скулптурахои ў бо номи «Побидитель» (Фотех) образи худи Микеланxело  ва рамзи хаёти  ў инъикос гардидааст. Ў 15 сол барои оростани оромгохи Мария Медичи дар Флоренсия  кор мекунад ва тамоми махорати худро  дар наќшу  меъморихои «Сахар», «Шом», «Рўз», «Шаб» ва ѓайра  инъикос менамояд.

Сеюмин намояндаи  санъати тасвириРафаэл  Санти буд, ки чун  рассоми гуногунжанр  машхур шудааст. Ў  устоди сохаи монументалива  портрет шуморида мешуд ва ханўз  дар давраи xавониба  дараљаи баланд ноил гардид. Дар галереяи миллии Лондон расми  ў бо номи «Сон рыцаря»  љой дорад , ки дар  синни 17- солагиаш офаридааст. Љанговари љахон  бо як муовизаи хиссиёти дохилива оромии рухитасвир гардидааст. Ин баробарии  дохилиро ў дар  расми нисбатан дертар офаридаи худ бо номи «Мадонна в конестабиле» боз таќвим медихад. Дар Флоренсия  чунин расмхоро бо номи «Мадонна в зелени», «Мадонна с щегленком», «Прекрасная садовница» меофарад. Рафаэл зебоива  тимсолхои нозукро  дўст медошт, барои  он ки худаш зебо ва навозишкор буд. Нисбат ба Леонардо, Рафаэл моро ба сиру асрори мўъљизанок банд намекунад, балки даъват менамояд, то ки зебогии дунёи  заминиро эхсос намоем. Мадоннахое, ки дар  Флоренсия меофарад – модарони хеле зебо, дилчасп ва муосир буда, Мадоннахое, ки дар Рим тасвир гардида буданд, шакли  нисбатан љиддива  дорои мохияти  чуќур буданд. Масалан, «Мадонна в кресле», «Сикстинская мадонна» аз хама расмхои шўхратноки Рафаэл шуморида мешавад.

хамин тариќ, орзуи  дарки љахон, ки дар  шахсиятхои давраи эхё  мушохида мешавад, ба шакли идроки бадеитабдил  меёбад. Лекин онхое, ки барои пурра  тасвир намудани табиати  зинда харакат  намудаанд, рассомони  замони Эхё  ба шумор  мераванд. Бо эљодиёти бадеимашѓул шуда, рассомон ба сохаи  оптика, физика ва тавассути  муаммои муовиза  ба анатомия ва математика ворид гардиданд. Барои хамин хам  Леонардо санъатро аз хама мухимтарин илм  хисобидааст, зеро ки санъат ба аќидаи ў  хаётро аниќ ва бо тамоми нозукихояш тасвир менамояд. Ў боз гуфтааст, ки љахон тавассути  хиссиёт дарк карда  шавад хам, чашм чун  шохи хиссиёт маќоми асосимебозад. Агарчанде  навоварони замони Эхё  аз худ мероси на он ќадар зиёд гузошта  бошанд хам, лекин  аз љихати сифат ва сабку услуби тасвир нотакрору ягонаанд. Ин мероси бебахо ба рассомони давру  замонхои сониилхоми баланд бахшида, онхоро ба эљодкорию навоваридаъват менамояд. 

 

Саволхо барои такрор ва мустахкамкунї

1. Замони  Эхёи  Аврупо кадом асрхоро  дар бар мегирад? 

А) асрхои Х1V-ХV1 мелодї

Б) асрхои Х-ХV мелодї

В) асрхои 1V-V111 мелодї

2. Маркази харакати  эхё кадом мамлакат  буд?

А) Италия

Б) Олмон

В) Нидерландия

3.Калимаи «Ќenissans» (Эхёро) киаввалин маротиба истифода мебарад ва ба хотири чї?

А) Д.Вазариба хотири нишон додани давраи санъати итолиёвиаз с. 1250 то с. 1550.

Б) Ситсерон ба хотири инъикоси маданияти  атиќа

В) Тотсит, ба хотири нишон додани дигаргунихои илми фалсафї

  1. Хусусияти асосии маданияти замони Эхё  аз чииборат аст?

А) гуманизм, ба мадди  аввал гузоштани  имконияти бехамтои инсон (антропосентризм)

Б) теосентризм  ва бовариба худо

В) илохиётшиносива  дини насронї

  1. Эхёи шимоли гуфта чиро дар назар доранд?

А) харакатхои эхёвиро  дар Олмон, Нидерландия  ва дигар мамлакатхои  Аврупои шимоли

Б) ба сўи шимол  пахн гардидани ѓояхои эхёвї

В) пурзўр шудани муносибатхои молию  пулї

  1. Намояндагони санъати тасвиридар Олмон кихо буданд?

А) Албрехт Дюрер, Лукос Крахан

Б) Томас Мюнсер, Мартен Лютер

В) Фома Аквини

7.  Навоварони  санъати тасвирии  замони эхёро номбар  кунед.

А) Леонардо да Винчи, Рафаэл, Микеланджело

Б) Веласкес, Рембрант

В) Рюрих, Берлиоз

  1. Рассомони замони эхё бештар кадом тимсолхоро меофариданд?

А) занон ва зебоии табиат

Б)  одамони  бадќахр ва муљассамахо

В)  ќахрамонхои  динива худохо

  1. Рассомони давраи Эхё боз ба чимуроxиат мекарданд?

А) ба донишхои илмї

Б) ба нишондодхои  папаи Рим

В) ба ќобилияту  имкониятхои илохї

 

Адабиёт

  1. Баткин Л.М. Итальянское Возрождение в поисках индивидуальности. М., 1989, с. 61-69.
  2. Брагина Л.М. Итальянский гуманизм. Этические учения Х1V- ХV вв. М., 1987, с. 19-26.
  3. Всемирная история. т. 2.
  4. Вазари Дж. Жизнеописания наиболее знаменитых живописцев, воятелей и зодчих эпохи Возрождения. Сп (б), 1992, с. 196-199.
  5. Культурология . Учебное пособие для высших учебных заведений. М., 1999.
  6. Эразм Ротердамский. Философские произведения., М., 1980, с. 115-129.

Информация о работе Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї