Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция

Краткое описание

Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.

Содержание

Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.

Вложенные файлы: 1 файл

Маќсад ва вазифаи омўзиши фанни фархангшиноси.docx

— 192.78 Кб (Скачать файл)

А) Злобин Н.С., Маркорян Э.С., Межуев В.М. ва ѓайра

Б) Ломоносов, Пушкин

В) Ибни Сино, Фирдавсї

  1. Фархангшиносичиро меомўзад?

А) таърихи маданиятро

Б) таърихи афкори сиёсиро

В) љавоби дуруст нест

  1. Фархангшиносиаз чанд ќисм иборат аст?

А) аз се ќисм

Б) аз як ќисм

В) аз ду ќисм

 

АДАБИЁТ

  1. Бахтин М.И. Эстетики словестного творчества. М., 1979, с.25-36.
  2. Бердяев Н.АФилософия свободы. Смысл творчества. М., 1990, с. 115-120
  3. Культурология. Учебное пособие для студентов. М., 1998, с. 6-9.
  4. Межуев В.МКультура и история. М., 1977, с.18-29.
  5. Љўраев А. Муќаддимаи омўзиши таърихї-фалсафї, маданияти љахонива ватанї. Хуљанд, 1993, с. 3-16.

 

Лексияи 2. Мафхуми маданият, мохият ва сохтори  он

 

Наќша:

  1. Аз таърихи омўзиши илмии мафхуми маданият.
  2. Мафхуми маданият. Маданият хамчун олами маънавии инсон.
  3. Сохтори маданият. Мафхумхои маданияти миллї, маданияти этникива маданияти љахонї.

 

Аз  таърихи омўзиши  илмии мафхуми

маданият

 

Маданият мисли  дигар масоили  умумифалсафитаърихи  худро дорад. Лекин  дар ин љо бояд таърихи  тасаввуротро оид  ба маданият аз таърихи  худи маданият фарќ кард. Чунки решахои  маданият дар даврахои хеле ќадими пайдоиши инсон ба назар  расад хам, лекин  ба зудидар шуури  онхо айнан инъикос  намеёбад. Ин фаќат  дар зинаи баланди  тараќќиёти мадании  инсоният ба даст меояд.

Маълум аст, ки мафхуми  маданият  аз љихати назариявидар асри  ХVIII дарку  тасвир шудааст. Лекин  феномени маданият якљоя  бо пайдоиши љамъияти инсониба вуљуд омадааст. Барои хамин хам  таърихи мафхуми  маданиятро аз ходисаи  инъикоскунандаи  он бояд фарќ кард. Ханўз  файласуфони Юнони  Ќадим ба ин масъала  таваљљўхи хоса пайдо  карда буданд. Лекин  онхо ба таври умуминазарияхои  худро баён намудаанд  ва тахлили илмии  ин мафхум дар замони атиќа мушохида намешавад. Дар фалсафаи Шарќ низ масоиле, ки дар  мафхуми маданият љой дорад, истифода шудааст. Масалан, масъалаи ахлоќ, ки љавхари  хама гуна арзишхоро  дар хамаи давру  замон ташкил медихад, дар «Авесто»-китоби муќаддаси зардуштиён, «Трипитака»-китоби муќаддаси буддоиён, «Ведо»-сарчашмаи  динию маънавии хиндуёни ќадим, хеле хуб инъикос  гардидааст.

Омўзиши мунтазами  илмии мафхуми  маданият дар асрхои ХVII-ХVIII оѓоз меёбад. Гуфтан љоиз аст, ки аввалин маротиба калимаи «культур»-ро Ситсерон Марк Туллий (с. 106-40 то мелод)-сиёсатмадор  ва воизи Рим истифода бурдааст. Вай љихати асосиро дар инкишофи ќобилияти маънавии инсон, дар фалсафа  мебинад, ки онро асоси  хушгуфторимешуморад. Фахмиши маданият дар Ситсерон тобиши иљтимоию сиёсидорад, ки вазифахои иxтимоию гражданива ахлоќии  инсонро дар назди  давлат асоснок менамояд.

К. Татсит маданияти  ќабилахои германиварвархоро (вахшихо) тасвир намуда, бартарии шакли маданияти  Римиро, пеш аз хама дар вуљуд доштани  давлатдорї, шароити  хуби хастии инсонимебинад. Тахминан чунин тасаввурот оид  ба маданият ва таърихи он дар  байни олимони  Шарќ ва умуман шарќиён  вуљуд дорад.

Онхо маданияти  «худї» ва «бегона»-ро муќобил гузошта, (Вайнберг, ИП) таъсири маданияти  бегонаро инъикос  намекарданд.

Аввалин кўшиши  таърифи маданият аз љониби Э.Тейлор-этнографи  англис соли 1870 сурат  гирифт. Ў яке аз мухаќќиќони маданияти  замони љамъияти ибтидоибуд, ки пайдоиши маданияти  моддива маънавии одамони ибтидоиро  хеле хуб тасвир намудааст. Дар асрхои миёна  маданият камолоти шахсива  хусусан камолоти динии шахсро ифода  мекард. Дар замони Ренессанси (эхё) ѓарбитакомули  маданигуфта, ба ѓояи башардўстимувофиќ  омадани атвору аъмоли инсонро мефахмиданд. Ба андешаи олими  франсавиМишел Мантен тараќќии хамаи пахлўхои маданият натиљаи  рушду такмили  ахлоќии инсон  аст.

Барои файласуфони  асри ХVII (Р.Декарт, Б.Спиноза) мустаќилият ва озодифаќат ба махлуќи дорои  аќл хос аст, ки вай ќобилияти  идроки назариявидорад. Ин сархаде аст, ки инсонро аз дунёи  дигар xудо мекунад, яъне сархади худи маданият. Бояд гуфт, ки доир ба маданият таърифоти натуралистива  идеалистивуљуд дорад. Натурализм маданиятро ба яке аз зинахои  эволютсияи табиат табдил медихад. Аз ин бармеояд, ки маданият боз як шакли харакати материя, дар ќатори дигар  шаклхои  он мебошад. Намояндагони таърифоти  натурализм В.Ф.Асмус, И.Г.Гердер ва ѓайра  мебошанд.

Олимони рус низ  дар тавсифи категорияхои маданият сахми босазо гузоштаанд. Маркорян Э.С. нишондоди мухими методологиро пешниход намудааст: «Маданият  баробари мушкил будани структураи худ ва гуногун будани таркибаш бояд чун як чизи умум ва дорои ягонагии дохили тасаввур карда  шавад». В.М.Межуев мегўяд, ки маданият-ин тараќќиёти худи инсон аст. Вай  неъматхои моддива  маънавиро ба вуљуд  оварда, худашро инкишоф  медихад. Умуман дар  зери мафхуми маданият чибояд фахмида шавад. Доир ба ин масъала  олимон ба як фикри  умум наомадаанд. Барои  хамин хам олимони  америкоиК.Клаксон  ва А.Кретер ханўз  якуним аср пеш, 164 маънидодкунихои  мафхуми маданиятро муайян намудаанд. холо бошад, зиёда аз 300 маънидодкунихои  ин мафхум вуљуд дорад. Яке аз чунин маънидодкунидар  илми фархангшиносии имрўза истифода шудааст: «Маданият –ин  амалиёти фаъолонаи  эљодии инсон дар  сохаи истехсолоти  моддива маънавибахри аз худ намудани љахон  аст».

         

Мафхуми маданият. Маданият хамчун олами

маънавии  инсон

 

Фархангшиносимафхуми  маданиятро хамчун ифодакунандаи  мохияти хастии инсон  ва татбиќи фаъолияти  эљодии ў истифода мебарад. Дар ин љо ду чизро бояд фарќ кард. Аввал, хамчун љузъи људонашавандаи ќобилияти инсон. Дуюм дарки тадбиќи  иљтимоии озодї. Бидуни аввал маданият умуман пайдо намешавад, лекин дуюмин дар  давраи нисбатан баъдинаи инкишофи он ба даст меояд.

 Мафхуми маданият  муносибати хамаљонибаи  инсонро ба љахон  инъикос менамояд, ки бо воситаи  он инсон, љахон  ва шахсияти худро  меофарад. Маданияти  гуногунро омўхта  мо на танхо  китобхо , маќбарахо,  бозёфтхои бостоншиносиро  меомўзем,балки барои  худ дигар љахони  инсонї, ки дар  он мардумон зиндагикарда, дигар хел хиссиёт  доштанд, дарк  менамоем.

Дар ин љо саволе пайдо мешавад: «Чихел муносибати хамаљонибаи  инсон ба љахон  таъмин мегардад?»  Љавоб додан ба ин савол–ин характеристикаи  маданият хамчун предмети фархангшиносиро  нишон медихад. Муносибати инсон ба љахон  бо мохияти мазмунимуайян  мегардад. Агар предмет  мазмун надошта бошад, вай барои инсон  вуљуд надорад. Мохият–ин  мазмуни хастии инсон  аст (аз он љумла, хастии дохилї), ки роли махсусро иљро мекунад. Лекин  мохиятро аз ахамият  бояд фарќ кард. Масалан, яке аз мухимтарин мохият «орзуи ишќ»-хељ  гох образи предметии  ягон инсонро муайян наменамояд (он ваќт хар яки мо пешакимедонистем, ки киро дўст медорем). Мохияти аслина фаќат  ба аќл равона шудааст, балки ба хиссиёти нозуктарин ва чуќуртарини  рухии инсонива ирода  мансуб аст. хамаи  ин мохиятхо ахамияти умум доранд, зеро ки одамони бисёрро  муттахид намуда, асоси  фикру хиссиёти онхо мегардад. Махз чунин  мохиятхо маданиятро ба вуљуд меоваранд.

Инсон љахонро  бо мохиятхо пур мекунад  ва дунё барои ў  дар ахамияти универсалии  инсонибаромад мекунад. Љахони дигар бошад  ба инсон лозим  нест. Н.А.Мешерякова ду шакл ё намуди базиси муносибати арзишхоро  муайян намудааст. Љахон  барои инсон «худї» ва «бегона» шуданаш  мумкин. Маданият тарзи  универсалие мебошад, ки бо воситаи он инсон љахонро  «худї» менамояд ва онро ба хонаи хастии инсон мубаддал менамояд. хатто ситорахои  осмонива ќаъри уќёнус ба маданият мансуб аст, барои он, ки ба онхо зарраи рухияи инсонидода шудааст  ва дар онхо мохияти  инсониљой дорад. Агар чунин мохият намешуд, инсон ба осмони ситорахо назар  намекард, шоирон шеърхо наменавиштанд, олимон бошад, тамоми хастии худро барои омўзиши  табиат сарф намекарданд  ва кашфиёти бузург рўй намедод. Фикри назариявидаррав пайдо намегардад. Барои он ки вай пайдо шавад, бояд шавќу хиссиёти инсон ба сирру асрори љахон љой дошта бошад ва нисбати асрори хастихайронипайдо гардад. Бесабаб нест, ки Платон чунин гуфта буд: «Шуур аз хайронисар мешавад. Лекин дар он љое, ки мафхумхои маданинест, инчунин шавќу хайронивуљуд надорад».

Аз ин љо чунин  таърифи маданиятро хосил кардан мумкин аст: «Маданият ин шакли универсалии  фаъолияти худмуайянкунии инсон бо тарзи  тасаввури мафхумхо, кўшиши кушодан ва тасдиќ намудани мохияти  хаёти инсонидар  мутаносибии вай  бо мохияти аслї». Дигар хел карда  гўем, маданият дараљаи  муайяни тараќќиёти љамъиятро инъикос  менамояд, ки дар  намуд ва шаклхои  ташкили хаёт, фаъолиятмандии одамон ва дар сарватхои  моддива маънавии онхо зохир мегардад.

Агар мафхумхои  «маданият», «култура»  ва «фарханг»-ро дар  як ќатор гузорем, маънохои тафтуллафзии онхо аз хамдигар фарќ менамояд. Лекин мохияти  аслибарои инъикоси як матлаб равона карда  мешавад. Калимаи  «култура» лотинист, ки маънои коркардабарої, тараќќиёт, тарбияро дорад. Калимаи «маданият» бошад, аз забони арабимаънои  шахрдорї, сокини шахрро дорост. Мафхуми «фарханг»  аз забони форсии миёна  дорои маънохои гуногун  ба мисли китоби луѓат, тадбир, санљидан, илму фазл, донишу аќл  ва одоб мебошад.      

Аз ин љо таърифоти  гуногуни мафхуми  маданият љой дорад, ки хар яки он бо ин ё он тарз маънои васеи онро кушода медихад.

 

Сохтори маданият. Мафхумхои  маданияти миллї,

маданияти этникива маданияти  љахонї

 

Аз маънидодкунии  мафхуми маданият бармеояд, ки он аз ду ќисм иборат аст: моддива  маънавї. Агар дар  давраи љамъияти ибтидоиин  ду бахши маданият дар заминаи хеле соддаи шуур ва мехнат асос ёфта, бо хам  омехта бошанд,  баъдтар  дар натиљаи  амалигардидани таќсимоти љамъиятии  мехнат ва аз мехнати  љисмониљудо шудани мехнати фикрифарќият байни онхо ба вуљуд  омадааст.

Маданияти моддиин  махсули мехнати  љисмонї, маданияти  маънавибошад, махсули  мехнати фикрии инсонро  инъикос менамояд.

Ин ду сохтори  маданият, бо якдигар  муносибатхои гуногун  доранд. Масалан, муносибати тобеї, функсионалї, муносибати сабаб  ва натиља, муносибати баробаркунанда ва ѓайра. Аз ин рў,  маданияти  моддива маънавихељ гох аз хам људо ва худ ба худ мустаќим вуљуд надоранд. Асосан дастовардхои маданият дар ду шакл ё бо ду тарз зохир мешаванд: ашёи ва ахборї.

Намунахои  маданияти  моддиаслан дорои  шаклу сурат буда, дидашавандаанд. Намунахои  маънавиниз шакл дошта  бошанд хам (мисли  китоб, мусавварахо), аммо дар як холат  онхо бисёрнусха мешаванд ва дар холати дигар  ба хиссиёти ботинии  инсон таъсир расонда, дар онхо хиссиёти шодї, ѓаму андўх  ва ноумедиро ангезиш  медиханд. Офаридахои маънавиёт аз насл ба насл гузашта, на танхо мардумро ба гузашта мепайвандад, балки пояи асосии худшиносимегарданд. Шаклхои асосии маданияти  маънавї, ки дар онхо маънии хастии инсон  инъикос мегарданд, чунинанд:

Информация о работе Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї