Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

Сафари мусофирон дар шаҳр бо истифодаи автобусҳо ба 2 гуруҳ тақсим мешаванд:

Сафарҳои меҳнатӣ, ки ба фаъолияти меҳнатии аҳолӣ вобаста  аст (сафари коргарон, хизматчиён, хонандаҳо  ба кор, таҳсил, инчунин аз кор ба таҳсил).

Сафарҳои маданӣ - маишӣ, ки ба истироҳат, ба марказҳои маданӣ ва объектҳои маишӣ вобастагӣ доранд (театр, боғи маданияту истироҳат, мағоза, вокзал ва ғайра).

Ба мусофирбарии автобусии шаҳрӣ инчунин мусофирбарӣ  бо истифодаи автобусҳои камғунҷоиш  - микроавтобусҳо дохил мешаванд.

Автомобил –  таксиҳои хати шабакаи мусофирбарии шаҳрро бо истифодабарии микроавтобусҳои 11 –ҷои нишастдор пур менамоянд. Онҳо барои мусофирбарӣ хусусиятҳои хоси худро доранд (ҳузурнокӣ, сарфи ками вақт).

 

2. Ба мусофирбарии  наздишаҳрӣ чунин мусофирбарӣ  дохил мешавад, ки хати ҳаракати онҳо берун аз ҳудуди шаҳр  мегузаранд ва масофаашон то 50 км мебошад. Ҳудуди наздишаҳрӣ бо қарори кумитаи иҷроия муайян карда мешавад. Масофаи байни истгоҳҳои хати сафар дар маҳаллаҳои аҳолинишин 500-700 метр, дар ҳудуди беаҳолӣ бошад 800 – 1200 метр ва аз ин ҳам зиёд ташкил менамояд. Фосилаи ҳаракати байни автобусҳо дар хатҳои наздишаҳрӣ аз характери селаи мусофирон вобаста буда, одатан 10-30 дақиқа ва аз ин ҳам зиёд мебошад.

Масофаи миёнаи мусофирбарӣ дар хатҳои ҳаракати наздишаҳрӣ 8-12 км буда, дарозии хати сафар бошад 15-50 км-ро ташкил медиҳад.

Мусофирбарии  автобусии наздишаҳрӣ бояд ба ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан, дарёӣ, баҳрӣ мутобиқ  намуда шавад.

Ба мусофирбарии деҳавӣ ҳаракати мусофирон ба чунин  хатҳои сафаре дохил мешаванд, ки онҳо маҳаллаҳои алоҳидаи деҳаҳоро байни худашон, деҳаро ба маркази ноҳия, бо стансияи роҳи оҳан, бо аэропорт, бандаргоҳ, штаб пайваст менамояд.

Мусофирбарии  деҳавиро одатан ба мусофирбарии дохилихоҷагӣ, дохилиноҳиявӣ тақсим менамоянд. Мусофирбарии деҳавӣ бо лаппиши селаи мусофирон дар миқёси ҳафта, давоми рӯз, фасли сол фарқ менамоянд.

 

3. Мусофирбарӣ  бо автобус, ки аз ҳудуди  шаҳр мебарояд бо масофаи аз 50 км зиёд аст, мусофирбарии  байнишаҳрӣ ҳисобида мешавад.  Мусофирбарии байнишаҳрӣ хусусияти  мавсимӣ дорад. Ҳаҷми мусофирбарӣ одатан тобистон зиёд мешавад. Мусофирбарии байнишаҳрӣ ба мусофирбарии дохиливилоятӣ ва байнивилоятӣ тақсим мешавад. Мусофирбарии дохиливилоятӣ ин мусофирбарии байни шаҳрҳои дохили як вилоят. Мусофирбарии байнивилоятӣ - мусофирбарии байни маркази вилоятҳо ё шаҳрҳои вилоятҳои гуногун.

Ба мусофирбарии байналхалқӣ чунин мусофирбариҳое дохил мешаванд, ки хатҳои сафар  аз сарҳади як давлат берун мебарояд. Мусофирбарии байнихалқӣ ба мусофирбарии мунтазам ва туристӣ, махсус тақсим мешаванд.

 

4. Мусофирбарии саёҳатӣ ва туристӣ одатан бо истифодаи нақлиёти автобусии истифодаи умум (дар асоси шартнома ё талаботҳои алоҳида) ё автобусҳои ташкилотҳои туристӣ- саёҳатӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ мегардад.

  Нақлиёти автобусии истифодаи умум мусофирбарии мунтазамро дар хатҳои сафари махсус (бурдани сохтмончиён, ангиштканон ва ғайра) дар асоси шартнома ва инчунин мусофирбарии якмаротибагӣ дар асоси талабномаҳои ташкилотҳо, идораҳо, шахсони алоҳида (ба лагери пионерӣ бурдани хонандаҳо, ба берун аз шаҳр рафтани коргарон ва ғайра) амалӣ мегардонад.

Мусофирбарии  якмаротибагӣ бо истифодаи автобусҳо метавонанд дар ҳудуди шаҳр ё берун аз он амалӣ гардад.

Ба мусофирбарии махсус мусофирбарӣ ба истироҳатгоҳҳо, бурдани кӯдакон ба ташкилотҳои  махсуси кӯдакона, бурда расонидани коргарон ва хизматчиён ба санаторияҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Бурда расонидани коргарон ва хизматчиён бо истифодаи  автобусҳои ташкилот ва идораҳои гуногун  ба мусофирбарии хизматӣ дохил мешавад.

 

 МАВЗӮИ 8.

НАМУДҲОИ МУСОФИРБАРӢ БО АВТОБУСҲО

 

Саволҳо:

  1. Идораи минтақавии иттиҳодияи истнҳсолии мусофирбарии нақлиёти автомобилӣ
  2. Намуди муассисаҳои мусофирбарии нақлиёти автмобилӣ
  3. Системаи комплексии идоранамоии сифати мусофирбарӣ

 

1. Нақлиёти мусофирбари  автомобилӣ нисбати таъинот ба  ду гуруҳ тақсим мешавад.

- нақлиёти истифодаи  умум

- нақлиёти таъиноти  идоравӣ.

Нақлиёти мусофирбарии таъиноти идоравӣ дар тобеияти вазоратҳои гуногуни соҳавӣ ё идораҳои алоҳида  буда барои мусофирбарии онҳо хизмат менамояд. Кори онҳоро раёсатҳо ё шӯъбаҳои алоҳидаи вазоратҳои соҳавӣ ташкил менамоянд. Ба ин ташкилотҳо бевосита МНА – ҳо дохил мешаванд. Кори нақлиёти автомобилии мусофирбарии истифодаи умумро бошад, вазоратҳои нақлиёти автомобилӣ ташкил менамоянд. Ин вазоратҳо дар дохили худ сарраёсати мусофирбарӣ ё раёсат оиди ташкили кори нақлиёти мусофирбариро дорост.

Ба сарраёсати мусофирбарии вазорат шӯъбаҳои мусофирбарии раёсатҳои мусофирбарии вилоятҳо дохил  мешаванд. Дар навбати худ кори шӯъбаҳои истифодабарии МНА мусофирбарро бевосита ин раёсатҳо ташкил менамоянд. Дар шароити зиёд будани шумораи автомобилҳои мусофирбар дар вилоятҳо ё ноҳияҳо муассисаҳои алоҳидаи мусофирбар ташкил карда мешаванд.

 

Сохти ташкилии муассисаи нақлиёти автобусӣ



 

 

 

 

 

 

 

 

Дар баъзе минтақаҳо натанҳо муассисаҳои алоҳидаи мусофирбарӣ, балки иттиҳодияҳои онҳо ташкил карда шавад. МНА, ки ба иттиҳодияҳо дохил мешаванд, метавонанд ҳамчун муассисаҳои комилҳуқуқ – объекти ҳуқуқӣё қисми таркибии иттиҳодияҳо фаъолият намоянд. Фаъолияти МНА – и мусофирбарӣ алоҳида дар асоси оиннома амалӣ мегардад. Сохтори ташкилии идораи нақлиётӣ мусофирбари автомобилии истифодаи умум аз қисмҳои зерин иборат аст:

МНА, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо, АВ ва АС, раёсати  нақлиётии вилоятӣ, сарраёсати нақлиёти мусофирбари автомобилӣ.

 

2. Муассисаҳои  нақлиёти автомобилии мусофирбар  метавонанд якчанд намуд дошта  бошанд – омехтаи бору мусофирбар, омехтаи мусофрбар, автобусӣ, таксӣ  ва автомобилҳои сабукрави кироявӣ.

Муассисаҳои омехтаи  бору мусофирбарӣ одатан дар маркази  ноҳияҳо, шаҳрҳои начандон калон ва шаҳракҳои типи шаҳрӣ ташкил карда мешаванд. Дар маркази вилоятҳо, шаҳрҳои миёна бо мурури афзоиши ҳаҷми мусофирбарӣ муассисаҳои махсуси мусофирбарии автобусӣ, таксӣ ва автомобилҳои сабукрав ташкил намуда мешаванд. Муассисаҳои махсуси автобусӣ одатан тамоми намудҳои мусофирбариро (шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ) иҷро менамоянд.

Муассисаҳои таксӣ  бошанд метавонанд ҳамаи намудҳои мусофирбариро  иҷро намоянд.

Муассисаҳои нақлиёти автомобилии автомобилҳои сабукрави  хизматӣ ба таври марказонидашуда метавонанд дар асоси шартнома ба ҳамаи ташкилотҳою идораҳо хизмат расонанд.

Махсусгардонии  МНА – и мусофирбар метавонад  дараҷаи хизматрасониро ба мусофирон  беҳтар намуда, дараҷаи таъмири воситаҳои  нақлиётро мукаммал созад. Инчунин  системаи таъминнамоӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ, базаи моддӣ - техникии муассисаро беҳтар созад.

Дар шаҳрҳои калон МНА-ро нисбати намуди мусофирбарӣ (шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ) махсус гардонидан самаранок мебошад. Дар чунин шаҳрҳо якчанд муассисаҳои таксомоторӣ, ки дар ҳудуди шаҳр баробар тақсим шудаанд, мувофиқи мақсад мебошад.

 

Намуди МНА – и  мусофирбарӣ

Таркиби МНА – и  мусофирбарӣ

Шумораи тахминии воситаҳои  нақлиёт

Омехтаи бору мусофирбарӣ

Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, таксӣ, автомобилҳои хизматӣ

100

Омехтаи мусофирбарӣ

Автобус, таксӣ, автомобилҳои хизматӣ

100-300

Автобусӣ

автобусҳо

150-300

Таксомоторӣ

Автомобилҳои таксӣ  ва хизматӣ

200-500

Автомобилҳои сабукрав

Автомобилҳои сабукрави  хизматӣ

150-500

Автомобилҳои сабукрави  кироявӣ

Автомобилҳои сабукраве, ки ба аҳолӣ кироя пешбарӣ мешаванд

Вобаста ба таъино-ти хизматрасонӣ


 

3. Системаи комплексии идоранамоии сифати мусофирбарӣ - ин маҷмӯи муайяншудаи чорабиниҳои бо ҳам вобастаи ташкилӣ, техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, методҳо ва воситаҳоеанд, ки ба ҳадди меъёрӣ овардан ва баланд бардоштани сифати мусофирбарӣ нигаронида шудаанд.

Нишондиҳандаҳои асосии сифати мусофирбарӣ инҳоянд: пуршавии автобус, фосилаи ҳаракат, вақте, ки мусофир барои сафар намудан сарф менамояд ва бехатарии ҳаракат.

Пажуигоҳи тадқиқотии НИИАТ бо мақсади баҳо додани сифати мусофирбарӣ чунин нишондиҳандаҳоро муайян намудааст.

а) меъёри пуршавии автобус, ки бо ҳудуди ғунҷоиши номиналиаш вобаста аст ва ба намуди воситаи  нақлиёт, инчунин намуди мусофирбарӣ  баҳо дода мешавад.

б) ғунҷоиши номиналии  автобуси шаҳрӣ ба шумораи ҷойҳои нишаст ва меъёри масоҳати ҷойҳои холии дохили автобус – 0,2м3 ба ҳар як мусофири ростистода муайян карда мешавад.

в) коэфитсиенти истифодабарии ғунҷоиш барои  автобусҳои шаҳрӣ дар соатҳои  пуршиддати селаи мусофирон бо назардошти ғунҷоиши максималиашон бояд 0,73-0,78 бошад.

г) мунтазамии ҳаракат  бояд аз 98% кам набошад.

д) зичии шабакаи  хати сафар барои шаҳрҳои гуногун

 

Шумораи аҳолии шаҳр, ҳазор  одам

То 100

100-250

250-500

500-1000

Зиёда аз 1000

Зичии хати сафар, (км/км2)

1,4......1,6

1,8.....2,0

2,0.......2,3

2,4

2,5


 

 е) шумораи  миёнаи воситаҳои нақлиёт ба 1 км хати сафар дар соатҳои  пуршиддат

Ҳадди селаи мусофирон, мус/ соат

То 750

750-1500

1500-2250

2250-3000

3000-3750

3750-4500

Зиёда аз 4500

Шумораи автобусҳо дар 1 км хати сафар

0,5

1,0

1,5

2,0

2,5

3,0

4,0


 

Яке аз нишондиҳандаҳои  муҳими сифати мусофирбарӣ ин вақтест, ки мусофир барои ҳаракатнамоӣ сарф менамояд. Он сарфи чунин вақтҳоро дар бар мегирад:

  • вақте, ки барои то истгоҳ омадан ва аз истгоҳи даромад то нуқтаи таъиншуда рафтан сарф мешавад. (t о.р)
  • вақти интизоршавӣ (t инт)
  • вақти ҳаракат бо воситаи нақлиёт (t ҳ.н)
  • вақте, ки барои ба дигар хати сафар гузаштан сарф шудааст (tг)
  • вақти интизоршавии иловагӣ бо сабаби пуршавии воситаи нақлиёт (tи.и)

Бо нишондоди  вазорати нақлиёти автомобилии Украина

t о.р =15,85 +0,51√F

Вақти интизоршавӣ  бошад

t о.р = I/2

I – фосилаи миёнаи ҳаракат дар хати сафар

Элементи муҳими кори автобус дар хати сафар ин фосила ва зудии ҳаракат мебошад.

Фосилаи ҳаракат

I = tо / Ам

Зудии ҳаракат

Чдв = Ам / tо

Дар ҳудуди муайяншуда нигоҳ доштани ин бузургиҳо нишондиҳандаҳои  муҳими сифати мусофирбарӣ ба ҳисоб  мераванд.

Дараҷаи сифати мусофирбарӣ инчунин бо бехатарии  ҳаракат ва нишондиҳандаи интегралии сифати мусофирбарӣ баҳо дода мешавад.

Нишондиҳандаи интегралии сифати мусофирбарӣ бо назардошти пуршавии автобус (Кγ), сарфи вақт барои сафар ((Кt), мунтазамии ҳаракат (Кр) ва бехатарии ҳаракат (Кб.ҳ) баҳо дода мешавад.

 

Кинт= Кγ * Кt* Кр * Кб.ҳ

 

Коэфитсиенти  пуршавии нисбии автобус

 

Кγ = γн ф

γн ф – қимати нисбӣ ва ҳақиқии коефитсиенти пуршавӣ

Коэфитсиенти  сарфи нисбии вақти сафарнамоӣ

 

Кt =tпн /tпф

tпн ,tпф – сарфи вақт барои сафар намудан бо назардошти шароитҳои меъёрӣ ва сарфи вақти ҳақиқӣ

Кр – коэфитсиенти мкнтазамии ҳаракат

Кб.ҳ – коэфитсиенти тағйирёбии дараҷаи ҳодисаҳои нохуши ҳаракат

Дар нақлиёти автомобилӣ системаи чорзинаи баҳодиҳӣ қабул шудааст: намунавӣ, хуб, қаноатбахш, ғайриқаноатбахш.

 

Зинаҳои хизматрасонӣ

Меъёри коэфитсиенти сифат

Кγ

Кt

Кр

Кб.ҳ

Кумумӣ

Намунавӣ

1,0

1,0

0,98

0,98

0,96

Хуб

0,88-0,94

0,92

0,59

0,85

0,65-0,69

Қаноатбахш

0,78

0,75

0,93

0,7

0,38

Ғайриқаноатбахш

То 0,78

То 0,75

То 0,93

То 0,7

То 0,38

Информация о работе Ташкили мусофирбари