Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа
Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.
Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.
Самти инкишофи намудҳои гуногуни нақлиёти мусофирбари оммавиро дар оянда мавқеи самаранок истифодабарии он муайян менамоянд. Яъне бо назардошти хусусиятҳои зерин нақлиёти мусофирбарии оммавӣ инкишоф меёбад.
Дар шаҳрҳое, ки трамвай, метрополитен инкишоф ёфтаанд, автобус ҳамчун воситаи расонидани мусофирон то истгоҳҳои ин нақлиётҳои оммавӣ истифода мешаванд.
3.Таҳлили сохти
системаи нақлиётии шаҳрҳо
Диаметрӣ (қутрӣ) – аз маркази шаҳр гузашта ду нуқтаи ба ҳам муқобилро мепайвандад.
Радиалӣ - маркази шаҳрро бо яке аз нуқтаҳои ҳудудии он мепайвандад.
Хордавӣ - ду нуқтаи ҳудудии шаҳрро, ки аз марказ намегузарад, мепайвандад.
Ҳалқавӣ (доирашакл) – аз атрофи маркази шаҳр, дар нуқтаҳои гуногун нисбати он мегузарад.
Мураккаб (омехта, комбинатсионӣ) – бо шаклҳои гуногун омехташавии намудҳои дар боло овардашудаи хатти ҳаракат аст.
Дараҷаи пуррагии шабакаи нақлиётии шаҳр бо нишондиҳандаи зичии шабакаи нақлиётӣ муайян намуда мешавад:
ρ = ∑Lм / Ғ, км/км2
Lм – дарозии умумии тамоми кӯчаҳои шаҳр, ки аз он нақлиёт мегузарад,
Ғ – масоҳати шаҳр
Зичии шабакаи нақлиёти шаҳрҳои калон бояд аз 1,5 – 2,5 км/км2 кам набошад.
МАВЗӮИ 3.
МУТАҲАРРИКИИ НАҚЛИЁТИИ АҲОЛӢ
Саволҳо:
1. Ҳар як ашхос метавонад бо истифодабарии нақлитёти ҷамъиятӣ ё индувудуалӣ инчунин бо ёрии нақлиёт ҳаракат намояд. Шумораи ҷойивазкуниҳое, ки аз ҷониби як ашхос дар воҳиди муайяни вақт (шабонарӯз) амалӣ мегардад, мутаҳаррикӣ номида мешавад.
Мафҳумҳои мутаҳаррикии умумӣ, нақлиётӣ, ҳисобӣ, амалӣ, пиёдагардӣ, ва потенсиалӣ фарқ карда мешаванд. Мутаҳаррикии аҳолӣ - яке аз нишондиҳандаҳои асосии банақшагирии нақлиётӣ ба ҳисоб меравад. Мутаҳаррикии нақлиётии зиёдтарини наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ (52 нафари як ашхос дар як сол) дар солҳои 80-ум дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мушоҳида шудааст. Баъди он бо мурури камшавии аҳолии хоҷагии қишлоқ, дуруст ҷобаҷо намудани объектҳои истеҳсолию маданӣ ва маишӣ инчунин бо беҳтар намудани дараҷаи таъминоти аҳолӣ мутаҳаррикии аҳолӣ торафт кам мешавад.
2. Сабабҳои ҳаракатнамоӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт гуногунанд ва пеш аз ҳама онро масофаи ҳаракатнамоӣ ва имконияти истифодабарии нақлиёт муайян менамояд.
Чунин қабул шудааст, ки сафарҳои меҳнатӣ дар масофаи зиёда аз 2 км ва сафарҳои маданӣ - маишӣ бошанд дар масофаи 3 км бо истифодаи воситаҳои нақлиёт амалӣ мегарданд.
Мутаҳаррикии нақлиётӣ бо якчанд тарз ҳисоб карда мешавад:
а) Ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ вобаста ба шуғли аҳолӣ
Аҳолии ноҳия (шаҳр) вобаста ба шуғли он (коргар, хизматчӣ, донишҷӯ ва ғайра) ба гуруҳҳои алоҳида тақсим намуда мешаванд ва нисбати он барои ҳар як гуруҳ шумораи ҳадди имкони (эҳтимолиятнокии) рафтуоро дар муддати сол муайян месозанд.
Мисол, агар шумораи рӯзҳои кории коргар ва хизматчиро 230 ва донишҷӯро 243 рӯз ҳисоб кунем, он гоҳ дар давоми як сол ҳар як коргар ё хизматчӣ 460 ва донишҷӯ бошад 486 рафтуо менамояд. Ба ғайр аз ин гуруҳи шуғли меҳнатии аҳолӣ ба ҳисоби миёна 120-180 рафтуои маданӣ - маишӣ менамояд.
Барои гуруҳи аҳолии ғайри шуғли меҳнатӣ бошад вобаста ба шароити ноҳияи муайян 350-400 рафтуоро қабул кардан мумкин аст.
б) Ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ вобаста ба масоҳати шаҳр
Моҳияти ин тарзи ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ аз он иборат аст, ки тамоми масоҳати шаҳр вобаста аз хусусиятҳои нақлиётӣ - иқтисодиаш ба маҳаллаҳои (микрорайонҳои) алоҳида тақсим карда мешавад. Шумора ва ҳудуди ҳар як маҳалларо вобаста аз масоҳат, шакл ва зичии хати нақлиётии шаҳр муайян менамоянд.
Барои ҳисоб намудани талабот нисбати мусофирбарӣ аз як маҳалла ба маҳаллаи дигар бояд пеш аз ҳама шумораи аҳолие, ки дар ҳар як маҳалла зиндагӣ мекунанд, қисми коргари аҳолии худи ҳамон маҳалла, инчунин қисми коргаре, ки аз дигар маҳаллаҳо меоянд, бояд муайян намуд. Истифодабарии ин тарзи ҳисоб мураккабии худро дорад, меҳнати зиёдро талаб намуда, дар ҳолати нодурустии баъзе ҷавобҳо имконият намедиҳад, ки ба хулосаи дақиқ ноил шавем.
в) Ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ вобаста ба шумораи аҳолии шаҳр.
Азбаски мутаҳаррикии нақлиётии аҳолии шаҳр ба якчанд сабабҳо вобаста асту дараҷаи таъсири ҳар яки он нисбати шароити шаҳр дар ҳудудҳои зиёде тағйир меёбад, одатан маълумотҳои ҳисоботиро истифода мебаранд, ки ҳаракатнокии аҳолиро дар якчанд сол ифода менамояд.
Дар асоси мушоҳидаҳои зиёде вобастагии байни шумораи аҳолии шаҳр ва ҳаҷми мусофирбарӣ муайян шудааст. Аз ин нуқтаи назар тамоми шаҳрҳо вобаста ба шумораи аҳолиашон ба гуруҳҳои алоҳида тақсим карда мешаванд. Барои ҳар як гуруҳи шаҳр коэффитсиенти истифодабарии нақлиётӣ муайян карда мешавад. Ин тарзи ҳисоб чандон мураккаб набуда имконият медиҳад, ки ба зудӣ талаботи умумии шаҳрро нисбати мусофирбарӣ муайян намоянд.
г) Ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ вобаста ба мувозинаи вақт.
Моҳияти ин тарзи ҳисоб аз он иборат аст, ки он тақсимот ва истифодабарии сарфи вақти шабонарӯзиро, инчунин вақте, ки барои ҷойивазкунӣ сарф мешавад, ифода менамояд.
Барои онҳое, ки ба меҳнати ҷамъиятӣ банданд, инчунин барои донишҷӯён чунин тақсимоти вақти шабонарӯзро қабул намудан мумкин аст.
Барои меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва хондан Барои баланд бардоштани маълумот, хондани китоб, маҷаллаҳо Барои тайёр намудан ва истеъмоли таом Барои гигиенаи шахсӣ ва тарбияи ҷисмонӣ Барои иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва дигар корҳои шахсӣ Барои хоб Барои ҳаракат намудан бо истифодаи нақлиёт |
7-8 соат 3-4 соат 2-3 соат 1,5-2 соат 2-3 соат 7-8 соат 1-1,5 соат |
Чунин шакли тақсимоти вақт шартӣ ва тахминӣ буда имконият намедиҳад, ки оиди вақте, ки барои рафтуо сарф мешавад, тасаввуроти пурра бошад.
д) Ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ бо назардошти синну соли аҳолӣ.
Муайян шудааст, ки мутаҳаррикии нақлиётӣ вобаста ба синну соли гуруҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар ҳудуди зиёде тағйир меёбад. Бинобар ин шумораи рафтуои аҳолии шаҳрро нисбати синну соли он муайян намудан мумкин аст.
Шумораи сафари як шаҳрванд дар давоми сол вобаста ба синну сол чунин аст:
Синну сол |
Шумораи сафар дар давоми сол |
Шумораи миёнаи сафарҳо |
То 10 сола |
Аз 75 то 100 |
80 |
Аз 11 то 20 сола |
Аз 101 то 500 |
350 |
Аз 21 то 30 сола |
Аз 501 то 1500 |
1200 |
Аз 31 то 40 сола |
Аз 901 то 1500 |
1300 |
Аз 41 то 50 сола |
Аз 701 то 900 |
800 |
Аз 51 то 60 сола |
Аз 501 то 700 |
600 |
Аз 61 то 70 сола |
Аз 351 то 500 |
400 |
Беш аз 71 сола |
Аз 151 то 350 |
200 |
Ҳамаи тарзҳои ҳисоби мутаҳаррикии нақлиётӣ камбудии ба худ хосе доранд, ки истифодабарии онро дар алоҳидагӣ як дараҷа мураккаб месозанд. Бинобар он бояд қарор нисбати мутаҳаррикии нақлиётӣ дар асоси якчанд тарзҳои ҳисобӣ дар боло овардашуда қабул карда шавад.
3. Мутаҳаррикии нақлиётӣ дар зери таъсири омилҳои зиёде, ки ба хусусиятҳои алоҳидаи ноҳия вобаста аст, ташаккул меёбад.
Омилҳое, ки мутаҳаррикии нақлиётиро муайян менамоянд, инҳо мебошанд:
Ҳамаи ин омилҳо бояд дар ҳолати ташаккулёбии системаи нақлиётӣ ба эътибор гирифта шаванд.
4. Барои ифодаи мутаҳаррикии нақлиётӣ якчанд нишондиҳандаҳо истифода бурда мешаванд.
Кори нисбии нақлиётӣ, ки яке аз ин нишондиҳандаҳо мебошад, ба шумораи мусофир – километр, ки ба як шаҳрванд рост меояд, ҳисоб карда мешавад. Ин нишондиҳанда натанҳо шумораи рафтуо, балки кори нақлиётие, ки ба як мусофир рост меояд, нишон медиҳад.
Мутаҳаррикии нақлиёти ноҳия, инчунин бо нишондиҳандам ҷой-километр ба як шаҳрванд баҳо дода мешавад. Ин нишондиҳанда ҳамчун нисбати ғунҷоиши умумии номиналӣ ба ба шумораи аҳолии ноҳия муайян намуда мешавад.
Пҷ.к = (Аi*qiн)/Nн
Мутаҳаррикии ҳисобӣ ё нақшавии нақлиётӣ ҳамчун нисбати шумораи умумии мусофирон, ки дар давоми сол бурда шудаанд ё бояд бурда шаванд, ба шумораи аҳолии ноҳия муайян намуда мешавад.
b =Q / Nа
МАВЗӮИ 5.
СИСТЕМАИ АВТОМАТИКУНОНИДАИ
Саволҳо:
1. Дар шаҳрҳо ташкили маркази хизматрасонии диспетчерӣ (МХД- ЦДС) имконият медиҳад, ки системаи автоматикунонидаи идораи раванди нақлиётии автобус ва автомобилҳои сабукрави таксӣ ҷорӣ карда шавад. Дар шароити имрӯза дар баъзе шаҳрҳо аз ҷониби вазорат ва пажуишгоҳҳои лоиҳакашӣ дар нақлиёти автобусии шаҳрӣ системаи автоматикунонидаи назорат ва идораи кори автобусҳо дар хати сафар (Дистон, НЕЖАН, Садко, АСДУ - А) ва дар нақлиёти таксомоторӣ АСДУ - Т кор карда баромада ҷорӣ гардидааст. Асоси ин системаро тарзи алоқаи индуктивӣ ва радиоалоқа байни МХД ва автобусҳо дар хати сафар ташкил медиҳанд.
Системаи нимавтоматикунонидаи “Дистон” барои таъмини алоқаи диспетчерҳои МХД бо ронанда буда, воситаҳои техникии алоқаи гуногунро барои он истифода мебаранд.
Системаи автоматикунонидаи назорат ва идораи кори автобусҳо дар хати сафар – НЕЖАН чун системаи “Дистон” алоқаи байни танзимгарҳои МХД ва ронандаи автобусро таъмин менамояд. Ин система барои назорат ва танзими ҳаракати автобусҳо дар шаҳре, ки то 50 ҳазор аҳолӣ дорад, мебошад. Ин система дар худ воситаҳои алоқа, техникӣ - ҳисобкунӣ ва системаи маълумотдиҳию барномасозиро дорад.
Маҷмӯаи воситаҳои техникӣ иҷрои функсияҳои зеринро таъмин менамояд: қабул ва фиристодани маълумоти зарурӣ байни ронандаи автобус ва танзимгари МХД, фиристодани маълумоти ададӣ аз автобус, коркарда баромадан ва баровардани маълумот оиди фаъолияти нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ. Системаро 4 танзимгар идора намуда, назорати то 54 нуқтаҳоро таъмин менамояд, ки онҳо дар масофаи то 15 км аз МХД ҷойгир шуда бошанд. Шумораи максималии автобусҳо дар хати сафар то 300 ададро ташкил медиҳад.
Системаи автоматикунонидаи
идораи диспетчерии автобусҳо (АСДУ
- А) барои баланд бардоштани самаранокии
истифодабарии автобусҳо
Дар ҳолати вайрон шудани мунтазамии ҳаракати автобусҳо, комплекси ҳисоббарор ба танзимгар роҳҳои ҳалли масъаларо дар экран нишон медиҳад – зиёд намудани суръати ҳаракат, суст намудани автобус, зиёд намудани вақти истодан дар истгоҳҳои охирин, тағйир додани фосилаи ҳаракат ва ғайра. Ин роҳҳоро танзимгар ба ронанда мерасонад.
Бо мақсади мукаммал намудани назорат ва идораи диспетчерӣ дар нақлиёти таксомоторӣ системаи АСДУ –Т фаъолият менамояд. Кори ин система ба баланд бардоштани сифати мусофирбарӣ, кам намудани вақти интизоршавии таксӣ дар истгоҳҳо кам кардани шумораи танзимгарон ва баланд бардоштани гашти пулакӣ равона шудааст.
Қабул ва коркарди супоришҳои қабулгардида ба комплекси ҳисоббарор ба воситаи танзимгар ворид намуда мешавад. Баъд натиҷаи тақсими автомобилҳои таксӣ дар шабакаи роҳ таҷлил карда барои зудтар қонеъ намудани супориши навбатӣ бо таксии холии дар масофаи наздиктарин мавқеъдошта истифода бурда мешавад. Системаи САИД – Т имконият медиҳад, ки дар як маркази ҳисоббарорӣ маълумотро оиди мавқеи ҷойгиршавии тамоми таксиҳои холии шаҳр ҷамъ намуда, ивазшавии талаботро нисбати он дар муддати шабонарӯз муайян созанд.