Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)
  • автомобилҳо бо муҳаррикҳои карбюраторӣ
  • автомобилҳо бо муҳаррикҳои бо газ коркунанда
  • автомобилҳо бо муҳаррикҳои дизелӣ
  • автомобилҳо бо муҳаррикҳои электрикӣ

Бо назардошти қобилияти ҳарҷогардӣ (проходимость) автомобиҳо ба автомобилҳои роҳӣ (дорожные), автомобилҳои қобилияти ҳарҷогардӣ дошта ва автомобилҳои қобилияти ҳарҷогардии баланд дошта тақсим мешаванд.

Бо назардошти сохти конструктивӣ автобусҳо ба се намуд тақсим мешаванд:

  • автобусҳои алоҳида
  • автобусҳои пайванд
  • автопоездҳо

Бо назардошти дарозӣ автобусҳо ба 5 гуруҳ тақсим мешаванд:

  • ниҳоят хурд – то 5 м
  • хурд – 6,0 – 7,5 м
  • миёна – 8,0 – 9,5 м
  • калон – 10,0 – 12,0
  • ниҳоят калон – 16,5 м ва зиёд

Бо назардошти таъинот ба автобусҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, маҳаллӣ, истифодаи умум, туристӣ  ва байнишаҳрӣ тақсим мешаванд.

Автомобилҳои  сабукрав бо назардошти ҳаҷми муҳаррикҳояшон ба 4 гуруҳ тақсим мешаванд:

  • ниҳоят хурд – то 1,2 л
  • хурд        -        1,2-1,8 л
  • миёна    -         1,8-3,5 л
  • калон     -         зиёда аз 3,5 л

Бо назардошти таъинот автомобилҳои сабукрав ба шахсӣ, хизматӣ, таксӣ ва иҷоравӣ тақсим мешаванд.

 

 

 

2. Нақлиёти автомобилии  мусофирбар бояд талаботҳои зеринро  қонеъ гардонад.

1. Қулаии (удобства) савор шудан ва фаромадани мусофирон, ки бо сохти дарҳо, баландии зинапояҳо муайян намуда мешаванд.

2. Бароҳатии (комфортабельность) нишастгоҳҳои мусофирон, ки бо сохти ҷойҳои нишаст, ҳудуди гузаргоҳҳо ва муҳити (микроклимат) дохили автобус баҳо дода мешавад.

3. Соддагии идоранамоӣ (легкость управления), ки бо ҳузурнокии ҷои кории ронанда, сарфи қуввае, ки ӯ барои идоранамоии автобус сарф менамояд, инчунин муҳити дохилӣ (кабина) – хонача баҳо дода мешавад.

4. Хиромонии ҳаракат (плавность  хода), яъне мутобиқӣ ба ҳаракат бо ларзишҳои (колебании) минималӣ

5. Ҷафсӣ (компактность), ки бо ҳудуди минималии майдончаи гардишҳои автомобил баҳо дода мешаванд.

6. Тайёрӣ ба ҳаракат (готовность  к движению), ки ба давомнокии ба ҳаракат тайёр намудани ҳаракат муайян намуда мешавад.

7. Эҳтиёти сӯзишвории ҳаракат  (запас хода по топливу), бо масофае, ки автомобил сӯзишворӣ пур накарда ҳаракат мекунад, баҳо мешавад.

8. Бехатарии  ҳаракати автомобил

9. Бехатарии  экологии автмобил

 

3. Барои таъмини  самаранокии раванди мусофирбарӣ,  иншоотҳои хаттӣ бояд бо таҷҳизотҳои  техникӣ таъмин намуда шаванд. Ба ин таҷҳизотҳо асосан инҳо  дохил мешаванд:

- мошинҳои чиптавӣ  - кассавӣ барои механиконидани  ҷараёни фуруши билетҳо:

- автоматҳои билетчопнамоӣ барои фуруши билет ба якчанд зонна (6 зонна) (АБ-295)

- мошинаҳо барои  ҳисоб намудани тангаҳои ҳархела  (СО – 59, МС - 3)

- компостерҳои  электрикӣ (МК – 10, ЭКМ)

Барои маълумотрасонӣ ва алоқа воситаҳои баландгуӣ (ПУ -1, ОПУ – 10М оперативное переговорное устройство) инчунин телефони дохилӣ, радиостансияи хурд (Алтай -АС -1) истифода мебаранд.

Барои маълумотдиҳӣ воситаҳои автоматикӣ (АСУ – 50 ва 52 – автоматическое справочная установка с информационними пластиками) истифода менамоянд.

Бағоҷхонаҳои  автоматикӣ, ки бо воситаи автоматикии  чиптачопнамоӣ таҷҳизонида шудааст  низ дар автовокзалҳо ва автостансияҳо  амал менамоянд. Барои назорати ҳаракати мунтазами автобусҳо штамп – соатҳо (72-ЧТМ) ва дастгоҳҳои телевизионии саноатӣ (ПТУ - 01– промишлення телевизионная установка) низ истифода бурда мешавад.

Барои тозанамоӣ  ва ногоҳдории автовокзалҳо мошинаҳои  механиконидаи гуногун (ТУМ – 975 – уборочная машина) истифода мешаванд.

 

4. Воситаҳои техникии алоқаи диспетчерӣ бояд алоқаи устувор ва доимиро байни объектҳои статсионарӣ ва ҳаракаткунандаи нақлиёти мусофирбар, дар самтҳои шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ таъмин намояд. Дар нақлиёти автомобилии мусофирбар воситаҳои комплексии алоқаи диспетчерӣ - симин, радиотелефонӣ ва радиорелеӣ истифода бурда мешаванд.

Дар ташкили  алоқаи диспетчерӣ воситаҳои беруна ва дохилии алоқаро, истифода менамоянд.

Алоқаи беруна асосан барои мубодилаи бевоситаи маълумот байни коргарони объектҳои статсионарие, ки дар раванди нақлиётӣ иштирок менамоянд, истифода бурда мешаванд. Дар ҳолати алоқаи бевоситаи телефонии диспетчерӣ дар маркази хадамоти диспетчерӣ (МХД) чунин таҷҳизотҳо истифода мешаванд: коммутатори алоқаи таъҷилӣ (КОС – 22М) бо гузаштани аппаратҳои телефонӣ дар нуқтаҳои зарурӣ; стансияи селектории диспетчерӣ (СДСМ 50/100); ва аппаратҳои алоқаи диспетчерӣ (АДС - 2; АДС - 3) бо аппаратҳои телефонӣ дар нуқтаҳои муайян бо баландгӯякҳо; таҷҳизотҳои гуногуни гуфтугуӣ ва марказикунанда. Барои алоқаи бевосита бо МХД ва филиалҳои он, идораи нақлиёт, автовокзал ва автостансия, ронандагони автобус ва таксӣ, инчунин диспетчерҳои хаттӣ, нозирон ва автомобилҳои ёрии техникӣ, алоқаи диспетчерии радиотелефонӣ ташкил карда мешавад, ки он дар МХД гузошта радиостансияи марказӣ ва дар дигар объектҳои нақлиётӣ радиостансияи оддӣ, ки ба як мавҷи корӣ омода гардонида шудааст, дар бар мегирад. Дар нақлиёти автомобилии мусофирбар одатан радиостансияи тамғаи “Гранит ЦС ”, “Гранит АС”, “УРС - 2”, “ЦРС - 2”, “ФМ – 40 - 160” “Алтай” ва ғайра истифода мешаванд, ки дар диапазони УКВ мутобиқ буда дар масофаи 10-30 км таъмин менамояд.

Алоқаи диспетчерии  радиорелеиро бо гузоштани стансияҳои радиорелеӣ (РРС – 1М) ташкил менамоянд, ки алоқаи таъҷилии диспетчеронии автовокзал ва автостансияҳо дар хатҳои сафари байнишаҳрӣ, инчунин гуфтугуи байни идораи нақлиётӣ ва МНА, ки дар ду ва ё зиёда шаҳрҳо мавқеъ доранд ва дар як самт ҷойгиранд, таъмин менамояд.

Барои қабул  ва фиристодани маълумот оиди қисми  ҳаракаткунанда, МХД, МНА, идораи нақлиётӣ, инчунин дигар объектҳои статсионарии мусофирбарии байнишаҳрӣ телетайнҳо таҷҳизонида мешаванд.

Стансияҳои  телефонии дохилӣ барои таъмини алоқаи дохилӣ байни сохторҳои алоҳидаи МНА, АВ ва АС ва коммутатор пешбинӣ мешавад. Системаи хизматрасонии алоқаи диспетчерии нақлиёти мусофирбар бо таҷҳизотҳои гуногуни техникии дохилӣ, берунӣ ва комплексӣ таҷҳизонида шуда бояд алоқаи устувор ва истифодабарии соддаи онҳоро таъмин намояд.  

 

 

 

 

 

 

 

 

 

МАВЗӮИ 3

ИНТИХОБИ ҚИСМИ ҲАРАКАТКУНАНДА

 

Саволҳо:

    1. Принсипи интихоби қисми ҳаракаткунанда
    2. Интихоби намуди қисми ҳаракаткунанда бо назардошти ғунҷоиши он
    3. Муайян намудани шумораи қисми ҳаракаткунанда
    4. Омилҳое, ки интихоби автобусро аз ҷониби мусофирон муайян менамояд.

 

1. Ҳар як намуди  қисми ҳаракаткунанда, тавсифи муайяни техникӣ - иқтисодии худро дорад: андозаҳо (дарозӣ, баландӣ, бар) ва нишондиҳандаҳои вазнӣ, ғунҷоиш қобилияти ҳарҷогардӣ, ҳузурнокӣ, иқтидори мусофирбарӣ, нишондиҳандаҳои санитарӣ - гигиенӣ ва ғайра. Дар айни замон ҳар як шаҳр ё минтақа низ бо шароитҳои муайяни нақлиётӣ баҳо дода мешавад: талабот ба мусофирбарӣ, иқтидор ва лапишҳои селаи мусофирон дар воҳиди вақт ва самтҳои гуногун; масофаи миёнаи мусофирбарӣ ва ғайра.

Дар муаммои  таъмини самаранокии мусофирбарӣ  дар шаҳр ё минтақа масъалаҳо ба ду гуруҳ тақсим мешаванд.

1. Масъалаи муайяннамоии ҳудуди самараноки (рациональная область) истифодабарии намудҳои гуногуни қисми ҳаракаткунанда бо назардошти тавсифи техникӣ - иқтисодии он

2. Масъалаҳои интихоби  намуди нақлиёт барои шароитҳои  муайяни шаҳр ва минтақа (шароитҳои меъморӣ - нақшавӣ, техникӣ - иқтисодӣ, санитарӣ - гигиенӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ).

Масъалаи якум бо маҳдудиятҳои ин ё он шаҳр (минтақа) – и реалӣ  вобаста набуда, танҳо ба эътибор  гирифтани як ё гуруҳи омилҳои муқоисавиро талаб менамояд (ба монанди иқтидори мусофирбарӣ, суръати ҳаракат ва ғайра). Мисоли масъалаи гуруҳи якум, муайян намудани самаранокии селаи мусофирон, ки бо гуногуни қисми ҳаракаткунанда аз худ карда мешаванд, шуда метавонад.

Масъалаи гуруҳи дуюм нисбатан мураккаб мебошад, чунки он талаб менамояд, ки дар шароитҳои мушаххаси шаҳр ё минтақа намудҳои гуногуни қисми ҳаракаткунандаро муайян (интихоб) намоем, то ки шароити самараноки кори онҳо таъмин карда шавад.

Критерияи асосии интихоби намудҳои гуногуни қисми ҳаракаткунанда – критерияи сифати максималии мусофирбарӣ дар ҳолати хароҷотҳои минималии овардашуда мебошад. Хароҷотҳои овардашуда – хароҷотҳои капиталӣ ва хароҷотҳои истифодабариро дар бар мегирад. Хароҷотҳои капиталӣ ва ҷорӣ функсияи гардиши мусофирон мебошад. Вобаста ба ин, барои муайян намудани ҳудуди самараноки истифодабарии ин ё он қисми ҳаракаткунанда, бояд вобастагии байни  S(P) тартиб дод.

 

2. Мусофирбарӣ  бо автобусҳои гуногунғунҷоиш амалӣ мегардад. Намуди автобусро бо назардошти ғунҷоиш вобаста ба ҳадди селаи мусофирон муайян менамоянд чунки аз он вобаста аст ҳосилнокӣ, арзиши аслии мусофирбарӣ, фосилаи ҳаракат ва суръати робитавӣ.

Қисми ҳаракаткунандаро бо назардошти ғунҷоиш вобаста аз он қисми хатти сафар, ки селаи мусофирон зиёд аст муайян менамоянд.

 

Селаи мусофирон дар соатҳои (часи пик)ба як самт

Ғунҷоиши автобус (шумораи ҷойҳои нишаст ва рост истодан)

То 350 мусофир

30-35

350-700 мусофир

50-60

700-1000 мусофир

80-85

Зиёда аз 1000 мусофир

100-120


 

Таҳқиқотҳои пажуишгоҳҳои нақлиётӣ нишон медиҳад, ки ғунҷоиши автобус, инчунин аз рӯи шиддати селаи мусофирон дар як соат муайян кардан мумкин аст

Шиддатнокии яксоатаи селаи мусофирон  дар хати сафар, мусофир

Ғунҷоиши умумии автобус , мусофир

200-1000

40

1000-1800

65

1800-2600

80

2600-3800

110

3800 ва зиёда

180


 

Дар асоси таҳқиқи  селаи мусофирон, дар ҳар як хати сафар намуди муайяни автобусро  таъин менамоянд ва шумораи умумии автобусҳоро низ таъин менамоянд.

Дар интихоби қисми  ҳаракаткунанда дар хати сафари муайян бояд инҳоро ба эътибор гирифт:

  • иқтидори селаи мусофирон дар як самт, дар қисми зиёдтарини хати сафар дар соати пуршиддати селаи мусофирон;
  • нобаробар тақсимшавии селаи мусофирон дар соатҳои шабонарӯзӣ ва қисмҳои хати сафар;
  • фосилаи беҳтарини ҳаракат;
  • шароити ҳаракат дар роҳ ва иқтидори гузаронидани раҳ;
  • иқтидори мусофирбарии автобусҳои гуногун (шумораи максималии мусофирон, ки автобус дар 1 соат ба як самт мебарад);
  • хароҷоти мусофирбарӣ.

Критерияи асосии интихоби ғунҷоиши оптималии барои  ин ё он хати сафар, ин фосилаи дурусти  ҳаракати автобус, ки дар асоси таҳқиқи селаи мусофирон муайян карда мешавад, мебошад.

Фосилаи ҳаракти автобус – ин вақти ҳаракати байни ду автобуси паи ҳам ҳаракаткунанда. Он ҳамчун нисбати вақти гардиши автобус (tоб) ба шумораи автобусҳое (Ам), ки дар ин хати сафарҳаракат мекунанд, муайян карда мешавад:

Зудии ҳаракат (h) ҳамчун мутаносиби чаппа ба фосилаи  ҳаракат мебошад:

     

Дар соатҳои  пуршиддати селаи мусофирон, одатан фосилаи ҳаракат барои автобусҳои шаҳрӣ 1-3 дақиқа ва наздишаҳрӣ 10-15 дақиқа муайян карда мешавад. Автобусҳои пайванд дар ҳолати I =1 метавонад дар як соат то 12000 мусофирро ба як самт баранд.

 

3. Шумораи қисми  ҳаракаткунанда (автобус) – ро  вобаста ба селаи мусофирони  максималӣ дар қисми хати сафар ва дар соати пуршиддати селаи мусофирон ҳисоб менамоянд.

Зудии ҳаракати автобус

Дар ин ҷо: Qmах – иқтидори максималии селаи мусофирон ба як самт

                   qн – ғунҷоиши номиналии автобус

Азбаски 

аст, он гоҳ   

 

яъне фосилаи ҳаракт аз селаи мусофирон ва ғунҷоиши автобус  вобаста аст.

Барои хати сафари автобус, ки дарозиаш Lм, зуди ҳаракат h, ва суръати истифодабарӣ Vэ мебошад, шумораи автобусҳо чунин муайян карда мешавад:

      

 

Азбаски селаи  мусофирон дар ҳар як хати сафар  дар давоми шабонарӯз  тағйир меёбад, он гоҳ шумораи автобусҳо низ  дар хатҳои сафари гуногун, дар соатҳои гуногун қимати гуногунро доро мебошад.

Барои муайян намудани шумораи  автобусҳо дар оянда, пеш аз ҳама ҳаҷми мусофирбарӣ ва гардиши  мусофиронро муайян менамоянд. Баъд вобаста аз селаи мусофирон дар  хатҳои сафар намуди автобус ва ҳосилнокии солонаи онро муайян менамоянд. Ҳаҷми мусофирбарӣ ва ҳосилнокии автобусро дар оянда дониста, шумораи автобусҳои заруриро муайян менамоянд.

Информация о работе Ташкили мусофирбари