Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция
Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.
Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.
А) Асотир шакли ибтидоии таърихии маданият аст, ки бо воситаи он хаётии рухиявии инсон муайян карда мешавад.
Б) Дин як шакли шуури љамъиятї, муайянкунандаи хастии инсон бо воситаи дарку шинохтани Худохо ва ќуввахои фавќуттабиї.
В) Ахлоќ-чун худидоракунии дохилидар шароити озодиба вуљуд омадааст. Ќарз, виљдон, номус ва дигар муайянкунандахои ахлоќ љой доранд.
Г) Санъат - ин инъикоси талаботи инсон дар образхои символики(рамзї) ва эхсосоти лахзахои мухими хаёт.
Д) Фалсафа - хирадро дар шакли фикр инъикос мекунад. Аз ин љо маънои луѓавии он мухаббат ба хирад аст. Агар бо суханхои Гегел гўем, фалсафа рухи назариявии маданият аст.
Е) Илм - маќсади дигаркунии ратсионалии љахонро дар асоси дарки ќонуниятхои мухими он мегузарад. Илм бо фалсафа зич алоќаманд аст, зеро он асоси методологии тафаккури илмимебошад.
Хамин тавр, маданият забони таърих аст ва таърих хотираи халќ аст. Халќхоро ба бомаданияту бемаданият људо намудан мумкин нест. хамчунин маданиятро мутеи сиёсат ва идеология намуда, ба он аз маќоми синфибахо додан хато аст. Маданияти хар як халќ рушду таназзул мекунад, бори дигар эхё мешавад, аз насл ба насл мегузарад, бо маданияти халќхои дигар бархўрда бузургива заифии худро нишон медихад. Дар адабиёти ба мо дастрас маданиятро боз ба этникї, миллї, љахониxудо карда нишон медиханд, ки хар яки он ба худ хос маънихоро инъикос мекунанд.
Маданияти этникї–хусусияти мадании халќхоро дар худуди махалли вуљуддошта нишон медихад. Хусусияти маданияти этникимахсусан дар он зохир мегардад, ки чихел одамон кор мекунанд, кадом олотхоро истифода мебаранд, чихел хонахо месозанд, чихел либос ё хўрокро интихоб мекунанд.
Маданияти миллибар хилофи маданияти этникихусусияти мадании як миллатро муайян менамояд ва нишондихандаи мухими он забон аст. Ба ѓайр аз ин хусусиятхои миллидар хўрок, либос, расму оин ва идхо таљассум меёбанд. Маданияти миллихусусияти муттахидкунанда дорад, зеро ки онхо дар мухити гуногуни маданизиндагикарда, робитаи бовосита ва бевоситаи хешу таборидоранд. Дар љараёни маданияти хаттимаданияти миллисурат мегирад. Фарќи маданияти миллиаз этникичунинанд: дар маданияти миллисохти хољагидорї, иљтимоию синфиилова мешавад; омили иќтисодимаќоми калон мебозад; унсурхои ахлоќию хуќуќибартарипайдо карда, маданияти дунявипайдо мешавад.
Маданияти љахонихусусияти умумидорад ва дар заминаи маданияти этникию миллибунёд меёбад. Намунахои барљастаи маданияти љахонидар сохаи архитектура, адабиёт, санъат, илм-дорои маънавиёти бузург мебошанд, ки мардумони дунё аз он бахра мегиранд, ки оид ба онхо дар мавзўъхои оянда сухан меравад.
Саволхо барои такрор ва мустахкамкунї
А) аз давраи љамъияти ибтидої
Б) аз замони ѓуломдорї
В) дар замони муосир
А) дар асри ХVIII
Б) дар замони антиќа
В) дар замонхои миёна
А) равияи натуралистива идеалистї
Б) равияи марксистї
В) ягон равия вуљуд надорад
А) аз забони арабї-шахрдор, сокини шахр
Б) аз забони лотинї-тараќќиёт, пешрафт
В) аз забони тољикї-инкишоф, пешравї
А) Межуев В.М., Маркорян Э.С., Бердяев
Б) Симонов Н., Федоров А.
В) Тревер С., Корнеев П., Алексеев А.
А) моддива маънавї
Б) маданияти зохирива ботинї
В) маданияти таърихї
А) маданияти этникї, миллї, љахонї
Б) маданияти шахси оммавї
В) психологияи маданият
8.Калимаи «култура»-ро киаввалин бор истифода бурдааст?
А) Ситсерон
Б) Гегел
В) Татсит
9.Оё дуруст аст, ки халќхоро ба бомаданият ва бемаданият xудо мекунанд?
А) чунин људокунинодуруст аст
Б) ин хел људоандозиасос дорад
В) дар љавоб додан душворимекашам
АДАБИЁТ
Лексияи 4. ФАРХАНГИ ЉАМЪИЯТИ ИБТИДОЇ
Инсоният дар таърихи худ якчанд зинаи љамъиятї-иќтисодиро аз cap гузаронидааст. Давраи ќадимтарин ва дарозтарини таърихи башарият замони љамоаи ибтидоимебошад. Даp ин давра тараќќиёти ќуввахои истехсолкунанда паст буд, оила ва моликияти хусусї, синфхо ва давлат вуљуд надоштанд. Хамаи одамон баробар буда, ба бои ва камбаѓал људо намешуданд.
Инсоният ќисми зиёди умри хешро дар љамъияти ибтидоигузаронидааст. Нахусти ёдгорихои инсон, ки аз љониби бостоншиносон дарёфт шудааст наздик 3 миллион сол умр дорад. Таърихи тамаддуни инсоният хамагиба 6 хазор сол баробар аст. Аз ин бармеояд, ки ќариб 99% хаёти инсоният дар давраи сохти љамоаи ибтидоигузаштаааст. Ќадимтарин бошишгохи одамони ибтидои дар ѓори Олдувайи Танзания (Африкаи Шарќї) кашф шудааст, ки аз он љо олотхои мехнати сангии 3 млн. солаи одамони ибтидоидарёфт шудааст.
Вобаста ба омўзиши љамоаи ибтидоидар илм ду муаммо вуљуд дорад: якум, муаммои пайдоиш (ойкумена)-и одам ва дуюм, муаммои даврабандии сохти љамоаи ибтидої.
Таърихи љамъияти ибтидоиаз нигохи илмхои археология (бостоншиносї), таърихи гражданї, палеоанторопология (аз калимаи юнонигирифта шуда палеос-ќадим, антропос – одам, логос - илм, дониш) ба даврахои алохида таќсим шудааст. Аз рўи мархилабандии археологи(бостоншиносї) сохти љамоаи ибтидоиба се давра: 1) асри санг, 2) асри биринљива 3) асри охан таќсим мешавад.
Асри санг дар навбати худ аз се мархила:
палеолит (лавраи ќадимаи сангї),
мезолит (давраи миёнаи сангї),
неолит (давраи нави сангї) таќсим мешавад.
Палеолит низ дар навбати худ ба мархилахои:
палеолити поён наздик 3 млн.-200 хазор сол,
палеолити миёна 200-35 хазор сол,
палеолити боло 35- 12 хазор сол таќсим мешавад.
Давраи миёнаи санг-мезолит 12-6 хазор солро, давраи нави санг -неолит аз 6 то 2 хазор солро дарбар мегирад. Дар давраи охири неолит аввалин олоти мисипаїдо шуданд. Олимон ин мархилаи мису сангро давраи энеолит меноманд.
Аз руи тарзи зиндагиолимон љамъияти ибтидоиро ба 3 давра таќсим кардаанд:
1. Љамоаи ибтидоии ќадимтарин ё галаи ибтидои(љамоаи тоавлодиё рамагї)
2. Љамоаи авлодии ибтидоибо зинахои љамоахои авлодива љамоахои сонии авлоди(модаршохива падаршохї)
3. Давраи ваїроншавии љамъияти ибтидоива ташкилёбии синфхо.
Хусусиятхои асосии љамъияти ибтидої
Хусусияти љамоаи ибтидоибо се љанба муайян карда мешавад. Якум, бисёр одди(примитивї) будани хољагии он ва технологияхои истифодашаванда. Дуюм, пурра вуљуд надоштани донишхо доир ба ходисахои табиат, душвор будани дарки онхо аз љониби одамони ибтидої. Сеюм, тафаккури одамони ибтидоидар дараљаи тафаккури одамони замони муосир ќарор дошт, ва айнан хамин омил имконият дод, ки одамони ахди ќадим (замони ибтидої) ба мухимтарин кашфиётхо ноил гарданд: истиќоматгох бунёд кунанд, сару либос дўзанд, оташро истифода баранд, хайвонхоро ром кунанд, бо кишоварзимашѓул шаванд ва ѓайра. Бояд зикр намуд,ки асоси эътиќоди динї, ханўз аз давраи одами неандерталиташаккул меёбад. Ин аз он шаходат медихад,ки ханўз аз давраи палеолит одамони ибтидоисохиби тафаккури баланди инсонибуданд. Сайъу талоши одамон ба дарки олам хеле баланд буд.
Хусусияти мухими маданияти љамъияти ибтидоисинкретизм ба шумор меравад. Синкретизм - дарки яклухти олам, вуљуд надоштани тахассусмандидар фаъолияти одамони ибтидої. Хар як узви љамоаи ибтидоибо шакли маълуми фаъолият машѓул мегардид. Тафриќа дар љахонбинии одамон ва дар масъалаи дарки олам вуљуд надошт. Инро тадќикотхои зиёди этнологива антропологимуайян кардаанд. Фархангшиносон антропологхо тарзи зисти ќабилахо ва халќиятхои зиёди оламро,ки имрўз дар шароити даврони љамоаи ибтидоизиндагимекунанд тахќиќ намуда, моделхои ба худ хоси хамзистии одамони ќадимро муайян кардаанд. Синкретизм ба фарханги чунин ќабилаву халќиятхо хос аст. Айнан синкретизм имконият дод, ки одамон нахустин маротиба оламро дарк намоянд.