Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

Вақте, ки дар  истгоҳҳо сарф мешавад, бо хати рости  горизонталӣ нишон дода мешавад. Бо ҳамин тарз самти ҳаракати автобуси дуюму сеюм ва ғайраро нишон додан  мумкин аст. Тартиб додани ҷадвали ҳаракат  кори басо мураккаб ва меҳнатталаб  мебошад. Чунки дар он зарурияти якҷоя дида баромадани кори бригадаҳои автобусҳои гуногун, зарурияти дохилнамоии рейсҳои кӯтоҳшуда, экспресӣ, нимэкспресӣ, инчунин зарурияти аз як хати сафар ба хати сафари сермусофир гузаронидани баъзе автобусҳо ба миён меояд. Ҷадвали ҳаракати автобусҳоро бо назардошти ҷадвали ҳаракати дигар намудҳои нақлиёти дар шаҳр ё минтақа фаъолияткунанда тартиб додан зарур аст. Ҳамаи ин истифодабарии мошинҳои электрониро дар тартиб додани ҷадвали ҳаракат талаб менамояд.

 

2. Ҷадвали ҳаракати автобусҳо – ин ҳуҷҷати асосии меъёрӣ оиди ташкили кори автобусҳо дар хати сафар мебошад. Дар он тартиби ҳаракат, тартиби кори бригадаҳои автобусӣ, вақти корӣ дар хати сафар, шумораи автобусҳо дар хати сафар ва фосилаи ҳаракат муайян карда мешавад. Яке аз шаклҳои асосии ҷадвали ҳаракати автобусҳо, ки дар он ҳар як хати сафари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ба шакли ҷадвал нишон дода мешавад, ин ҷадвали ҳаракати ҷамъбастӣ (сводное маршрутное расписание) мебошад.

Дар асоси он ҷадвали стансиявӣ барои ҳар  як истгоҳи байнӣ ва охирон тартиб дода мешавад. Барои ҳар як автобуси аз МНА мебаромада ҷадвали корӣ тартиб дода мешавад.Барои истгоҳҳои ибтидоию мобайнӣ, инчунин охирин ҷадвали маълумотӣ тартиб дода мешавад.

Ҷадвали ҷамъбастии ҳаракати автобусҳо дар  хати сафари №30

Шакли 1

Огози кори хати сафар                                                                      Истгоҳи ибтидоӣ- Шаҳраки тибби (А)

“___” _______ 2007 с                                                                         Истгоҳи охирин – Вокзали роҳи оҳан

                                                                                                             Ибтидои кор дар хати сафар - 600

                                                                                                             Интиҳои кор – 2300

                                                                                                            Дарозии хати сафар – 15,0 км

                                                                                                             Намуди автобус – Икарус – 280

 

Ибтидои ҳаракати автобусҳо аз исгоҳи А

№ автобуси аз МНА баромада

Вақти аз МНА баромада

Масофа аз МНА то ист. ибт. ва аз ист. ибт. то МНА

Пункти ибтидо.

харакат

А

Б

А

Б

А

Б

дакика

км

о

р

о

р

о

р

о

р

о

р

о

р

1

540

20

9

А

600

604

631

633

700

704

736

738

810

816

обед

2

553

20

9

Б

613

615

642

646

713

715

747

751

823

825

-

3

600

20

9

А

620

624

651

653

720

724

756

758

830

833

обед


 

 

Ҷадвали ҷамъбастии ҳаракати автобусҳо 

Шакли 2

Барои стансияи -------------------                                                                                          Ҷадвали стансиявӣ

Барои ------------------- 2007 с                                                                        

         давр ва рузҳои ҳафта

№ автобуси аз МНА баромада

Раками (рейсҳо) сафарҳо 

1

2

3

4

5

6

7

8

 

о

р

р

о

р

о

о

р

р

о

р

о

о

р

р

о

   

1

                                   

2

                                   

3

                                   

 

Ҷадвали ҷамъбастии ҳаракати автобусҳо 

Шакли 3

                                                                                                                                                        Ҷадвали корӣ

Баромад -------------------, ба хати сафари № ----------------------------аз ----------------------то -----------дар                           

                                                                                                                               номгуи истгоҳ         номгуи истгоҳ

Самти рост

Масофа (км)

Истгоҳҳо 

Масофа (км)

Самти баръакс 

Сафари (рейси) 5

Сафари (рейси) 3

Сафари (рейси) 1

Сафари (рейси) 2

Сафари (рейси) 4

Сафари (рейси) 6

р

о

р

о

р

о

     

р

о

о

р

о

р

                             
                             

 

Ҷадвали ҷамъбастии ҳаракати автобусҳо 

Шакли 4

Ҷадвали маълумот            

 Дар хати сафари  №-----------,аз -----------------то ----------------------дар -----------       200  с                           

                                                           истгоҳи ибт             истгоҳи охирин               фасли сол ва рӯз

Дарозии хати сафар ---------------- км

Давомнокии сафар ----------с ---------дак

Ибтидои ҳаракати автобус -------с -----дак

Интиҳои ҳаракати автобус--------с--------дақ

Истгоҳ 

Масофаи байни истгоҳҳо

Тамғаи автобус

Самти рост

Самти баръакс 

О

Р

И

О

Р

И

     

соат

дак.

соат

дак.

соат

дак.

соат

дак.

соат

дак.

соат

дак.

                             
                             

О - вақти омади  автобус, Р - вақти рафтани автобус, И – муддати истгоҳ

 

Дар шароитҳои  шаҳрҳои калон, дар ҳолати зиёдшавии  зичии шабакаи хати сафари нақлиёти мусофирбар эҳтимолияти вайроннамоии ҷадвали ҳаракати автобусҳо зиёд мешавад. Бинобар ин МНА ё Идораи нақлиётӣ ҷадвали таъҷилӣ тартиб медиҳанд. Ин намуди ҷадвали ҳаракат бо муфассалии ҷараёни нақлиётӣ фарқ мекунад. Ҷадвали таъҷилӣ одатан бо истифодабарии мошинаҳои электронӣ тартиб дода мешавад.

 

МАВЗӮИ 7

ИДОРАИ ДИСПЕТЧЕРИИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ  НАҚЛИЁТ

 

Саволҳо:

    1. Идораи диспетчерии ҳаракати автобусҳо дар шаҳрҳо
    2. Идораи диспетчерии ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сафари берун аз шаҳрӣ
    3. Идораи диспетчерии ҳаракати микроавтобусҳо
    4. Идораи диспетчерии ҳаракати автомобилҳои сабукрави таксӣ
    5. Тарзҳои идораи диспетчерии ҳаракати автомобилҳо дар шаҳрҳо

 

1. Диспетчеризатсия – идораи ҳаракати автобусҳо аз як марказ.

Дар баъзе шаҳрҳо системаи идораи диспетчерӣ амал намекунад ва танзими ҳаракати автобусҳо аз тарафи танзимгарҳои истгоҳҳои охир амалӣ мегардад. Ин тарзи ғайримарказонидаи идораи ҳаракати автобусҳо мебошад, ки бо мурури вақт ба системаи идораи диспетчерӣ бояд табдил дода шавад.

Диспетчеризатсия  амалиётҳои зеринро бояд иҷро намояд: назорати ҳаракати реалии автобусҳо бо ҷадвали тасдиқгардида; назорати сифат ва ҳолати хизматрасонӣ дар хатҳои сафари автобусҳо; танзими ҳаракати автобусҳо дар ҳолати ҷадвали тасдиқгардидаро вайрон намудани онҳо ва барқарор намудани ҳаракати муътадили онҳо; идораи ҳаракати автобусҳо бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори онҳо.

Дар ҳолати идораи диспетчерии ҳаракат, яъне аз як марказ, ки ба иттилооти комплексӣ, дар бораи  танзими хатҳои сафари шаҳрӣ такя менамояд, қарорҳои таъҷилӣ қабулгардида, нисбатан дуруст мувофиқи мақсад ва аз нигоҳи техникӣ асоснок мебошанд, чунки онҳо барои беҳтар намудани мусофирбарӣ дар тамоми шаҳр нигаронида шудаанд. Яке аз вазифаҳои муҳими идораи диспетчерӣ ин таъмини ҳаракати мунтазами автобусҳо дар шаҳр мебошад.

Мунтазамии  ҳаракат дар ду ҳолат таъмин мегардад: дар ҳолати пурра (садфоиза) иҷро намудани ҳамаи сафарҳои дар ҷадвал пешбинишуда (шарти зарурӣ); дар ҳолати пурра  риоя намудани ҷадвали ҳаракат ва таъмини мунтазами ҳар як сафар  аз ҷониби тамоми ронандагон (шарти кифоягӣ)

Сафар мунтазам ҳисобида мешавад, агар ронандаи автобус  мутобиқи вақти дар ҷадвал нишондодашуда  ҳаракатро оғоз намуда, дар вақти  муайяншуда аз истгоҳҳои байнӣ гузарад  ва дар вақти муайяншуда ба истгоҳи  охирон ҳозир шавад. Яъне мунтазамии сафар ва мунтазамии ҳаракати автобус дар хати сафар аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Баъзе сафарҳо метавонанд мунтазам баланд, вале мунтазамии ҳаракат пурра таъмин бошанд.

Мунтазамӣ одатан бо фоиз ҳамчун нисбати сафарҳое, ки аз рӯи ҷадвал иҷро шудаанд ба шумораи умумии сафарҳо, ки дар ҷадвал нишон дода шудааст, муайян карда мешавад:

 

R = Pфрег/ Ррасп

 

Аз формула шумораи сафарҳои иҷрогардидаи умумӣ  ва сафарҳое, ки бо риояи ҷадвали ҳаракат иҷро гардидаанд, ҷудо намудан душвор аст. Бинобар ин дар сурат ду нишондиҳандаро инъикос намудан дуруст аст: шумораи умумии сафарҳо Рф; шумораи сафарҳое, ки бо вайроннамоии ҷадвал иҷро гардидаанд Ррасп.   

Формулаи мунтазами  ҳаракатро дар ин ҳолат чунин  муайян намудан мумкин аст:

R = (Pфрег- Pфнерп) / Ррасп

 

2. Идораи диспетчерии  ҳаракати автобусҳо, дар хатҳои  сафари (наздишаҳрӣ, деҳавӣ, байнишаҳрӣ  ва байналхалқӣ) нисбат ба идораи  он дар хатҳои сафари шаҳрӣ  бо хусусиятҳои хизматрасонӣ  ба мусофирон, давомнокии сафар,  масофаи байни истгоҳҳо ва  фосилаи ҳаракат, ки ба хатҳои сафари берун аз шаҳрӣ хос аст, фарқ мекунанд.

Аз сабаби набудани воситаҳои техникии зарурӣ, диспетчеризатсия дар хатҳои сафари берун аз шаҳрӣ  рушди зарурии худро наёфтааст. Ҳаракати мунтазами автобусҳо ҳоло ҳам ғайримарказонидашуда аз ҷониби диспетчерҳои хатӣ аз як тарафи хати сафар танзим карда мешаванд.

Тарзи ғайримарказонидаи  идораи диспетчерии автобусҳо мунтазамии заруро таъмин карда наметавонад. Инчунин  имконият намедиҳад, ки сифати зарурии  мусофирбарӣ ва самаранокии истифодабарии  истифодабарии автобусҳо таъмин намуда шавад.

Ташкил намудани базаҳои диспетчерӣ дар базаи  автомобилҳои сабукрав ё микроавтобусҳо, ки бо МНА ва автовокзалу автостансияҳо  алоқаи радиотелефонӣ доранд, барои  идораи ҳаракати мунтазами автобусҳо дар хатҳои сафари наздишаҳрӣ натиҷаи хуб медиҳад.

Истифодаи системаи диспетчерии идораи ҳаракати автобусҳо, дар хатҳои сафари наздишаҳрӣ бо ташкили  системаи марказонидашудаи истифодабарии  нақлиёти автомобилии мусофирбари  беруназшаҳрӣ дар ҳудуди ноҳия ва ё вилоят, вобаста аст.

Дар диспетчеризатсияи  хатҳои сафари деҳавӣ - чун дар хатҳои сафари наздишаҳрӣ таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои радиоалоқа хеле муҳим аст. Дар шароити имрӯза танзими ҳаракати автобусҳои деҳавӣ, ғайримарказонидашуда амалӣ мегардад, ки ба ин камбудиҳои муайяне хос аст. Идораи марказонидашудаи  системаи ҳаракати автобусҳои деҳавӣ имконият медиҳанд, ки сифати мусофирбарӣ баланд гашта, устувории раванди нақлиётӣ амалӣ гардад.

Системаи идораи ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сафари байнишаҳрӣ дар баъзе вилоятҳои  собиқ ИҶШС ба таври марказонидашуда танҳо дар хатҳои сафари дохиливилоятӣ, бо иштироки ҳамаи танзимгарҳои автовокзал ва автостансияҳои вилоят амалӣ мегардиданд.

Дар хатҳои сафари байнивилоятӣ, байниҷумҳуриявӣ системаи минтақавии назорат ва танзими ҳаракати автобусҳо амал менамояд.

Назорати танзими ҳаракати автобусҳо дар хатҳои сафари байнишаҳрӣ аз шаҳрӣ фарқ мекунанд ва дар ҳар истгоҳи хати сафар амалӣ мегардад.

Системаи диспетчерӣ дар хатҳои сафари байнишаҳрӣ бояд назоратро аз болои риояи ҷадвали ҳаракат дар тамоми хати сафар, танзими ҳаракати автобусҳо дар ҳолати аз ҷадвал берун шудан; зиёд намудани шумораи автобусҳоро дар ҳолати талаботи зиёд дар ин ё он хати сафар ва ғайра таъмин намояд. Барои ин системаи алоқаи устувор зарур мебошад. Сафар (рейс) мунтазам ҳисобида мешавад, агар ҳаракати автобус аз нишондоди ҷадвал 5 дақиқа дер ё зуд фарқ кунад. Идораи диспетчерӣ дар ҳолати ҷорӣ намудани алоқаи фаврӣ натиҷаҳои назаррасро ба даст меорад. Иттилооти фавриро танзимгарҳо на дертар аз 5-15 дақиқа баъди ба сафар баромадани автобусҳо аз ҳар автовокзал ё автостансия бояд пешниҳод намоянд. Дар ин маврид онҳо бояд аз ҷадвали тасдиқгардида истифода баранд.

Информация о работе Ташкили мусофирбари