Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа
Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.
Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.
2. Воситаҳои
техникии алоқаи диспетчерӣ
Намуди асосии алоқа дар хатҳои сафари автобусҳои шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ, алоқаи телефонии симин ҳисобида мешавад.
Воситаҳои алоқаи симин инҳоро дар бар мегирад:
Воситаҳои алоқаи радиотелеграфӣ - дар системаи нақлиёти автомобилӣ УКВ – радиоалоқа, бо воҳидҳои алоҳидаи ҳаракаткунанда ва статсионарӣ, ки ба алоқаи радиотелефонии умумии марказӣ системаи ягона васл карда шудааст, истифода бурда мешавад.
Воситаҳои алоқаи радиорелеӣ - бо ёрии стансияҳои радиорелеӣ ташкил карда шуда, барои ташкили алоқаи таъҷилии воситаи байнишаҳрии танзимгарони автовокзал ва автостансияҳо инчунин МНА, ду ва зиёда шаҳрҳоро, ки дар як самт ҷойгир шудаанд хизмат менамояд.
МАВЗӮИ 6.
РАВАНДИ НАҚЛИЁТӢ ВА ЭЛЕМЕНТҲОИ ОН
Саволҳо:
1. Раванди нақлиётӣ - ин раванди ҷойивазнамоии мусофирон бо назардошти ҳамаи амалиётҳои тайёрию хотимавӣ - амалиётӣ ба истгоҳҳои ибтидоӣ омадани воситаҳои нақлиёт, саворшавии мусофирон, фаромадани мусофирон, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба муассисаи нақлиётӣ баргаштани воситаҳои нақлиёт ва ғайра.
Дар натиҷаи раванди нақлиётӣ мусофирон масофаи муайянеро тай менамоянд. Яъне кори нақлиётӣ ба амал меояд, ки бо шумораи мусофирон ва масофаи тайшуда баҳо дода мешавад.
Доираи раванди нақлиётӣ - ин маҷмӯаи амалиётҳои хотимаёфта барои ба нуқтаҳои муайяншуда расонидани мусофирон. Раванди нақлиётӣ дараҷаи нишондиҳандаҳои асосӣ ба монанди вақти барои ҳаракат намудан бо воситаи нақлиёт сарфшуда, вақт ва зарурияти аз як намуд ба намуди дигари воситаи нақлиёт гузаштани мусофирон, вақти интизоршавии мусофирон ва ғайраро муайян менамояд.
2. Ҳамаи нишондиҳандаҳои техникӣ - истифодабарии воситаҳои нақлиётро ба гуруҳҳои сифатӣ ва миқдорӣ тақсим намудан мумкин аст.
а) Нишондиҳандаҳои миқдорӣ
ба нишондиҳандаҳои миқдории нақлиёти автобуси инҳо дохил мешаванд:
Ҳаҷми мусофирбарӣ
Q = qн*γн*ηсм*Ζр*АДр
Бо шумораи мусофирони бурдашуда чен карда мешавад.
Дар инҷо:
qн – ғунҷоиши номиналӣ
γн – коефитисиенти истифодабарии ғунҷоиш
ηсм – коефитисиенти ивазшавӣ
Ζр - шумораи рейсҳо (сафарҳо)
АДр – шумораи автомобил – рӯзҳои корӣ
Гардиши мусофирон.
Р =Q*lег
Бо мусофир – километр ифода шуда, ҳамчун ҳосили зарби шумораи мусофирон ба масофаи миёнаи мусофирбарӣ муайян карда мешавад.
Даромади умумӣ
Дв = ΣQi*Τi
Дар ин ҷо Т – тариф дар хати сафар
Дар муассисаҳои таксомоторӣ автомобилҳое, ки бо системаи соатбайъ кор мекунанд, инчунин дар автомобилҳои сабукрави хизматӣ ҳаҷми мусофирбарӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Дар нақлиёти таксӣ ба нишондиҳандаҳои миқдори масофаи музднок дохил мешаванд.
Lпл =Τн*Vэ * βпл
Дар ин ҷо
Τн – вақти супоришиҷрокунӣ
βпл – коэфитсиенти истифодабарии масофаи музднок
Vэ – суръати истифодабарӣ
Ин нишондиҳанда масофаи тайшудаеро, ки аз тарафи мусофир бо пул таъмин шудааст, ифода менамояд.
Даромади умумӣ, ки дар натиҷаи истифодабарии таксӣ ба вуҷуд меояд
Дв = Дпос + Дпроб + Дпрос у клиент
Дар инҷо:
Дпос – даромад аз саворшавии мусофирон
Дпроб – даромад аз роҳгардӣ
Дпрос у клиент – даромад аз истодан бо хоҳиши мусофирон
б) Нишондиҳандаҳои асосӣ
Коефитсиенти омодагии техники (αтг) дараҷаи омодагии автомобилҳоро дар хати ҳаракат ифода намуда, ҳамчун нисбати автомобил – рӯзҳои бенуқсонӣ ба тамоми автомобил – рӯзҳои дар муассисаи нақлиётӣ буда ҳисоб карда мешавад.
αтг= АДи/АДк =(АДк - АДр)/АДк
Коэфитсиенти истифодабарии парки автомобилӣ (αв) дараҷаи истифодабарии воситаҳои нақлиётро дар хати сафар ифода намуда, ҳамчун нисбати шумораи автомобил – рӯзҳои корӣ ба шумораи тамоми автомобил – рӯзҳои дар муассисаи нақлиётӣ буда ҳисоб карда мешавад.
АДп – автомобил – рӯзҳои бекорӣ дар ҳолати дурусти техникӣ, бо сабабҳои набудани ронанда, кондуктор, бероҳӣ ва дигар сабабҳои ташкилӣ.
Ин нишондиҳандаи асосии кори шӯъбаи истифодабарии муассисаҳои нақлиётӣ мебошад.
Давомнокии вақти супоришиҷрокунии воситаҳои нақлиёт-Тн. Ин муддатест, ки аз баромади воситаи нақлиёт аз муассиса то баргаштани он ба истиснои вақти истеъмоли хӯрок ва истироҳати ронандаро дар бар мегирад.
Тн = Тдв + Тп.е. + Тпр
Дар инҷо:
Тдв – вақти ҳаракати воситаи нақлиёт
Тп.е – вақти саворшавӣ, фаромадан ва интизоршавии мусофирон
Тпр – вақти азкормонии воситаи нақлиёт бо сабабҳои техникию ташкилӣ.
Суръати ҳаракат. Дар нақлиёти автомобилии мусофирбарӣ якчанд намуд суръатҳои ҳаракатро фарқ менамоянд.
- суръати максималӣ- суръате, ки воситаи нақлиёт бо имкониятҳои техникии худ метавонад ҳаракат намояд.
- суръати имконпазир
– ин суръат бо назардошти
шароити роҳ ва меъёрҳои
- суръати техникӣ - ин ҳамчун нисбати дарозии хати сафар ба вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёт муайян намуда мешавад.
Vт = lм / tдв
-суръати робитавӣ
- ҳамчун нисбати дарозии хати
сафар ба вақти ҳаракат ва
вақте, ки барои саворшавӣ ва
фаромадани мусофирон дар
Vc = lм / (tдв+tоп*n)
Дар инҷо:
tоп – сарфи миёнаи вақт дар истгоҳҳои мобайнӣ
n – шумораи истгоҳҳои мобайнӣ
-суръати истифодабарӣ - ҳамчун нисбати дарозии хати сафар ба сарфи вақти умумӣ, ки барои ҳаракат ва истгоҳҳои мобайнӣ ва канорӣ сарф мешавад, муайян намуда мешавад
Vэ = lм / (tдв+tоп*n + tко)
tко – сарфи вақти истгоҳҳои канорӣ
Коэфитсиенти пуршавии мусофирон ё коефитсиенти истифодабарии ғунҷоиш. Истифодабарии ғунҷоиши воситаи нақлиёти мусофирбар бо коэфитсиенти статикии ифодаи пуршавӣ, ки ҳамчун нисбати шумораи мусофирони бурдашуда ба шумораи мусофироне, ки дар ҳолати пурраи истифодабарии ғунҷоиш метавонист барад, муайян намуда мешавад.
γс = Σ(qф*ηсм) / Σ(q*ηсм)
qф – шумораи мусофирони бурдашуда
q – ғунҷоиши автобус
ηсм – коэфитсиенти мусофиривазшавӣ
Барои инъикоси дараҷаи истифодабарии ғунҷоиши воситаи нақлиёти мусофирбар бо назардошти масофаи миёнаи мусофирбарӣ коэфитсиенти динамикии пуршавиро истифода мебаранд. Коэфитсиенти динамикии пуршавӣ ҳамчун нисбати ҳаҷми гардиши мусофирони иҷрошуда ба ҳаҷми гардише, ки дар ҳолати пурра истифода бурдани ғунҷоиш пайдо мешуд, муайян карда мешавад.
γд = Σ(qф*ηсм * lср ) / Σ(q*ηсм* lср)
lср – масофаи миёнаи мусофирбарӣ
Коэфитсиенти истифодабарии масофа
β=Lпасс/ Lобш
3. а) Маҳсулнокии автобус
Шумораи мусофироне, ки дар автобус дар як вақти муайян ҳастанд, чунин муайян намудан мумкин аст:
qф= qв* γс
qв – ғунҷоиши автобус
γс – коэфитсиенти пуршавӣ
Аз сабаби он, ки дар як сафар ивазшавии мусофирон ба вуҷуд меояд, шумораи мусофироне ки шумораи мусофирони дар як сафар бурдашуда чунин муайян карда мешавад:
Qр = qв * γс * ηсм
ηсм=lм / lп
lп – масофаи миёнаи мусофирбарӣ
lс= lп / Ζр
Кори нақлиётие, ки автобус дар як сафар иҷро менамояд
Рр = Qр * lп= qв * γс * ηсм* lп
Маҳсулнокии яксоатаи автобус вобаста ба шумораи мусофирон чунин муайян карда мешавад.
WQ = (qв * γс * ηсм) / tр= ( qв * γс * ηсм)/ ((lм/ Vт) + tоп+ tок )
tр – вақти як сафар, ки аз сарфи воҳиди вақт барои ҳаракат дар истгоҳҳои мобайнӣ ва канорӣ иборат аст.
tр= tдв + tоп + tок
Маҳсулнокии яксоатаи автобус бо ченаки мусофир – километр
WР = (qв * γ * ηсм) / (1/ Vт) + (tоп + tок / lм)
б) Маҳсулнокии автомобилҳои сабукрави таксӣ бо ҳаҷми масофаи музднок дар воҳиди муайяни вақт муайян карда мешавад.
WТ= Lобш*βпл = Vэ*Τн*Дк*αв*βпл
Lобш – масофаи умумии гашт
βпл – коэфитсиенти истифодабарии масофаи музднок
Τн – вақти супоришиҷронамоӣ
Дк – рӯзҳои тақвимӣ
αв – коэфитсиенти истифодабарии парки автомобилӣ
Маҳсулнокии автобус ва автомобили таксӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти нақлиёт буда, натиҷаи кори тамоми шӯъба ва хизматҳои муассисаи нақлиётро инъикос менамояд.
4. Барои таҳлили омилҳое, ки ба маҳсулнокии автобусҳо таъсир мерасонанд, бояд аз ифодаи маҳсулнокии автобус бо ченаки шумораи мусофирон ва ченаки мусофир – километр истифода бурд.
WQ = ( qв * γс * ηсм)/ ((lм/ Vт) + tоп+ tок )
WР = (qв * γ * ηсм) / (1/ Vт) + (tоп + tок / lм)
Чи тавре, ки аз ифодаҳо дида мешавад нишондиҳандаҳои алоҳида ба монанди ғунҷоиши автобус, коэфитсиенти истифодабарии автобус, коэфитсиенти ивазшавии мусофирон, инчунин вақти супоришиҷронамоӣ дар сурати ифода ҷойгир шудаанд. Агар дигар нишондиҳандаҳоро доимӣ қабул намоем, пас ивазшавии ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳои дар боло номбаршуда боиси мутаносибан ивазшавии маҳсулнокии автобус мешаванд.
WQ = С1* qв
С1 – бузургии доимие, ки маҷмӯи дигар нишондиҳандаҳоро ифода менамояд.
Гарфики вобастагии маҳсулнокии автобус ва нишондиҳандаҳои qв,γ, ηсм, Тн чунин намудро мегирад.
Сохти таъсири дигар нишондиҳандаҳо ба маҳсулнокии автобус мураккаб буда, чунин намуд дорад.
Бо афзоиши β,Vт маҳсулнокӣ меафзояд. Бо камшавии сарфи вақт дар истгоҳҳои мобайнию канорӣ ҳосилнокӣ меафзояд. Бо зиёдшавии масофаи миёнаи мусофирбарӣ маҳсулнокӣ бо ченаки шумораи мусофирон кам шуда, бо ченаки мусофир – км меафзояд.
Дар вақти таҳлил чунин қабул шуда буд, ки ҳамаи омилҳо новобастаанд. Қисме аз онҳо дар ҳақиқат новобастаанд(qн,γ, β, 1сп) ва байни худ вобастагии функсионалӣ надоранд. Нишондиҳандаҳои дигар бошанд ба ҳадди муайян вобастагии функсионалӣ доранд. Дар айни ҳол чунин тарзи таҳлил ба хатогии зиёде оварда намерасонанд ва чунин тарзи таҳлилро раво ҳисобидан мумкин аст.
МАВЗӮИ 8.
НАМУДҲОИ МУСОФИРБАРӢ БО АВТОБУСҲО
Саволҳо:
1. Ба хати
ҳаракати автобусҳои шаҳрӣ