Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

 

3. Яке аз намудҳои прогрессивии хизмарасонӣ ба мусофирон, ин истифодаи микроавтобусҳо (таксиҳои самтнок) мебошад. Бо ин намуд мусофиронро дар хати сафари доимӣ ё алоҳида тартибдода (мутобиқи талаботи аҳолӣ) бурдан мумкин аст. Дар ҳолати селаи устувори мусофирон, кори микроавтобусҳо аз рӯи ҷадвал ташкил карда мешавад.

Тартибдиҳии ҷадвал ва идораи диспетчерии автомобилҳое, ки аз рӯи ҷадвал кор мекунанд, чун кори автобусҳо танзим карда мешавад. Агар дар хати сафар селаи ноустувори мусофирон бошад ва истгоҳи охирон ҳамчун нуқтаи мусофирҷамъшавӣ бошад, онгоҳ дар ин хати сафар ҳаракати микроавтобус бе ҷадвали тасдиқгардида ташкил карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳаракати автобус аз ҷониби танзимгари хатӣ, вобаста аз селаи мусофирон дар истгоҳҳои охирон танзим карда мешавад. Бо пур шудани ҷойҳои нишаст танзимгар микроавтобусро ба сафар гусел менамояд. Дар ин ҳолат диспетчер бояд фосилаи ҳаракатро танзим намояд.

Таксиҳои самтнок метавонанд инчунин бо супоришҳо (заказ) кор  кунанд. Ташкили ҳаракати таксиҳои самтнок дар чунин ҳолат бо шароитҳои гуногуни автоматизатсия амалӣ мегардад.

Идораи диспетчерии ҳаракати таксиҳои самтнок, ки бо супоришҳо кор мекунанд, чунин корҳоро дар бар мегирад:

  • қабули супориши мусофирон аз ҷониби танзимгари маркази (ЦДС);
  • ба гуруҳҳо ҷудо намудан ва кор карда баромадани супоришҳо (якмаротибагӣ, доимӣ) вобаста аз вақти иҷронамоӣ, нуқтаи пешниҳоди автомобил ва ғайра;
  • тартибдиҳии барномаи мусофирбарӣ ва супориши ронандагон;
  • ба ронанда супоридани вазифа (супориш, заказ);
  • азнавтақсимнамоии автомобилҳо дар хати сафар;
  • назорати иҷрои супоришҳо.

Дар шароити  деҳот, дар ҳолати селаи начандон зиёди мусофирон истифодаи микроавтобусҳо самаранок мебошад. Элементи интиҳоии идораи диспетчерӣ ин таҳлили кори микроавтобусҳо ва ронандагон мебошад, ки дар асоси он чорабиниҳо оиди мукаммалнамоии системаи кори автомобилҳоро пешбинӣ намудан мумкин аст.

Дар баъзе ҳолатҳо  маркази хизматрасонии диспетчерӣ барои танзими ҳамаи нақлиётҳои мусофирбари шаҳрӣ хизмат менамояд.

 

4. Идораи диспетчерии  ҳаракати автомобилҳои сабукрави  таксӣ, дар ҳолати марказонида  будан самараи дилхоҳ медиҳад, яъне бояд ҳамаи талаботҳои системаи диспетчерӣ риоя карда шавад. Идораи диспетчерӣ бояд чунин вазифаҳоро амалӣ намояд: мувофиқи ҷадвали тасдиқгардидаи пурра автомобилҳои таксиро ба хати сафар ба кор барорад; қабули марказонидашуда ва иҷрои саривақтии супоришҳои таъҷилӣ ва мӯҳлатнокро амалӣ намояд; танзими марказонидашудаи тақсими автомобилҳои таксии холӣ ба минтақаҳо ва истгоҳҳои алоҳида, мувофиқи талабот ба мусофирбарӣ таъмин намояд.

Амалӣ намудани системаи  идораи диспетчерӣ самаранокии истифодабарии автомобилҳоро таъмин намуда ба беҳтарнамоии сифати мусофирбарӣ мусоидат менамояд.

Системаи идораи диспетчерии ҳаракати автомобилҳои таксӣ дар шаҳрҳо аз рӯи принсипи ҳудудӣ - марказонидашуда амал менамояд. Амали самараноки он танҳо дар  ҳолати ҳалли комплексии тарафи ба ҳам вобастаи он амалӣ мегардад: таҷҳизонидани маркази хадамоти диспетчерӣ бо таҷҳизотҳои техникии алоқа ва идоранамоӣ; интихоби ратсионалии сохтори ташкили хизматрасонии диспетчерӣ; истифодаи раванди намунавии шӯъбаи таксомотории маркази хизматрасонии диспетчерӣ.

 

5. Кори маркази  хизматрасонии диспетчерӣ ба  се самт амалӣ мегардад: ҷамъ  намудани иттилоот; ташкили назорат  ва таъмини танзими мусофирбарӣ.

Маркази хизматрасонии  диспетчерӣ тарзҳои гуногуни идораро, ки ба барқарорнамоии мунтазами ҳаракат ва таъмини бемамониати ҳаракати автомобилҳо дар тамоми хати сафар нигаронида шудааст истифода мебаранд.

а) зиёд намудани вақти истодани автобусҳо дар истгоҳи охирони хати сафар – дар ҳолате, ки автобус аз вақти муайяннамудаи ҷадвал барвақттар омадааст, истифода мебаранд;

б) барҳам додани дермонӣ дар сафари навбатӣ - дар  ҳолате истифода бурда мешавад, ки автобус  ба истгоҳи охир бо каме дермонӣ  омада расид. Бо зиёд намудани суръати  ҳаракат мунтазамии ҳаракат таъмин карда мешавад.

в) Тағйир додани фосилаи ҳаракат байни ду сафарҳои ба ҳам наздик – дар ҳолати аз кор баромадани як автобус, ки боиси зиёдшавии фосилаи ҳаракат мегардад, истифода бурда мешавад. Барои таъмини нисбатан баробари ҳаракат, автобуси аз истгоҳи охирин ба сафар мебаромадаро каме нигоҳ медоранд (ба андозаи 1/3 фосилаи ҳаракат);

г) истифодаи  автобусҳо бо фосилаи таъҷилӣ - дар  дар ҳолатҳои махсус истифода бурда  мешавад. Вақте, ки бо сабабҳои гуногун  ба хати сафар 2 ва аз он зиёда автобус  аз кор баромад. Дар ин ҳолат танзимгар  барои ҳамаи автобусҳои боқимонда фосилаи таъҷилӣ муайян мекунад, ки ҳамчун сарфи вақти сафар (tоб) ба шумораи автобусҳои боқимонда дар хати сафар муайян карда мешавад.

д) фиристодани  автобусҳо ба сафари кӯтоҳгардида –  дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки автобус ба истгоҳи охир хеле дер омад ва дар ин вақт бо зиёд намудани суръат ҳам мунтазамии ҳаракат барқарор карда намешавад. Дар ин ҳолат автобуси деромада ба сафари кӯтоҳгардида равон карда мешавад, ки мувофиқи вақти дар ҷадвал муайянгардида баргардад.

е) зиёд намудани вақти сафар – дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар бо сабабҳои гуногуни объективӣ (туман, биниши маҳдуди роҳ ва ғайра) зиёдшавии вақти сафар боиси вайрон гардидани ҷадвали тасдиқгардида шавад. Бо мақсади таъмини бехатарии мусофирон танзимгар метавонад вақти сафарро 10-20% зиёд кунад.

ж) аз як хати сафар  ба хати сафари дигар гузаронидани автобус – дар ҳолате истифода карда мешавад, ки тақсимшавии ғайричашмдошти мусофирон дар як ё якчанд хати сафар ба вуҷуд ояд.

з) истифода бурдани  автобусҳои захиравӣ - дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар зарурияти ивазнамоии автобуси бо сабабҳои техникӣ аз кор монда ба миён ояд автобусҳои захиравӣ инчунин барои устуворнамоии мусофирбарӣ дар ҳолати тағйирёбии селаи мусофирон истифода карда мешаванд.

 

МАВЗӮИ 8

ТЕРМИНАЛҲОИ МУСОФИРБАРӢ

Саволҳо:

    1. Классификатсияи иншоотҳои хаттӣ
    2. Раванди технологии кори терминалҳои мусофирбарӣ
    3. Идораи терминалҳои мусофирбарӣ
    4. Механизатсия ва автоматизатсия дар раванди истеҳсолии терминалҳои мусофирбарӣ

 

1. Бо мақсади  беҳтар намудани хизматрасонӣ ба мусофирон, ташкили дурусти кори нақлиётӣ мусофирбар, шароитҳои хаттӣ - павилонҳо (айвончаҳо), нуқтаҳои чиптафурушӣ, стансияҳои хизматӣ, соат – компастерҳо терминалҳои мусофирбарӣ (автовокзал ва автостансияҳо) ташкил карда мешаванд.

 Павилонҳо (айвончаҳо) дар истгоҳҳои мобайнӣ барои шароити дурусти интизоршавии мусофирон, нуқтаҳои махсус, ки ғунҷоишашон 5-20 мусофир аст, бунёд мешаванд. Ин павилонҳо шаклҳои гуногуни меъморӣ дошта, мктавонад кушода, пӯшида ва нимпӯш бошанд.

Нуқтаҳои  чиптафурушӣ - дар хатҳои сафари байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, дар маҳаллаҳои калони аҳолинишин бо мақсади фуруши чиптаҳо (билетҳо) ва хизматрасонии маълумотдиҳӣ оиди ҳаракати нақлиёти мусофирбар бунёд карда мешаванд.

Стансияҳои  хизматӣ - иншоотҳоеанд, ки дар истгоҳҳои ибтидоӣ ва охирини хатҳои ҳаракати автобусҳои шаҳрӣ мавқеъ дошта, дар онҳо диспетчерҳои хаттӣ, контроллерҳо (назоратчиҳо) фаъолият менамоянд ва дар онҳо барои истироҳати ронандагон ҷойҳои истироҳатӣ низ ҷудо шудааст.

Агар дар  истгоҳҳои ибтидоӣ ва охирини автобусҳои шаҳрӣ бунёди стансияҳои хизматӣ ғайриимкон ё самаранок набошад, онгоҳ ба ҷои стансияҳои хизматӣ барои дар роҳхатҳо қайд намудани вақти омад ва рафти автобусҳо аз соат- компостерҳо истифода менамоянд

Терминалҳои мусофирбарӣ ё автостансияҳо – иншоотҳои хаттиеанд, ки барои қабул ва фиристодани автобусҳо, таъмини саворшавӣ ва фаромадани мусофирон, хизматрасонӣ ба мусофирон ва ҷойгирнамоии коргароне, ки барои хизматрасонӣ ба нақлиёти мусофирбар омода шудаанд. Автостансияҳоро одатан дар истгоҳҳои охирин (ибтидоӣ) ё байнии хати ҳаракати автобусҳои байнишаҳрӣ, наздишаҳрӣ дар шаҳрҳо ё маҳаллаҳои калони аҳолинишин ҷойгир менамоянд. Автостансияҳо одатан аз бинои асосӣ, айвончаҳо барои саворшавӣ ва фаромадани мусофирон, инчунин истгоҳҳои алоҳида барои нигоҳдории автобусҳо дар байни сафарҳояшон ва автомобилҳои сабукрав таксӣ иборат аст.

Автовокзалҳо – маҷмӯаи иншоотҳои ба дараҷаи муайян аз ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ ҷудошуда ва аз қисмҳои зерин иборатбуда:  бино барои мусофирон; ҳавличаи дохилӣ бо айвончаҳояш барои саворшавӣ ва фаромадани мусофирон; майдончаи алоҳида барои нигоҳдорӣ, тозанамоӣ ва азназаргузаронии автобусҳо ва майдончаи наздивокзалӣ барои ҳаракати автобусҳои шаҳрӣ.

Автовокзалҳо  ва автостансияҳо ба ҳаҷми кории  худ, бо функсияҳои иловагии худ бо сохтори худ фарқ менамоянд.

 

Функсияҳои  асосии автовокзалҳо аз инҳо иборатанд:

  • хизматрасонии маишӣ ба мусофирон;
  • танзими диспетчерӣ ба ҳаракати автобусҳо ва мусофирон дар дохили автовокзал
  • амалиётҳои тиҷоратӣ;
  • функсияҳои назоратӣ;
  • амалиётҳои техникӣ;
  • баҳисобгирӣ ва таҳлили мусофирбарӣ;
  • ташкили хизматрасонии маишӣ ва истироҳат ба ронандагон;
  • тоза намудани ҳудуди автовокзал ва ғайра.

 

2. Вобаста ба  ҳаҷм ва хусусиятҳои корӣ, воситаҳои  дар ихтиёр дошта, роҳбари ҳар  як терминали мусофирбарӣ дар  асоси дастури махсус (намунаи раванди технологии кори терминалҳои мусофирбарӣ) раванди технологии кори терминали мусофирбарии худро тартиб дода, тасдиқ менамояд.

Ҳуҷҷати тасдиқгардида  бояд қисмҳои зеринро дар бар  гирад:

 

    1. Тавсифи кӯтоҳи истеҳсолӣ ва техникии терминали мусофирбарӣ

1.1 Тавсифи истеҳсолии  терминали мусофирбарӣ бо чунин  нишондодҳо муайян намуда мешавад:

- шумораи максималии  мусофироне, к ба онҳо хизмат  расонида мешавад ва нобаробар  тақсимшавии онҳо дар воҳиди  вақт (фасли сол, моҳ, рӯзҳои  ҳафта, давоми шабонарӯз)

- шумораи автобусҳои  гуселшуда дар шабонарӯз

- шумораи максималии  ҷой барои борҳое, ки дар давоми  шабонарӯз ба нигоҳдорӣ қабул  мешавагд.

1.2 Тавсифи техникии  терминали мусофирбарӣ чунин  маълумотро дар бар мегирад:

- нақшаи генералии  терминали мусофирбарӣ

- нақшаи бинои  терминал бо нишондоди тамоми  ҳуҷраҳо, тавсифи онҳо, ҳаҷм ва таҷҳизотҳои онҳо

- нақшаи ҳавлии дохилӣ ва майдончаи наздиҳавлигӣ бо нишондоди тамоми элементҳо (ҷойгиршавии айвончаи қабул ва фиристодани автобусҳо, майдончаи автобусҳои захиравӣ, ҷойҳои шустани автобусҳо, азназаргузаронии техникии автобусҳо ва ғайра)

- сохти воситаҳои  алоқаи дохилӣ ва берунӣ

- маълумот оиди  воситаҳои техникии тозанамоӣ  ва механизатсияи терминалҳо

- нақшаи эвакуатсияи  мусофирон ва коргарони термиал.

 

    1. Ташкили кори шӯъбаҳои терминал

Дар термиалҳои мусофирбарӣ одатан бояд чунин шӯъбаҳо фаъолият намоянд:

- хадамоти маълумотдиҳӣ - воситаҳои хизматрасонии маълумотдиҳӣ  инҳоянд: нақша (схема), ҷадвалҳои  дохили терминал, маълумоти бюрои  маълумотдиҳӣ, радиомаълумотҳо, воситаҳои маълумотдиҳии автоматикӣ, шабакаи дохилӣ ва баландгӯякҳо.

- хазинаи чиптафурушӣ  одатан 3 намуд мешавад. Хазинаҳо  муайян мешаванд барои фуруши  блетҳои ҷорӣ, билетҳои транзитӣ, билетҳои пешакӣ. Ба автобусҳои  байнишаҳрӣ билетҳо мувофиқи  ҷойҳои нишаст ва ба автобусҳои наздишаҳрӣ бошад мувофиқи ғунҷоиши номиналӣ чипта фурухта мешавад.

- операторӣ  - дар ҳолати кор кардани хазинаҳо  бо методи “ба ҳама самтҳо”  тақсим намудани ҷойҳоро байни  кассаҳо оператор ба ҷо меорад.

- бағоҷхонаҳо-  вақти кории бағоҷхона бо вақти кории терминал бояд мутобиқат намояд

- хизматрасонии  танзимгарӣ - чунин вазифаҳоро иҷро менамояд: назорати саривақт ба терминал расидани автобусҳо, назорати фиристодан ва ба терминал омадани автобусҳо, танзим намудани ҳаракати автобусҳо, маълумотдиҳӣ ба мусофирон оиди расидани автобус, оғози саворшавӣ, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои сафарӣ ва ғайра.

- нуқтаи назоратӣ - дар нуқтаи назоратӣ ронанда  бо ёрии таҷҳизоти махсус ба  роҳхат қайд менамояд. Ин нуқта  бояд бо воситаҳои алоқа байни  ронандаю танзимгар таҷҳизонида шуда бошад.

 

3. Хизматрасонии  маишӣ ба мусофирон 

 Дар толори мусофирӣ метавонанд ҳар гуна дӯконча ё автоматҳо барои фуруши газет, обҳои газнок, сигарет ва дгар маводҳо башанд. Хонаи модару кӯдак, барои хизмат расонидан ба модарони кӯдакдор пешбинӣ шудааст. Кори ошхона ва дигар нуқтаҳои савдо, ки барои мусофирон хизмат мерасонанд ба вақти кории терминал, бояд мутобиқ гардонида шавад.

 

4. Ташкили  хизматрасонӣ ба мусофирони нақлиёти  наздишаҳрӣ.

 Самти ҳаракати омад ва рафти мусофирони наздишаҳрӣ дар термиал бояд аз самти ҳаракати мусофирони байнишаҳрӣ ҷудо бошад. Системаи қабул ва фиристодани автобусҳои наздишаҳрӣ ва автобусҳои байнишаҳрӣ фарқ мекунанд.

 

5. Тоза  намудан ва нигоҳдории терминалҳо.

Терминали мусофирбарӣ бояд дар вақте тоза намуда шавад, ки ҳаракати автобусҳо аз ҳама кам бошад. Терминалҳо одатан аз рӯи ҷадвале, ки онро роҳбар тасдиқ намудааст, тоза намуда мешавад. Барои тоза намудан ва нигоҳдории онҳо мошинҳои махсус истифода бурда мешаванд.

Информация о работе Ташкили мусофирбари