Ташкили мусофирбари

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа

Краткое описание

Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.

Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.

Вложенные файлы: 1 файл

Ташкили мусофирбари.doc

— 538.00 Кб (Скачать файл)

Тибқи қонунгузории амалкунанда ба ронандагон инчунин  вақт барои танафуси хӯрокхурӣ, истироҳати ҳаррӯза, истироҳати ҳарҳафтаина ва рӯхсатии ҳарсола муайян карда мешавад.

Танафус барои  хурокхӯрӣ набояд зиёда аз 2 соат дар як баст ва баъди на камтар аз 4 соати корӣ муайян карда шавад.

Давомнокии  вақти истироҳати ҳаррӯза бояд на камтар аз ду баробари вақти басти  корӣ бошад. Дар баъзе ҳолатҳо  истироҳати ҳаррӯза метавонад то 12 соат кам карда шавад.

Рӯзҳои истироҳати ҳар ҳафта, мунтазам, дар яке аз рӯзҳои ҳафта метавонанд муайян карда шаванд. Дар ин ҳолат бояд истироҳати ҳар ҳафта на камтар аз 42 соат бошад

 

2. Хусусияти  хоси селаи мусофирон дар хатҳои  сафари шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ  аз он иборат аст, ки селаи  мусофирон саҳарӣ ва бегоҳӣ 1,5 – 2 соат пуршиддат шуда (утренные и вечерные “часы пик”) баъд бомаром кам мегардад. Ин талаб мекунад, ки дар хати сафар автобусҳо соатҳои гуногун кор кунанд. Ин шакли гуногунии меҳнати роанадагонро талаб менамояд. Ин ё он шакли меҳнати ронандагони автобус ба хусусиятҳои хоси сати сафар вобаста буда, бояд нишондиҳандаҳои хуби мусофирбариро таъмин намояд.

Яке аз шаклҳои  ташкили меҳнати ронандагон ин шакли  секарата қатории ташкили меҳнат мебошад. Моҳияти ин шакли ташкили меҳнат аз он иборат аст, ки ба як автобус се ронанда вобаста карда мешавад. Дар автобус ба таври доимӣ ду ронанда кор мекунанд ва баъди ду рӯзи корӣ ба ронандагон рӯзи истироҳат муайян намуда, ронандаи сеюмро ба кор даъват менамоянд. Ронандагон дар давоми моҳ бо чунин ҷадвал кор мекунанд:

 

Ронандаҳо

Рӯзҳои моҳ 

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

Якум

I

I

B

II

II

B

I

I

B

II

II

B

I

I

B

Дуюм

II

B

I

I

B

II

II

B

I

I

B

II

II

B

I

Сеюм 

B

II

II

B

I

I

B

II

II

B

I

I

B

II

II


 

Эзоҳ: I ва II – бастҳои корӣ

            В – рӯзи истироҳат

Дар чунин шакли  ташкили меҳнат ҳар як ронанда 20 рӯз кор ва 10 рӯз истироҳат менамояд дар ҳолати рӯзи кории 7-соата фонди вақти кории ронанда аз 160 то 185 соатро ташкил медиҳад (ба ҳисоби миёна 174, 6 соат).

Чунин шакли  ташкили меҳнат дар хатҳои сафаре ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо автобус бояд саҳарии барвақт корро оғоз намуда, то бевақтии бегоҳ кор кунад.

Моҳияти шакли  якунимии (полуторний) ташкили меҳнати ронандагон аз он иборат аст, ки дар ду автобус 3 ронанда вобаста карда мешавад. Ҳар як автобус як баст бо ронанда ва ронандаи сеюм ба доимо ронандаи якум ва дуюмро дар вақти истироҳати рӯзонаи онҳо иваз менамояд.

Ҷадвали кори ронандагони  ин баст чунин аст:

 

Ронандаҳо

Рӯзҳои моҳ 

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

Якум

I

I

B

II

II

B

I

I

B

II

II

B

I

I

B

Дуюм

II

B

I

I

B

II

II

B

I

I

B

II

II

B

I

Сеюм 

B

2

1

B

2

1

B

2

1

B

2

1

B

2

1

Ивазкунанда

 

II

II

 

I

I

 

II

II

 

I

I

 

II

II


 

Давомнокии  баст ва вақти супоришиҷрокунии автобус  ба шакли пешина баробар буда 8.7 ва вақти кории автобус 17.4 ё 18,4 соатро ташкил медищад.

Шакли дугонии  ташкили меҳнат бо он муайян карда мешавад, ки ба 2 автобус 5 ронанда вобаста карда мешавад. Дар ҳар як автобус ду ронанда чун ронандаи асосӣ кор мекунанд ва ронандаи 5-ум бо навбат дар ҳарду автобус кор мекунад.

Ҷадвали кори ронандагон дар ин шакл чунин аст:

 

Ронандаҳо

Рӯзҳои моҳ 

1

2

3

4

5

6

7

8

9

10

11

12

13

14

15

Якум

I

I

I

I

B

II

II

II

II

B

I

I

I

I

B

Дуюм

II

II

II

B

I

I

I

I

B

II

II

II

II

B

I

Сеюм 

I

I

B

II

II

II

II

B

I

I

I

I

B

II

II

Чорум

II

B

I

I

I

I

B

II

II

II

II

B

I

I

I

Панҷум

B

4

3

2

1

B

4

3

2

1

B

4

33

2

1

Ивазкунанда

 

II

II

II

II

 

I

I

I

I

 

II

II

II

II


 

Эзоҳ: 1,2,3,4 –  ронандагон

               1 II – басти корӣ

 

Вақти кории  автобус 15 соат. Давомнокии як баст 7,5 соат. Ин шакли ташкили меҳнатро ба автобусҳои баромади барвақт ва тамомнамоии бевақтро доранд истифода бурда мешаванд. Ин шакл инчунин дар хатҳои сафаре, ки дар вақти саҳарӣ ва бегоҳӣ селаи мусофирон зиёданд ва зарурияти истифода бурдани автобусҳо байни смена ба миён омадааст натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Давомнокии басти корӣ саҳарӣ - 5 соат, бегоҳӣ - 10 соат муайян гардидааст.

Шакли дукаратаи ташкили  меҳнатӣ ба он муайян карда мешавад, ки ба ҳар се автобус дутогӣ ронанда  муайян карда мешавад ва ронандаи ҳафтум бошад дар рӯзҳои истироҳати дигар ронандагон онҳоро иваз менамояд. Ҳамин тариқ ҳар се автобус 26 рӯз дар як моҳ кор мекунанд ва вақти кории онҳо дар хати сафар 15-16 соат буда, вақти як баст бошад 7 соатро ташкил медиҳад.

Ба ғайр аз ин шаклҳои  ташкили меҳнати ронандагон боз  дар амалия шакли ягона ва ҷуфти  ташкили меҳнати ронандагон истифода бурда мешаванд. Ин шаклҳоро одатан барои он автобусҳое, ки дар ҷадвалашон дар вақти камшавии селаи мусофирон дар басти корӣ, интизоршавӣ пешбинӣ шудааст истифода бурдан мувофиқи мақсад аст.

Роҳбарони МНА – и мусофирбар бо ризоияти кумитаи иттифоқҳои касаба ва ронандагон дар хатҳои сафари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ бастҳои кории буридашаванда бо иловапулӣ то 30% ставкаи тарифӣ метавонанд қабул намоянд.

 

3. Мукаммалнамоии кори  ронандагони нақлиёти мусофирбар  пеш аз ҳама ба шаклҳо ва  тарзҳои гуногуни кооператсияи меҳнати онҳо вобаста аст, ки нисбатан прогресивии он тарзи бригадавии ташкили мусофирон мебошад.

Одатан бригадаи ронандагон барои хизматрасонии як ё якчанд хати сафар ташкил карда мешавад.

Вазифаҳои асосии бригадаҳо:

- баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати меҳнат, ки баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ ва мунтазамии ҳаракати автобусҳоро таъмин менамояд.

- тарз ва шаклҳои прогресивии  хизматрасониро ба аҳолӣ таъмин  менамояд;

- баланд бардоштани тартиби  меҳнати истеҳсолӣ ва нақлиётиро таъмин намояд;

- ба иҷрои бомуваффақияти  супоришҳо мусоидат менамояд.

Бригадир- роҳбар ва тарбиятгари колектив буда барои вазъи меҳнатӣ ва молиявӣ мутасаддӣ мебошад. Якҷоя бо шӯрои бригада автобусҳои навро тақсим менамояд, дар муҳокимаи вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат ва ғайра иштирок менамояд.

Системаи ташкили  кори автобусҳо ин маҷмӯаи чорабиниҳое, ки ҷобаҷонамоии самараноки кори ронандагон, танзими вақти корӣ ва басти кори ронандагон дар хатҳои сафар, инчунин вақти истироҳатиро дар бар мегирад.

Шароити ҳаракати автобусҳо дар ҳар як хати сафар вобаста ба тақсимшавии селаи мусофирон, вобаста ба ҳаҷми мусофирбарӣ, вақти гардиш, система ва фосилаи ҳаракат, инчунин давомнокии ҳаракат дар вақти корӣ фарқ мекунад. Ин шароитҳоро бояд вақти ташкили кори бригадаи ронандагон ба эътибор гирифт.

 

 

 

 

 

 

 

МАВЗӮИ 6

ТАРТИБДИҲИИ ҶАДВАЛИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ  НАҚЛИЁТ

 

Саволҳо:

    1. Тартибдиҳии ҷадвали ҳаракати автобусҳо
    2. Намуди ҷадвалҳо

 

1. Ҷадвали ҳаракати  автобусҳо барои ҳар як хати  сафар аз тарафи техник муҳандиси  шӯъбаи истифодабарии муассисаи нақлиёти автомобилӣ ё Идораи нақлиётӣ (дар ҳолати дар шаҳр зиёда аз 1-то будани МНА) тартиб дода шуда аз тарафи роҳбарияти Идораи нақлиётӣ тасдиқ карда мешавад ва бо роҳбарияти ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо мувофиқа карда мешавад.

Ҳангоми тартиб додани ҷадвали ҳаракати автобусҳо пеш аз ҳама ҳолати роҳ, шароити роҳ ва маҳдудияти ҷойҳои хавфноки роҳро бояд ба назар гирифт. Ҷадвал ба шакли таблитсавӣ ва графикӣ тартиб дода мешавад. Ҷадвали ҳаракати автобусҳо одатан барои баҳору тобистон ва тирамоҳу зимистон алоҳида тартиб дода мешавад. Инчунин ҷадвали алоҳида барои рӯзи корӣ, истироҳат ва ид тартиб дода мешавад.

Дар ҳолати тартиб додани ҷадвали ҳаракат ба шакли  таблитсавӣ шумораи автобусҳое, ки дар хати сафар кор мекунанд, бояд муайян намуд.

Инчунин вақти  ҳаракат, фосилаи ҳаракат ва системаи қабулгардидаи ташкили кори ронандагон бояд ба эътибор гирифта шавад. Ҷадвали хатҳои сафар дар қоғазҳои алоҳида тартиб дода мешавад.

Дар ҷадвал ба ҳар  як автобус рақамҳои муайян дода мешавад. Ин рақам тартиби аз муассиса баромадани автобусро нишон медиҳад. Ибтидо ва интиҳои кори автобусҳоро дар ҳар як хати сафар вобаста ба шароитҳои маҳаллӣ, талабот нисбати нақлиёт ва дигар омилҳо муайян месозанд. Мувофиқи вақти меъёрии барои ҳар як сафар сарфмешуда, ба ҳар як автобуси аз муассиса мебаромада, ҷадвали алоҳида тартиб дода мешавад, ки ба ҳар як ронанда пеш аз баромадан аз муассиса дода мешавад.

Дар як қатор  идораҳои нақлиётӣ ҳаракати автобусҳоро  ба тарзи графикӣ тартиб медиҳанд, яъне ба ҷои ҷадвал графики ҳаракати автобусҳоро нишон медиҳанд.


 





 





 


Тезии кунҷи  дар график буда, дараҷаи суръати  ҳаракати автобусро нишон медиҳад. Ҳар чи қадар ин кунҷ хурдтар бошад, ҳамон қадар вақти ҳаракат  зиёд буда, суръат ҳамон қадар хурд аст ва баръакс, бо афзоиши ҳадди  кунҷ суръати ҳаракат меафзояд.

Информация о работе Ташкили мусофирбари