Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї

Автор работы: Пользователь скрыл имя, 26 Ноября 2013 в 10:23, лекция

Краткое описание

Дигаргунсозихои инќилобидар хаёти маънавидар баробари дастовардхои беназир, ки ба худмуайянкунии миллати тољик имконият ба вуљуд овард, нуќсонхои зиёди љанбаъхои зиндагиро ошкор кард. Дар айни хол дар чунин шароити душвори љомеа, ходисаи хеле мухими сиёсидар таърихи халќи тољик ба вуќўъ пайваст, ки он эхё шудани давлати тољикон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки эхёи хаќиќии давлати миллифаќат бо расман эътироф шудани он ба итмом намерасад. Зеро ки хастии давлат рушду такомули он, пеш аз хама ба худшиносии хар як сокини он, ифтихори миллї, ќобилияти дар истиќлолияти миллизиста тавонистани он халќ марбут аст.

Содержание

Маданият ва љомеа.
Мавќеи илми фархангшиносидар омўзиши тамаддуни љахони
Фархангшиносихамчун илм, вазифа ва сохтори он.

Вложенные файлы: 1 файл

Маќсад ва вазифаи омўзиши фанни фархангшиноси.docx

— 192.78 Кб (Скачать файл)

Халќи ќадимтарин, ки ба ин минтаќа  асос гузоштааст, шумерхо  буданд, ки ханўз  дар хазорсолаи IV- пеш аз мелод хатро ба вуљуд оварданд.  Ишорахои хаттиба образи тасвирии он баробар карда мешавад. Онро бо забони илми«пиктограмма» меноманд. Инчунин дар ин мантаќа нишонахои хати мехи(клинопись) пайдо шуда, рамзи кушодани онхо ба вуљуд оварда мешавад.

Дар хаёти мардумони  ин кишвар дину оин  мавќеи асосиро ташкил мекард, хар як шахру  давлатхо худои худро  дошт. Мавќеи  мухимро  тасаввуроти шумерхо  оид ба «Худо-модар» ишѓол мекард, ки хамчун мухофизаткунандаи  заминдорї, хосилхезимаълум  буд. Худои Инанна- Худои шахри Урук, ќуввахои гуногуни табиат дар образи афсонавии  се Худо: Ан-Худои  осмон, Энлиле-Худои  замин, Энки-Худои  об таљассум ёфтаанд.

Дар системаи динхои Байнаннахрайн динхои Бобулистон мавќеи хосаеро  ишѓол менамоянд. Масалан, Мардук-худои  нигохдорандаи Бобулистон хисоб карда мешуд. Дар тасаввуроти  бобулиён асотир бо динхо омезиш ёфта, љахонбинии ононро нисбати  табиат, набототу хайвонот ва ѓайра муайян менамояд. Асотир дар бораи  Гилгамеш, оид ба офарида шудани олам ва дигар хикояхо  љахони маънавива  хусусияти зисту  –зиндагонии мардуми  ин кишварро инъикос  менамояд. Гилгамеш дар эљодиёти дахонихамчун подшохи шахри  Урук нишон дода мешавад  ва ин асотир хусусияти  халќидорад.

Дар ин сарзамин аввалин ќонуни хуќуќиба мисли Ќонуни Хаммурат ба вуљуд меояд, ки бо воситаи он сохти  љамъияти ѓуломдорива  идоракунии давлат ба низом дароварда  мешавад. Дар ин ќонун  тамоми сохахои хаёти  љамъиятии онваќта, хусусан меъёрхои хуќуќи инсон хеле васеъ тасвир шудааст  ва аз ин рў ќонуни Хаммуратро яке аз бузургтарин  ёдгорихои маданияти  љахонимешуморанд. Ў  яке аз подшохони  Бобулистон (1792-1750 то мелод) буд, ки ќонуни худро рўи санги  сиёх бо дасти ѓуломон  тасвир намудааст. Аз рўи ин ќонун имзо кардани шартномаи  оилавиљой дошт, ки имрўз оид ба  он сухан меронанд.

Дастовардхои  мардуми Байнаннахрайн  дар сохаи астрономия, риёзї, тиб ва баъзе  илмхои љамъиятшиносиба  љахониён маълум аст. Системаи ададии Бобулистон то имрўз истифода мешавад. Масалан, таќсимоти 1-соат ба 60 даќиќа ва доира  ба 360 дараља ва ѓайра. Тасдиќ шудааст, ки математикони бобулиилми алгебраро  асос гузоштаанд. Онхо дар баъзе холатхо  муодилахои дорои  се номаълумро хал  мекарданд. Яке аз марказхои машхури  илми китобхонаи Ашўрбанапол  буд (китобхона ба номи шох Ашурбанапол  гузошта шудааст), ки адабиёти зиёд доир ба хамаи сохахои  илм xамъ оварда шуда буд.

 Дар ин  сарзамини ќадим  ба меъмори ва  санъат диќќати  махсус медоданд. Дар ин xо нисбат  ба Миср масолехи  асосии сохтмон  хишти пухта ва  хом буд.  Меъморони  Шумер ва Аккад  ќасрхои бохашамати  зинадор (зиккурат) бино мекарданд;  дар  ќасрхои  худ сутунхо, аркахо, мозаика ва дигар  унсурхои  меъмориро  васеъ истифода  мебурданд.

Яке  аз бузургтарин  ёдгорихои меъмории Бобулистон ин муаллаќбоѓхои  Бобул ба шумор  меравад , ки чун мўъљизаи дуюми љахон эътироф  шудааст. Ин намунаи  бехтарини санъати  љахониаст, ки дар  он ишќу мухаббати  инсонитаљассум ёфтааст. Подшох Новохудоноср бахшида ба зани худ  Семирамида дар аввали асри VI пеш аз мелод бино месозад ва тамоми боигарии давлати худро намоиш медихад. Лекин обхезии сахте, ки дар дарёи Фурот рўй медихад, баъд аз 1,5 аср ин ёдгориро тамоман аз байн мебарад.

хамин тариќ, шахрхо –давлатхои Байнаннахрайн  аз худ ёдгорихои  бебахое гузоштаанд, ки дар сахифаи  таърихи умумиљахонинаќши босазоеро гирифта, таъсири худро  ба дигар минтаќахои дунёи ќадим гузоштааст.

 

Тамаддуни Хиндустон ва Хитои  Ќадим

 

Дар маданияти  Шарќи Ќадим Хиндустон  ва Хитой наќши  босазое гузоштаанд. Ин ду маркази тамаддуни  љахонидар инкишофи сохаи гуногуни маданият сахми бузург гузошта, хусусияти маданияти  анъанавии худро  то имрўз нигох  доштаанд. Номи Хиндустон  бо номи дарёи хинд, ки онро хиндустони Ќадим Синдху меномиданд, зич алоќаманд  аст.Махз дар сохилхои дарёи Хинд ва  Ганг тамаддуни хинду  ташаккул ёфтааст.

Пайдоиши системаи кастахо дар Хиндустон  яке аз хусусияти  маданияти ќадими хиндуён буд. Хамаи  љахони эмпирики(таљрибавї) новобаста ба ходисахои  табиива таќсимоти  сохти каставї, аз тарафи мардумон хеле нозук дарк карда  мешуд, хамчун як ќуввае, ки ба ѓайр аз мусибат,дигар  чизеро намеорад. Азобу  машаќќати инсон  бо маргаш ба охир намерасад, зеро ки ў ба хаёти  нав сохиб шуд, дар љисми дигари зинда барќарор гардид. Некива бадии гузашта  мукофот ва ё ќасосро  дар инъикоси хаёти  нав ба вуљуд меоварад. Дар хамин аст, мохияти ќонуни Карма, ки хусусияти дигари маданияти ин кишвар аст.

Дунё аз тарафи хирадмандони хинду  хамчун инъикоси беохири  азобу машаќќатхо тасаввур карда мешуд. Ин силсилаи мусибатхо  ва роххои озод шудан  аз онхо дар дини Буддої, ки асосгузори он шохзодаи хинд Гаутома  буд, хеле хуб тасвир гардидааст. Мазмуни  таълимоти Гаутомаро  ба тариќи мушаххас чунин тасвир кардан мумкин аст, ки он аз љор унсури илохииборат  аст.

  1. Хаёт- пур аз азобу мусибат аст.
  2. Сабаби ин мусибатхо  вуљуд дорад
  3. Ин мусибатхоро бартараф кардан мумкин аст.
  4. Рохи халосиаз азобу мусибат мављуд аст. Ин рох пайравинамудан ба таълимоти Буддо,ки он аз 8-зина иборат аст ва дар охир ба дараљаи «нирвана»  сохиб шудан.

Барои фахмиши  маданияти хиндуёни ќадим донистани  дини миллии онхо низ  зарурат дорад. Хиндуия дар заминаи барахмания пайдо гардидааст,ки дар он хусусиятхои гуногуни хаёти динива мадании мардумхои ин кишвар инъикос гардидааст.Худохои хиндуёни ќадим (ба монанди Варуна-Худои Осмон, Агезн-Худои оташ, Сурия-Худои офтоб, Индро- Худои раъду барќ, Шива, Вишну ва ѓайра) дар китоби муќаддаси «Ведо»-таљассум гардидаанд. Ведо –донишхои муќаддасро дар бар гирифта аз 4-ќисм иборат аст ва то замони мо расидааст (Ригведо-гимнхои ведо,Самоведо-ведои охангхо, Яљурведо-ведои ибодат ва ќоидахои ќурбонї, Атхарвоведо-ведои xорию илтихо ).

Махобхарата, Рамояна, Ведо барин намунахои  адабиёти хиндисарчашмахои асосии омўзиши маданияти  хиндустон ба шумор  меравад. Чунин ёдгорихои  таърихї, ба монанди  Хораппа ва Махенљодаро  дар бораи меъморию санъати бои хиндуён  далолат медиханд. Намунаи барљастаи  санъати меъмориТољ-Махал  аст, ки яке аз ќасрхои  зеботарини дунё ба шумор меравад.

Тамаддуни хитоиён  баробари тамаддуни  хиндуён ташаккул меёбад. Дар тўли бисёр хазорсолахо  хитоиён тарзи  анъанавии худро  нигох дошта, дар  муддати хеле кўтохи асри ХХ дар натиљаи  инќилоби маданиаз мамлакати  ќафомондаи аграриба кишвари пешќадами  индустриалитабдил  гардид. Номи русии  «Китай» аз номи халќхои  Осиёи Миёна  гирифта  шудааст ба ин мамлакат бо назардошти халќе, ки баромади муѓулидоштанд, чунин ном доданд.

Дар инкишофи маданияти  хитоиён давлатхои  сулолавиба мисли  Шан, Чжоу, Хан, Ян, Инь, Цин ва ѓайра роли асосибозидаанд. Мардумони  ин кишвар ба мисли  хиндуён бо ёрии асотир кўшиш мекарданд, ки љахону табиатро дарк намоянд. Одамон рўххоро парастиш мекарданд, ки онхо инъикоскунандаи  ќуввахои табиат буданд. Замину осмон дорои  худохои гуногун  буданд: Худои некї, бадї, зебої, љанг, адабиёт  ва ѓайра. Асотирхои  хитоияке аз сарчашмаи  асосии омўзиши маданият мебошанд. Хитоиён  ба чор намуди хайвоноти  асотиридиќќати махсус медиханд (аждахо, паланг, самандар, сангпушт).

Дар тўли бисёр  асрхо ба инкишофи маданияти маънавии ин кишвар се таълимоти  ахлоќию фалсафиё ки 3-дин таъсири  калон расонидааст: конфутсионї, даосизм  ва буддоия.

Дини конфутсионї, ки асосгузори он Конфутсий  буд, аќлу хирадро  нисбат ба хиссиёт  баландтар мегузорад. Дар асри  VI-V пеш аз мелод ин таълимот ба арса меояд, ки дар он ахлоќу одоб, табиати зебои инсонива принсипхои идоракунии давлат ба мадди аввал гузошта мешавад. Яке аз хусусиятхои асосии ин таълимот, кўшиши бо хам пайвастани давлатдорива инсондўстиаст. Ахлоќро асоси расму оин шинохта инсон хислати “ИСЭН”-ро, яъне инсондўстиро мегирад. Конфутсий ќайд мекунад, ки рохбари идеалилозим аст, ки хислати асосии ў инсондўстибошад. Он касе, ки дорои 5-хислат (боэхтиром, хушмуомила, ростгўй, љасур, некхох) бошад, инсондўст шуда метавонад.

Даосизм-яке аз шохахои дигари маданияти  Хитой аст, ки аз таълимоти  Конфутсий фарќ мекунад. Асосгузори ин таълимот Лао-Цзы мебошад, ки асри Х1 то мелод  онро ба вуљуд овардааст. Ў мегўяд, ки инсон  сарчашмаи адабиёти худро бо воситаи  хамрох щудан бо рохи беохири хаёти  табиат, ба даст оварда метавонад. Аз ин xо номи даосизм-маънои рохи худохоро дорад. Агар таълимоти Конфутсий ба таќдири љамъият ва давлат равона карда шуда бошад, даосизм-ба таќдири инсон ва хаёти ў равона шудааст. Ин таълимот дар китоби “Дао-де йзин” (китоби роххо ва некхохї) xамъ оварда шудааст, ки дар он фалсафаи хеле васеъ мушохида мешавад.

 

Саволхо барои такрор ва мустахкамкунї

   

  1. Миср дар кадом ќитъаи дунё воќеъ гардидааст?

А) дар Африка

Б) дар Америка

В) дар Осиё

  1. Даврахои асосии инкишофи маданияти Мисрро нишон дихед?

А) давраи то сулолавї, сулолавива шохигарии  нав

Б) давраи ќадима ва замони нав

В) давраи ибтидої, асри миёнагї

  1. Пирамидахои Миср дар замони хукмронии кадом фиръавн сохта шудаанд?

А) дар давраи сулолаи чорум, ки асосгузори он Дисосер  буд

Б) дар замони хукмронии Тутанхамон

В) дар давраи Аминхотепи-IV

  1. Дар зери мафхуми Байнаннахрайн кадом минтаќаи географидар назар дошта мешавад?

А) минтаќаи байни  дарёи Даљла ва Фурот

Б) мамлакатхои  байни Амударё  ва Сирдарё

В) сохили дарёи  Нил ва шохобхои он

  1. Кадом мўъљизаи љахон дар Байнаннахрайн воќеъ гардида буд?

А) боѓхои муаллаќи Бобулистон

Б) ќасри худои  Мардук

В) ќасри Артемида дар Эфес

  1. Яке аз аввалин ќонунхои хуќуќичином дошт?

А) ќонуни Хамураппи

Б) ќонуни юнонї-римї

В) ќонуни Гилчамеш

  1. Номи хиндустон аз номи кадом дарё гирифта шудааст?

А) аз номи дарёи  Инд

Б) аз номи дарёи  Ганга 

В) аз номи дарёи  Нил

  1. Сарчашмахои асосии омўзиши маданияти ќадими хиндустонро номбар кунед?

А) Махобхарата, Рамаяна, Ведо, Ригведо

Б) Трипитака, Кама-Сутра   

В) Илиада ва Одиссея

  1. Кадом динхои миллидар Хитой пайдо гардидааст?

А) Конфутсианї, даосизм

Б) Индуизм ва сикхизм

В) брахманизм ва буддизм

 

АДАБИЁТ

  1. Всемирная история. т-1, М., 1955, с. 156-169.
  2. Дмитриева Ж.А., Виноградова Н.А. Искусство древнего мира. М., с. 65-76.
  3. Древние  цивилизации. Сборник статей. М., 1989, с. 16-26.
  4. Культурология. Учебное пособие. М., 1989.
  5. Жаров С.Н. Три века Китайской культуры. Конфуцианство, Даосизм, Буддизм, Воронеж, 1995, с. 10-66.

Информация о работе Маќсад ва вазифаи фанни фархангшиносї