Автор работы: Пользователь скрыл имя, 31 Октября 2012 в 17:29, контрольная работа
Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.
Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.
АДАБИЁТҲО
1.Афанасьев Л.Л. и др.
Пассажирские автомобильные перевозки
Москва Транспорт – 1986, 224 стр.
2. Володин Н.Н., Громов Н.П.
Организация и планирование перевозок пассажиров автомобильным транспортом
Москва Транспорт – 1982, 224 стр.
3. Герами В.Д., Дукаревич Г.В.
Организация и управление
легковыми пассажирскими
Учебное пособие, МАДИ, Москва 1988, 90 стр.
4. Мун Э.Е., Рубец А.Д.
Организация перевозок пассажиров маршрутными такси
Москва Транспорт – 1986, 136 стр.
5. Мун В.С.
Пассажирские автомобильные перевозки
Ташкент, «Укитувчи» - 1990, 207 стр.
6. Яцукович В.И., Дукаревич Г.В., Рошин А.И.
Организация перевозок пассажиров автобусами
Учебное пособие, МАДИ, Москва 1988, 90 стр.
7. О.К. Сангинов
Проблема формирования и развития рынка транспортных услуг горных регионов
Душанбе, Ирфон – 2002
8. О.К.Сангинов
Пассажирский автомобильный
транспорт и социально –
Душанбе, Ирфон – 2002
КУРСИ4
МУҚАДДИМА
Баландравии дараҷаи мадании аҳолӣ, вақти истироҳату иҷозатӣ, инкишофи туризм ва ғайра бевосита ба зиёдшавии ҳаракатнокии аҳолӣ вобаста аст. Қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ нисбати чунин ҳаракатнокӣ ба инкишофи нақлиёти автомобилӣ вобаста аст.
Қобили қайд аст, ки инкишофи нақлиёти мусофирбар, нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодии кории он ба талаботи имрӯза ҷавоб намедиҳад. Ин бошад яке аз омилҳои дараҷаи пасти сифати мусофирбарӣ ва самаранок истифода бурдани нақлиёти мусофирбар мебошад.
Дар навбати худ инкишофи нақлиёти мусофирбар ба болоравии саноат ва хоҷагии қишлоқ таъсири зиёде расонида метавонад. Ҳосилнокии меҳнат, дараҷаи истироҳат, самаранок истифода бурдани вақти холӣ, инкишофи алоқаҳои дохилию берунӣ ва дигар тарафҳои сотсиалии ҳаёти ҷамъиятӣ низ ба инкишофи нақлиёти мусофирбар вобаста аст.
Нақлиёти мусофирбар мусофиронро то объектҳои маданӣ - маишӣ расонида ба болоравии дараҷаи мадании аҳолӣ таъсир мерасонад. Он алоқаи ҳаматарафаи байни қишлоқ ва шаҳрро таъмин менамояд. Ниҳоят инкишофи нақлиёти мусофирбар шарти муҳими инкишофи ҷамъият мебошад.
Фанни “Технологияи ташкил ва идораи мусофирбарӣ” (ТТИМ) омӯзиши проблемаҳои зеринро дар бар мегирад:
Мақсади асосии фанни “Технологияи ташкил ва идораи мусофирбарӣ” аз омӯзиши асосҳои назариявӣ, амалӣ ва методии ташкил ва идораи мусофирбарӣ иборат мебошад.
Вазифаи асосии он аз тайёр намудани мутахассисе, ки метавонад мустақилона ва фаъолона ҳамаи он навовариҳои илму техника ва дигар тарафҳои ҳаёти ҷамъиятро аз худ намояд, мебошад.
Фанни “Технологияи ташкил ва идораи мусофирбарӣ” бо фанҳои “Иқтисоди нақлиёти автомобилӣ”, “Омори нақлиёти автомобилӣ”, “Ташкили банақшагирӣ ва идораи истеҳсолот (ОП иУП)” алоқаи зич дорад.
МАВЗӮИ 1
СЕЛАИ МУСОФИРОН ВА ТАРЗҲОИ ОМӮЗИШИ ОН
Саволҳо:
1. Ҳаҷми мусофирбарӣ - ин шумораи мусофироне, ки дар воҳиди муайяни вақт бурда шудаанд ва ё бояд бурда шаванд.
Ҳаҷми мусофирбарӣ ба селаи мусофирон вобастагӣ дорад.
Гардиши мусофирон – нишондиҳандаи кори нақлиётӣ буда, бо мусофир – километр, ки натанҳо ҳаҷми мусофирбарӣ, балки масофаи мусофирбариро низ инъикос менамояд. Гардиши мусофирон ҳамчун ҳосили зарби ҳаҷми мусофирбарӣ ба масофаи миёнаи бузургии як мусофир муайян карда мешавад.
Р=Q*lср
Селаи мусофирон – ин ҷойивазнамоии мусофирон бо самти муайян. Селаи мусофирон метавонад доимӣ ё тағйирёбанда, яктарафа ё дутарафа, мунтазам ё номунтазам, такроран пайдошаванда ё қатъёбанда бошад.
Мубодилаи мусофирон – бо шумораи мусофирони дар як воҳиди вақт (соат, ҳафта, шабонарӯз) бо истифодаи воситаи нақлиёт омада ва ё рафта муайян карда мешавад.
2. Ташкили дурусти мусофирбарӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии нақлиёти мусофирбар, бе омӯзиш ё таҳқиқи ҳаҷм ва лаппишҳои селаи мусофирон аз имкон берун аст.
Мувофиқи мақсади
гузошташуда таҳқиқи селаи
Таҳқиқотҳои муайяннамоии талабот нисбати нақлиёт, маълумотро оиди қонуниятҳои ташаккулёбии талабот нисбати мусофирбарӣ, таҳқиқотҳои хизматрасонии нақлиётӣ бошанд, маълумотҳоро нисбати дараҷаи қонеънамоии талабот дар системаи вуҷуддоштаи нақлиётӣ истифода менамояд.
Таҳқиқотҳо метавонанд пурра - нисбати ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар ё танҳо дар намуди алоҳидаи он (автобус, троллейбус, трамвай) ва интихобӣ - дар хатҳои ҳаракати алоҳида ё гуруҳи хатҳои ҳаракат гузаронида мешаванд.
Таҳқиқотҳои пурраи селаи мусофирон, нисбати тамоми хатҳои ҳаракат, бояд на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида шавад. Таҳқиқотҳои интихобӣ бошанд, дар ҳолатҳои зарурӣ - пурра истифода набурдани воситаҳои нақлиёт дар хатҳои алоҳида ва пуршавии аз меъёр зиёд дар хатҳои дигар гузаронида мешавад.
3. Тарзҳои нисбатан
маъмули маълумот оиди селаи
мусофирон, яъне тарзҳои
3.1 Тарзи оморӣ - бо маълумотҳои чиптавӣ - ҳисобие, ки аз ҷониби ронандагон (кондукторони) автобус бурда мешаванд, асос ёфтааст. Дар ҷараёни мусофирбарӣ ронандагон (кондукторон) рақами чиптаҳои асосии якмаротибагиро, ки ба мусофирон фурухтаанд ба қайд мегиранд. Бақайдгирӣ дар варақаҳои махсус, дар ҳар як сафар (рейс) амалӣ мегардад. Шумораи чиптаҳои фурухташуда, инъикоси шумораи мусофирони бурдашуда дар тамоми хати сафар ё дар қисмҳои алоҳидаи он, инчунин дар сафарҳои алоҳида мебошад. Ин тарз имконият намедиҳад ки тасаввуроти пурра оиди селаи мусофирон пайдо намоем, чунки манбаъҳои маълумотии он маҳдуданд.
3.2 Тарзи саволномавӣ . Хусусияти ин тарзи дарёфти маълумот оиди селаи мусофирон аз он иборат аст, ки он имконият медиҳад талабот нисбати мусофирбарӣ ба самтҳои гуногун, новобаста аз сохтори шабакаи хати ҳаракати нақлиёти мусофирбар, муайян намуда шавад. Ин тарз бо пур намудани саволномаи махсус оиди сафарҳо аз тарафи аҳолӣ, мусофирон инчунин ҳисобчиҳои алоҳида асос ёфтааст.
Таҳқиқотро одатан ба воситаи бо почта фиристодани саволнома ё бевосита пурсида пур намудани онҳо дар истиқоматгоҳҳо, ҷои кор ё таҳсил, дар ҳолати сафар, дар истгоҳи нишастан аз як намуди нақлиёт ба дигараш, инчунин дар истгоҳи охирин амалӣ мегардад. Ин тарз хеле меҳнатталаб бошад ҳам, ба воситаи он хоҳиши пурраи мусофиронро оиди ташкили дурусти кори нақлиёт дар ояндаи наздик, пайдо намудан мумкин аст.
Ташкили таҳқиқот бо тарзи саволномавӣ аз корҳои тайёрӣ ибтидо мегирад. Пеш аз ҳама бояд нуқтаҳои асосии мусофирҷамъшавӣ, ки дар онҳо таҳқиқот гузаронида мешавад, ба харита қайд намуда шавад. Сохти саволнома, инчунин интихоби тарзи коркарди натиҷаи таҳқиқ муайян карда шавад. Тарзи саволномавӣ самараи зиёде дар ҳолати гузаронидани он дар ҷои кор медиҳад. Ҷараёни гузаронидани ин тарзи таҳқиқот чандон мураккаб набуда, кор карда баромадани саволномаҳо, пур намудани онҳо ва пайдо намудани маълумоти зарурӣ аз онҳо мураккабии худро дорост.
3.3 Тарзи чекӣ. Моҳияти ин тарз аз он иборат аст, ки ба мусофирон дар ҳолати ворид гардидан ба дохили автобус чекҳои махсус дода шуда, ҳангоми фуромаданашон гирифта мешаванд. Ин тарз имконият медиҳад, ки маълумот оиди ҳаҷми селаи мусофирон, лаппишҳои он дар хатҳои сафари алоҳида, инчунин маълумот оиди мубодилаи мусофирон дар истгоҳҳо, дарозии миёнаи сафари мусофирон, истифодабарии ғунҷоиши автобусҳо, ҳаҷми мусофирбарӣ ва гардиши мусофирон муайян намуда шавад. Барои гузаронидани омӯзиш бо ин тарз бояд корро аз интихоби шакли ташкили таҳқиқот, интихоб ва дастурамалдиҳии ҳисобчиҳо сар намуд.
Якчанд шаклҳои тарзи чекии таҳқиқот мавҷуд аст, ки бо намуди чекҳо ва шакли коркардабароии онҳо фарқ менамоянд.
3.4 Тарзи ҳисобӣ - табиӣ (ҷадвалӣ). Дарёфти маълумот оиди селаи мусофирон бо тарзи ҳисобӣ - табиӣ аз ҷониби ҳисобчиён, ки дар дохили автобус назди ҳар даромадгоҳ (баромадгоҳ) меистанд, гузаронида мешавад. Ба ҳар ҳисобчӣ мувофиқи шумораи сафарҳои (рейсҳои) автобус шумораи муайяни ҳуҷҷатҳои ҳисобӣ супорида мешавад
Ҳар ҳисобчӣ шумораи мусофирони дохили автобус шуда ва ё аз он баромадаро дар ҳар истгоҳ интихоб намуда, ба ҳуҷҷатҳои ҳисобӣ қайд менамояд. Ба ғайр аз ин ҳисобчиҳо шумораи мусофироне, ки дар истгоҳ мондаанд – ба автобус савор шуда натавонистаанд, инчунин талабҳои мусофиронро оиди беҳтарнамоии кори нақлиёти мусофирбар низ ба худ қайд менамоянд.
Ташкили гузаронидани таҳқиқи селаи мусофирон бо тарзи ҳисобӣ - табиӣ асосан аз 4 давр иборат аст:
Ин тарзро дар ҳолатҳои омӯзиши пурра, интихобӣ, бефосила ва якмаротибагӣ истифода бурдан мумкин аст.
3.5 Тарзи назарӣ (визуалӣ). Бо ин тарзи ҳисоб маълумотро оиди пуршавии автобус бо мусофирон, бо роҳи баҳодиҳии назарӣ (визуалӣ) аз ҷониби ҳисобчиҳое, ки дар истгоҳҳои асосӣ меистанд, муайян менамоянд.
Тарзи баҳодиҳӣ нисбати пуршавии автобус системаи шартии баллӣ (системаи панҷбалла, ҳаштбалла) муайян карда мешавад. Ҳисобчиҳо бо назардошти системаи қабулшудаи баллӣ дар варақаҳои махсуси таҳқиқотӣ, бо ададҳои муайян пуршавии автобусҳое, ки аз истгоҳҳо гузаштаанд, қайд менамояд.
Мисол:
3.6 Тарзи
автоматикии омӯзиши селаи
Ба тарзҳои ғайриваслии автоматикӣ тарзҳое дохил мешаванд, ки ба истифодабарии асбобҳои фотоэлектрикӣ асос ёфтаанд. Дар ҳолати вориди автобус шудан ва ё аз он баромадани мусофир селаи нурҳои равшание, ки ба “фотодатчик” меафтанд, мебурад. Импулси электрикӣ аз “фотодатчик” ба асбоби қайдкунандаи махсуси даромад ва баромади мусофирон меафтад. Ин тарз танҳо дар ҳолати алоҳида – алоҳида ба автобус даромадан (баромадани) мусофирон дақиқии заруриро таъмин менамояд.
Ба тарзи васлии автоматикӣ методҳое дохил мешаванд, ки баҳисобгирии мусофиронро дар асоси таъсири онҳо ба зинаҳои васлӣ, ки ба дешифратор пайванданд, амалӣ мегардонанд. Дешифраторҳо бошанд, вобаста ба пайдарпайии таъсир ба зинаҳо, шумораи ба автобус дохилшавӣ (баромадро) муайян намуда маълумотро ба ҳисобчиҳои махсус мефиристанд ё дар лентаи магнитӣ қайд менамоянд.
4. Натиҷаи таҳқиқи селаи мусофирон бо компостерҳо кор карда баромада мешавад.
Кор карда баромадани натиҷаи
таҳқиқи селаи мусофирон
Селаи мусофиронро ба намуди “эпюра” нишон додан мумкин аст. Эпюраи мубодилаи мусофирон дар истгоҳҳоро чунин инъикос намудан мумкин аст:
Эпюраи селаи мусофирон дар дар қисми хати сафар
Эпюраи селаи мусофирон дар давоми шабонарӯз
МАВЗӮИ 2
ТАЪМИНИ ТЕХНИКИИ МУСОФИРБАРӢ
Саволҳо:
1. Воситаи нақлиёти
автмобилии мусофирбарро
Автомобили сабукрав, ки бо дарназардошти ронанда 9 ва ё зиёда одам ғунҷоиш дорад автобус ҳисобида мешавад.
Аз нуқтаи назари муҳаррикҳо (двигатель) автомобилҳо ба гуруҳҳои зерин тақсим мегшаванд: